Ҷадвали масофавӣ байни марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҶТ

«Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ»

 

 

Категорияи лоиҳа: 158298

 

Категорияи арзёбии экологии лоиҳа (АЭ): «Б» — арзёбии қисман

 

1. Ҳадафҳои рушди лоиҳа (ҲРЛ)

Ҳадафи умумӣ: Ҳадафи асосии ин лоиҳа мусоидат ба баланд бардоштани устувории иқлимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон ва Мурғоби ВМКБ пас аз барқарорсозии купрукҳо мебошад.

 

2. Фармоишгар - Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

3. Мушовир оид ба назорати сохтмон:

Dongsung Engineering Co., Ltd  (Республикаи Корея),

Зер-мушовир: Ширкати «Вали»

 

4. Пудратчӣ:

China Road and Bridge Corporation (Хитой)

5. Шумораи кормандони Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (машваратчиёни инфиродӣ):

Ном

Вазифа

Телефон

Почтаи электронӣ

1

Сироҷзода Ш.Х

Муовини вазири нақлиёт, Директори ГТЛ

2 21 21 33

scinhp.d@gmail.com

2

Нурулло Суҳроб

Сардори Раёсати кор бо сармоягузории хориҷӣ, Муовини директори ГТЛ

918 61 53 32

2 22 2221

odinaev_suhrob@mail.ru

1

Одинаев Рузибой

 

машваратчии инфиродӣ-муҳандиси лоиҳа

935 19 22 21

scinhpbridgeng@gmail.com

2

Раҳимова Моҳира

машваратчии  инфиродӣ оид ба идоракунии молия

988 55 77 22

nodik_02@mail.ru

 

Низомидинов Бахтиер

машваратчии  инфиродӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ

93 506 03 00

pigprojectmonev@gmail.com

3

Носиров Рахим

машваратчӣ оид ба бехатарии муҳити зист

93 191 1551

rahimbek1956@mail.ru

4

Сафаров Дилшод

машваратчии инфиродӣ оид масъалаҳои иҷтимоӣ

989 11 55 60

scinhpsocial@gmail.com

5

Таманохони Мирсаидзода

машваратчии  инфиродӣ-тарҷумон

938 01 16 16

scinhptransl@gmail.com

 

6. Компонентҳои лоиҳа:

1. Тақвият додани иқтидорҳои идоракунии хавфи офатҳои табиӣ.

Зеркомпонент 1.1. Модернизатсияи марказҳо ва системаҳои идоракунии бӯҳронҳо барои беҳтар кардани омодагӣ ба офатҳои табиӣ

Зеркомпоненти 1.2. Арзёбии хатари сейсмикӣ барои беҳтар намудани муайянсозии хатари офатҳо.

Зеркомпонент 1.3. Омодасозии стратегияи ҳифзи молиявӣ барои коҳиш додани таконҳои молиявӣ, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд.

2. Таъмини устувории инфрасохтори муҳим зидди хатарҳои табиӣ.

Зеркомпоненти 2.1. Мустаҳкам кардани пулҳо.

Зеркомпоненти 2.2. Тақвият бахшидани инфрасохтори муҳофизати обхезӣ ва соҳили дарё.

3. Компоненти шартӣ барои эътино додан ҳолати фавқулодда

4. Идоракунии лоиҳа

 

7. Лоиҳа ба 2 (ду) лот тақсим карда шудааст:

Лоти №1. Сохтмони 9 адад пул дар ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшони ВМКБ

Санаи оғози кор - 09 декабри соли 2019

Санаи анҷоми кор - 08 июни соли 2021 (то 14.12.2021 тамдид карда шуд)

 

Лоти №2. LOT 2 Сохтмони 8 адад пул дар ноҳияҳои Дарваз, Рушон ва Мурғоби ВМКБ

Санаи оғози кор - 06 Апрели соли 2020

Санаи анҷоми кор -  05 Октябри соли 2021 (то 31.10.2022 тамдид карда шуд)

 

Пешравии сусти корҳои сохтмонӣ бо забабҳои бастани сарҳадҳои давлатӣ, таъхир дар сафарбаркунии ҳайати асосӣ, мошину таҷҳизоти сохтмонӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси пандемияи COVID-19 мебошад.

6. Ноҳияи Дарвоз:

- барқарорсозии купрукҳо дар ноҳияи Дарвоз:

 2- (ду) воҳиди пулҳо бо дарозии умумии 47,6 метр.

- ободонии роҳи автомобилгард:

           

Ноҳияи Ванҷ:

- барқарорсозии купрукҳо дар ноҳияи Ванҷ:

 8 (ҳашт) воҳиди пулҳо бо дарозии умумии 238.21 метр.

- ободонии роҳи автомобилгард:

 

Ноҳияи Рушон:

 - барқарорсозии купрукҳо дар ноҳияи Рушон:

  4 (чор) воҳиди пулҳо бо дарозии умумии 205.7 метр.

- ободонии роҳи автомобилгард:

    

Ноҳияи Мурғоб:

 - барқарорсозии купрукҳо дар ноҳияи Мурғоб:

 4 (чор) воҳиди пулҳо бо дарозии умумии 103.6 метр.

- ободонии роҳи автомобилгард:

 

 

 

 

Зӯроварии ҷинсӣ (ЗҶ) – яке аз мушкилиҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳар се як зан дар ҳаёти худ бо он рӯбарӯ мешавад. Зӯроварӣ ҷинчӣ ҳаёт ва некӯаҳволии наҷотёфтагонро хароб намуда хароҷоти бузурги иҷтимоию иқтисодӣ меорад, ки ба рушд халал мерасонад ва камбизоатиро амиқтар мекунад. Бонк дар мубориза бар зидди зӯроварии ҷинсӣ бо тамоми зуҳуроташ фаъолона ширкат варзида, онро дар доираи лоиҳаҳое, ки бо дастгирии молиявии Бонк амалӣ мешаванд, комилан ғайри қобили қабул мешуморад.  

