Саидмуродзода Шоиста 10 феврали соли 1975 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1992 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намудааст. Соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ, иқтисодиёт ва идораи нақлиёт бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти кориро аз соли 1997 ба ҳайси Ассистенти кафедраи “Ташкили интиқол ва идораи нақлиёт”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М.С Осимӣ оғоз намуда, аз соли 1999 то 2002 сардори шуъбаи банақшагирии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ифои вазифа намудааст. Солҳои 2002-2008 сардори Раёсати иқтисодӣ ва иттилоотии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва солҳои 2008-2016 аввал ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи “Иқтисодӣ ва идоракунӣ дар нақлиёт” ва баъд дотсенти кафедраи “Менеҷменти иқтисодӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М. Осимӣ фаъолият намудааст . Аз соли 2016 то 10 – уми августи соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Номзади илмҳои иқтисодӣ. Оиладор соҳиби се фарзанд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 –уми августи соли 2019 №405 Саидмуродзода Шоиста муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.