АЗИМ ИБРОҲИМ

Вазири нақлиёт | Рӯзҳои қабул

Азим Иброҳим соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошканд, ба номи Абӯрайҳони Беруниро бо дипломи «аъло» хатм намуда, аз соли 1984 то 1992  ба ҳайси  унвонҷӯй ва ассистенти Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд фаъолият намуда, соли 1992 дар Донишкадаи куҳкории Маскав (ҳоло Донишгоҳи кӯҳкории Маскав) рисолаи номзадӣ дифоъ ва соҳиби  унвони номзади илмҳои техникӣ гардидааст.

Солҳои 1992-1994 - муаллими калон, сипас декани факултети Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, баъдан солҳои 1994-95 - муовини якуми раиси Кумитаи Госгортехнадзор дар назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои  1995-2002 ба ҳайси муовини якуми раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва ашёи сангҳои гаронбаҳо, муовини якуми раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2002-2004 бошад, дар вазифаҳои муовини вазири саноат - сардори Раёсати саноати куҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2004 - 2005 - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва сипас то 2013 - сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

 Аз 23.11.2013 дар вазифаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, 31 август 2020 - вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Декани Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисӣ ва байналмилалии Тоҷикистон ва академики Академияи байналмилалии ашёи минералии Федератсияи Россия мебошад.

Аз соли 1993 узви Шӯрои экспертии машваратӣ оид ба коркард ва азхудкунии маъданҳои фоиданоки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1995 узви Комиссияи давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳамчун ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2000-2001 шинохта шуда, соҳиби Дипломи дараҷаи 2 ва туҳфаи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WIPO) гардид;

Узви «Ассотсиатсияи байналмилалии генетикҳои конҳои маъдан» (IGODA); узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Иттифоқи байналмилалии журналистон ва Русия мебошад. Узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Горный журнал» - и Русия.

Барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти ҷомеа бо ордени «Шараф» дараҷаи 2, нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», унвони фахрии «Корманди шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.