Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

озмун эълон менамояд:

  1. Сардори Раёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 5559,65 сомонӣ,
  2. Сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодии Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ   – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2780 сомонӣ,
  3. Сармутахассиси шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2780 сомонӣ,
  4. Сармутахассиси шуъбаи сохтмони роҳҳои автомобилгарди Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо  – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2780 сомонӣ,
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи роҳи оҳани Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ,
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ,
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодии Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,60 сомонӣ,
  8. Мутахассиси пешбари бахши аудити дохилӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,60 сомонӣ,
  9. Мутахассиси пешбари Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ  1– ҷой, маоши мансабӣ – 2265,60 сомонӣ,
  10. Мутахассиси шуъбаи ҳамлу нақли автомобилии Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ,
  11. Мутахассиси шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ,
  12. Мутахассиси шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷии Раёсати робитаҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ,
  13. Мутахассиси Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.

Талаботҳои тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои зерин:

Барои сардори раёсат - 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,

- барои сармутахассис - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ,

- барои мутахассиси пешбар - 1 собиқаи умумии меҳнатӣ,

- барои мутахассис бе доштани собиқаи меҳнатӣ.

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад,

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа;

- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг, ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир ва забонҳои хориҷӣ.

       Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотномаи тиббии шакли 038 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).

- нусхаи СИН

 

   Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо - шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -14

Телефон барои тамос: 222-22-29, 222-22-03, почтаи электронӣ: info@mintrans.tj,

ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.