КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ »
КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.05.2011с №250 «Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар сохтори таркибии вазорат ва дар заминаи Корхонаҳои воҳиди давлатии «Экспедитсияҳои нақлиёти автомобилии минтақаҳо» бо мақсади муҳаё сохтани шароит, барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва иқтисодиёт ба хизматрасониҳои нақлиётӣ ва рушди минбаъдаи он, таҳлили дурусти оморӣ оид ба ҳамлу нақли бору мусофирон дар қаламрави ҷумҳурӣ ва мусоидат ба фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тавассути роҳхатҳои ягона таъсис ёфт, ки дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ филиалҳои он амал мекунанд. Аз ҷумла:
КВД «НАХЛ» (ш.Душанбе ва НТҶ);
КВД «НАХЛ» м. Рашт;
КДФ «НАХЛ» (ВМКБ);
КДФ «НАХЛ» Қурғонтеппа;
КДФ «НАХЛ» Кулоб;
КДФ «НАХЛ» Суғд
Url: www.logistic.tj