Бонки Ҷаҳонӣ аввалин бонки бисёрҷонибаи рушд гардид, ки пудратчиёнро барои риоя накардани талаботҳои ЗҶ аз ҳаққи ширкат маҳрум мекунад. Чунин пудратчиён дар давоми ду сол наметавонанд дар ягон кишвари ҷаҳон шартномаҳои аз ҷониби бонк маблағгузорӣшударо ба даст оранд. Пас аз ин мӯҳлат, пудратчиён бояд пеш аз гирифтани шартномаи нави аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузоришаванда исбот кунанд, ки онҳо қодир ба талаботи Бонк оид ба пешгирии ЗҶ-ро риоя кунанд.

 

Гендер, фарогирии иҷтимоӣ.

Арзёбии иҷтимоии Лоиҳа нишон дод, ки сатҳи иштироки занон дар қувваи корӣ нисбатан паст аст. Занони минтақаи пурсидашуда ба як қатор чорабиниҳои фоидаовар ҷалб карда шудаанд: асосан кишоварзӣ, савдо ва дӯзандагӣ бо имкониятҳои маҳдуди музд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон индустрияи сохтмон ва идоракунии инфрасохтори нақлиёт асосан мардон бартарӣ доранд ва занон бо имкониятҳои нобаробар рӯ ба рӯ мешаванд. Лоиҳа диққати махсусро ба он равона мекунад, ки занон аз дахолати Лоиҳа баҳра бардоранд, робитаи мақсадноки ҷомеа барои таъмини иштироки занон дар чорабиниҳои марбут ба Лоиҳа гузаронида шавад. Масалан, дар марҳилаи тарҳрезӣ занон ҳамчун иштирокчиёни калидии машваратҳо дохил карда шуданд (масалан, муҳокимаҳои гурӯҳҳои фокусӣ дар Арзёбии Иҷтимоӣ ва машваратҳои иҷтимоӣ) ва бо занон мубоҳисаҳои ҷудогона гузаронида шуданд, то онҳо тавонанд нуқтаи назар ва ниёзҳои худро озодона баён кунанд.

 

Тренингҳо оид ба масъалаҳои зӯроварии ҷинсӣ

 

Моҳҳои июн-июли соли 2021 мутахассис оид ба масъалаҳои гендерӣ, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ҷалб карда шудааст, дар ҳамкории зич бо мушовирони ГТЛ-и Вазорати нақлиёт дар байни аҳолии маҳаллӣ, ки дар минтақаҳои сохтмони пул зиндагӣ мекунанд, оид ба зӯроварии гендерӣ тренингҳо гузарониданд.

Ҳадафҳои тренинг бо ташаббуси Бонки Ҷаҳонӣ оид ба хотима додан ба зӯроварии гендерӣ ва равиши Бонки Ҷаҳонӣ оид ба мубориза бо ЗҶ, аз ҷумла Истисмори Ҷинсӣ ва Зӯроварӣ, Озори Ҷинсӣ (ИҶЗ/ОҶ) ва талаботи он оид ба ин масъалаҳо барои лоиҳаҳое, ки Бонк маблағгузорӣ мекунад, мувофиқат мекунанд.

Ҳадафи асосии тренинг баланд бардоштани сатҳи дониш ва огаҳии иштирокчиён оид ба муносибати Бонки Ҷаҳонӣ ба ЗҶ.

  • Тренингҳо аз 30 июн то 6 июли соли 2021 гузаронида шуда, дар маҷмӯъ 107 нафар дар тренинг бомуваффақият иштирок намуданд
  • Барои ҷамоатҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳҳои Ванҷ - Язғулом, Ванҷи Боло ва Чихох - Равгада, Рӯшон - Бартанг, Басид, ки дар наздикии қитъаҳои сохтмони пул дар ВМКБ зиндагӣ мекунанд, тренингҳо оид ба ЗҶ, ИҶЗ/ОҶ ташкил карда шуданд.

 

 

 

Муҳити зист (аз ҷумла чораҳои муҳофизатӣ)

Бо сабаби таъсири пешбинишаванда ба муҳити зист ва муҳити иҷтимоӣ, ба Лоиҳа тадбирҳои муҳофизати категорияи «В» таъин карда шуданд. Сиёсати фаъолонаи ҳифз - Сиёсати амалиётӣ 4.01 (Арзёбии муҳити зист), Сиёсати амалиётӣ 4.12 (Муҳоҷири маҷбурӣ) ва Сиёсати амалиётӣ 7.50 (Лоиҳаҳои байналмилалии об).

 

 

Дастаи Бонки Ҷаҳонӣ:

 

  1. Даниэл Кулл

 

  1. Маринос Скемпас
  2. Гулру Азамова
  3. Джон Брайант Коллер
  4. Фаридун Сангинов
  5. Нисо Базидова
  6. Дилшод Каримова
  7. Навруза Аликулова

 

Мутахассиси калони идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, роҳбари гурӯҳ

Мушовир, муҳандиси пул

Мутахассиси рушди иҷтимоӣ

Мутахассиси калони экология

Мутахассис оид ба амалиет

Таҳлилгари идоракунии молиявӣ

Мутахассиси оид ба харид

Ёрдамчии программавӣ