Ҷадвали масофавӣ байни марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҶТ

Шаҳрҳои асосӣ ва таърихии Тоҷикистон ДУШАНБЕ


Шаҳри Душанбе бо вуҷуди он ки ба назар ғайриоддӣ менамояд, шаҳри қадимӣ ва ҳамзамон нисбатан ҷавон аст. Ин далелро бостоншиносон тасдиқ ва дар амал собит сохтаанд. Душанбе таърихи қадимаи ҳазорсолаи ба умқи асрҳо рафтаро дорад, аммо танҳо дар соли 1929 Душанбе расман пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки инро ҳуҷҷатҳои дар Бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшуда тасдиқ менамоянд. Дар даврони пеш аз инқилоб дар қаламрави шаҳри Душанбе се деҳаи на он қадар калон мавҷуд буд: Сари Осиё, Шоҳмансур ва Душанбе.