Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТАМАННИЁТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар

Дата: 06-03-2026 Просмотрено: 5368

Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим занону бонувонро бо ин рӯзи саид табрику таҳният гуфт.

Фишурдаи матни табрикоти Вазир дар зер пешниҳод мегардад.

Ҳамкасбони азиз, бонувони заҳматқарину шарафманди соҳаи роҳу нақлиёт!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии фасли зебои баҳор ва иди муқаддасу пуршукӯҳ — Рӯзи Модар, ки дар кишвари маҳбубамон бо паёми неки Наврӯзи оламрфрӯз алоқамандии зиёд дорад, самимона табрику муборакбод мегӯям.

Дӯстони гиромӣ!

Дар  кишвари мо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз соли 2009 инҷониб  8-уми март, ба рамзи эҳтиром ба бузургии бахшандаи ҳаёт ва  арҷгузорӣ ба мақоми баланди Зан-Модар дар ҷомеаи мо  ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Чунки модар гаронбаҳотарин неъмати рӯи замин аст. Тавре худи Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Модар ягона мавҷудотест, ки ҳаёт мебахшад, бахшандаи меҳру муҳаббат аст ва нахустин тарбиятгару омӯзгори инсон мебошад».

Муносибат ба ин ҷашн реша дар истиқболи бисёр гарму самимонаи суханони Пешвои миллат дорад, ки дар яке аз мулоқотҳояшон дар ҳузури бонувон иброз доштанд: «Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Ҳамчунин,  Пешвои муаззами миллат ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар дастурҳои худ аз иштирокчиён даъват ба амал меоранд, ки модарону хоҳарони худро аёдат кунанд, аз ҳолу аҳволашон хабар гиранд, ба онҳо дасти мадад дароз кунанд. Дар Ислом ҳимоят аз зан – модар  воҷиб дониста шудааст. Пайғомбар (с) дар ҳадиси худ беҳуда нафармудаанд: «Биҳишт  зери қадуми модарон аст».  

 Ҳамкорони арҷманд!

Умуман бонувони  тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун хизмати босазо намудаанд. Аз ин ҷост, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон мақоми зан дар ҷомеа болост ва  барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо ва  заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Бонувони кишвар ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф гардидаанд ва иштироки онҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ба роҳ моннда шудааст.

Дар соҳаи маориф ва тандурустӣ барои солимии миллат ва таълими насли наврас заҳмат мекашанд. Дар сиёсат ва идоракунӣ қарорҳои муҳим қабул намуда, дар рушди давлатдорӣ саҳм мегузоранд. Дар соҳаи соҳибкорӣ ва кишоварзӣ иқтисодиёти оила ва кишварро тақвият мебахшанд.

Нақши бонувон дар соҳаи нақлиёт низ назаррас аст. Дар корҳои идоракунӣ, муҳандисӣ, дар тарҳрезӣ ва назорати сохтмони роҳҳо, фаъолияти фидокорона дар бахши роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таълимии соҳавӣ саҳми бонувон хеле зиёд аст.

Ба туфайли иштироки бонувон дар ҷараёни корҳо, даҳҳо масъала роҳи ҳалли худро ба осонӣ меёбанд, интизому тартиби доимӣ ҳукфармо мешавад, мардон нисбат ба кору фаъолияти худ ҷиддитар рафтор менамоянд.

Дӯстони гиромӣ!

 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»  аз муҳимтарин санадҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии  бонувон дар ҷомеаи кишвар нақши  мущим мебозанд. Ин санадҳо нашонаи дастгирии бесобицаи давлат дар самти ҳавасмандгардонии занҳо ва ҷалби васеи онҳо ба корҳои идоракунӣ мебошад.  

Вазорати нақлиёт ва идораю муассисаҳои тобеи он бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамон дар мавриди баланд бурдани мақоми зан дар ҷомеа,  ба ғамхорӣ фаро гирифтани бонувон ва бо кору шароити муносиб таъмин намудани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Айни замон дар дастгоҳи марказӣ ва  идораю муассисаҳои тобеи вазорат 1571 нафар, аз ҷумла дар мансабҳои роҳбарикунандаи 80 нафар бонувон  садоқатмандона фаъолият карда, дар баробари мардон меҳнатдӯстӣ ва номуси ватандорӣ нишон медиҳанд.

Аз фурсати мунсиб истифода бурда, ба њар кадоми шумо, бонувони иззатманд, изҳори сипос менамоям ва бо итминон изҳор медорам, ки минбаъд низ барои ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба кор ва барояшон фароҳам овардани шароити хуби корӣ  аз тамоми имконот истифода хоҳем кард.  

Ҳамкасбони  гиромӣ!

Имрӯзҳо ҳамаамон шоҳиди он ҳастем, ки бархе аз давлтҳои дунё дар гирдоб ё вартаи ҷангу хунрезӣ қарор дошта, қалби садҳо модарон баҳри  фарзандони аз даст додаашон хун мегиряд. Бонувони қисме аз кишварҳо дар маҳдудияти алим қарор дошта, ҳуқуқи кор кардану озод гаштан надоранд.  Сад шукр, ки мо, мардуми баландиқболи Тоҷикистон, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон дар фазои тинҷу осуда идҳои баҳориро таҷлил мекунем. Модару духтари тоҷик имрӯз озод аст. Дунявияту демократӣ будани сохти давлатдории мо барои бонувон  имкон медиҳад, ки на танҳо сари фармони автомобил нишинанд, балки дар соҳаҳои  гуногун қобилияти худро нишон диҳанд. Мо бояд ба қадри чунин  зиндагӣ бирасем.

Бовар дорам, ки бонувони   мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла, сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Ҳамкорони гиромӣ,  бонувони арҷманд!

Эҳтироми модар на танҳо дар рӯзҳои ид, балки бояд вазифаи ҳаррӯзаи ҳар як фарди худогоҳ бошад. Дуои неки модар калиди тамоми муваффақиятҳои мост. Агар модар аз фарзанд розӣ бошад, баракат дар зиндагӣ ва нур дар хонадон ҳамеша пойдор хоҳад буд.

Дар арафаи ин рӯзи саид ба ҳар яки шумо пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри бобаракат, лаби пурханда ва хонаи обод орзумандам. Бигзор, чеҳраҳои шумо мисли гулҳои баҳорӣ ҳамеша шукуфон бошад ва фарзандону пайвандонатон бо дастовардҳои худ боиси ифтихори шумо ва Тоҷикистони мо гарданд.

Рӯзи Модар ба ҳамаатон  муборак бошад!