Маълумотнома
оид ба роҳҳои автомобилгард
Ба ҳолати 1 январи соли 2021, дар тавозуни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14349 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум мавҷуд аст, ки аз ин 3348,0 км роҳҳои аҳамияти байналмилаӣ, 2127,0 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8874,0 км роҳҳои аҳамияти маҳалидоштаро ташкил медиҳад. Инчунин дар тавозуни вазорат 2253 пул бо дарозии 43 649 м/т ва 19716 қубур бо дарозии 213801 м/т ва 29 долонҳои зиддитармавӣ бо дарозии 4627 м/т низ мавҷуданд.
Ҳамзамон 5 нақбҳои автомобилгард, аз ҷумла, нақби “Истиқлол” бо дарозии 4996 м/т, “Шаҳристон” бо дарозии 5253 м/т, “Хатлон” бо дарозии 4450 м/т, “Озодӣ” бо дарозии 2223 м/т ва “Дӯстӣ” бо дарозии 1047 м/т мавҷуд аст.
№ |
МД “ИХРА”-и вилояту минтақаҳо |
Ҳамагӣ (км) |
байналмилали |
ҷумҳуриявӣ |
маҳаллӣ |
1 |
МД “ИХРА”-и м.Ҳисор |
1909,1 |
282,3 |
390,4 |
1236,5 |
2 |
МД “ИХРА”-и м.Рашт |
936,8 |
294,1 |
174,7 |
468 |
3 |
МД “ИХРА”-и м.Кулоб |
2447,2 |
318 |
429,6 |
1699,6 |
4 |
МД “ИХРА”-и м.Бохтар |
2750,7 |
435,2 |
334,5 |
1981 |
5 |
МД “ИХРА”-и в.Суғд |
3564,4 |
735,7 |
413,8 |
2414,9 |
6 |
МД “ИХРА”-и ВМКБ |
2734,3 |
1276,3 |
383,5 |
1074,5 |
Ҳамагӣ |
14349 |
3348 |
2127 |
8874 |
Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди дар тавозуни вазорат қарордошта 64 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият менамояд, ки ҳамасола дар доираи маблағҳои аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудогардида таъмиру нигоҳдории роҳҳои мазкур анҷом дода мешаванд. Вобаста ба рафти назорати иҷрои корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, ки аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард гузаронида мешавад, 6 муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилояту минтақаҳо аз ҷумла, МД “ИХРА”-и вилояти Суғд, ВМКБ, минтақаҳои Ҳисор, Рашт, Кулоб ва Бохтар фаъолият менамояд.
Дар тавозуни муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои кишвар 1376 адад техника ва таҷҳизотҳои роҳдорӣ мавҷуд аст, ки аз ин 411 адад техникаҳои роҳсозӣ, 394 адад нақлиёти автомобилӣ ва 571 адад таҷҳизотро ташкил медиҳад.
Дар асоси Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон ба муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Б.Ғафуров, Восеъ ва Дӯстӣ 4 заводи асфалтбарорӣ ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ дастрас гардид, ки истеҳсоли асфалти ин заводҳо дар 1 соат аз 36 то 40 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати боз ҳам дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани нақбҳо ва шабакаи равшаннамоии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 Муассисаи давлатии “Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ” таъсис дода шудааст, ки айни ҳол дар ин самт корҳои таъмиру нигоҳдорӣ бо маром идома дорад ва минбаъд дар ин самт корҳои таъмиру нигоҳдорӣ ба дараҷаи зарурӣ таъмин хоҳад шуд.
Муассисаи давлатии “Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаи равшанидиҳӣ” таъмиру нигоҳдории нақбҳои автомобилгарди “Хатлон”, “Озодӣ” ва шабакаҳои равшаннамоии роҳҳои автомобилгарди Восеъ-Ховалинг, Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент, Сайрон-Қарамиқ ва пули Дустии шаҳри Норакро ба ӯҳда дорад.