Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ
Нақлиёти рӯизаминӣ қисми таркибии маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои қонеъгардонии талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ дар самти ҳамлу нақл ва хизматрасониҳои ба он алоқаманд, таъин шудааст.
Дар баробари ин, ба доираи вазифаҳои нақлиёти автомобилӣ, хизматрасониҳо ба дигар соҳаҳои маҷмааи нақлиётӣ (нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва нақлиёти обӣ) ва таъминоти зайл дохил мегардад:
Шумораи умумии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба ҳолати 1 июли соли 2017, 436444 ададро ташкил менамояд. Миқдори воситаҳои нақлиёти автомобилии дар бозори хизматрасонӣ истифодашаванда 37211 адад буда, аз ин миқдор 14352 адад боркаш, 9743 адад мусофирбар ва 13116 ададро нақлиёти сабукрави таксӣ ташкил медиҳад.
Айни замон бо мақсади хизматрасониҳои нақлиётӣ дар самти ҳамлу нақли бору мусофирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 225 адад корхонаи нақлиёти автомобилӣ (128 боркашонӣ ва 97 адад мусофирбарӣ) фаъолият менамояд.
Аз ҷумла, дар вилояти Суғд - 85 адад, вилояти Хатлон - 47 адад (аз ҷумла Кӯлоб 17 адад ва Қурғонтеппа 30 адад), ВМКБ - 3 адад, ш. Душанбе-117 (аз ҷумла 21 адад мусофирбар, 81 боркашонӣ ва 7 адад омехта) адад.
Дар ҷумҳурӣ айни замон 14 адад терминалҳои боркашонӣ ва 50 адад терминали мусофирбарӣ арзи фаъолият доранд. Дар 845 адад хатсайрҳои мусофирбарӣ 9743 адад воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар ба аҳоли хизмат мерасонад.
Дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ 50 адад ширкатҳои нақлиётии ватанӣ фаъолият менамоянд, ки дар маҷмӯъ зиёда 2000 адад воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши гуногунтамғаро дар мувозина доранд. Аз ҷумла:
ҶДММ «Дегертаҷ», ҶДММ «»Нақлиёт», ҶДММ «Анвари К», ҶДММ «Ҳулбукнақлиёт» ҶДММ «Сомон-80», ҶДММ «Саманд», ҶДММ «Ориён авто», ҶДММ «Варзобнақлиёт», ҶДММ «Ҷоми нақлиёт», ҶДММ «Шариф нақлиёт», ҶДММ «Муҳаммад-нақлиёт», ҶДММ «Сомон Сайр» дар тавозунаш 25, ҶДММ «Файзи Моҳ», ҶДММ «Туртранскарго» ЗОО «Содиқ-Тоҷ», ҶДММ «Фируз маркетинг», ҶДММ «Голд тур транс», ҶДММ «Нуриумед», ҶДММ «Суруровар» ва ғ.
Инчунин дар қаламравӣ ҷумҳурӣ 10 гузаргоҳи наздисарҳади бо мақсади рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ бунёд гардидааст.
Аз ҷула, дар НТҶ:
Дар ВМКБ:
Дар вилояти Хатлон:
Дар вилояти Суғд: