Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 02-02-2026 Просмотрено: 3160

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

 

 ДАР ТОҶИКИСТОН

Раёсат дар Шўро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ дар  ИДМ ба Тоҷикистон гузашт. Аз 1 январи соли 2026 раёсат дар Шўро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро    Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда хоҳад дошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Ваколатҳои раёсати Шӯро аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд, мӯҳлати ваколати раисӣ се солро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2025 дар Маскав дар ҷаласаи 47-уми Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раесати Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба зиммаи Тоҷикистон гузошта шуд.

 ***

Дар Тоҷикистон ширкати нави щавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» таъсис дода шуд. Ширкати нави ҳавопаймоии хусусии «Шоҳин Эйрлайнз» дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва қароргоҳ ва дафтари он ҳоло дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷойгир аст, хабар дод Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода дар нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи вай, ширкати ҳавопаймоӣ чанд моҳ пеш ба қайд гирифта шуда буд ва аллакай дар бораи тавсеаи парки ҳавоӣ гуфтушунидҳои фаъол оғоз кардааст. Ширкат чархболҳо дорад, ки ҳоло дар фурудгоҳи Душанбе қарор доранд. Инчунин дар моҳи август ба парки «Шохин Эйрлайнз» ҳавопаймои L-410 ворид мегардад. Оид ба хариди ҳавопаймоҳо бо ширкати Airbus (Франсия) музокирот бурда мешавад.

Дар Тоҷикистон қаблан ду ширкати ҳавопаймоӣ бо парки ҳавопаймоҳои худӣ ба қайд гирифта шудаанд: Somon Air – калонтанрин интиқолдиҳандаи хусусии кишвар аст, ки соли 2008 таъсис ефтааст ва Tajik Air – интиқолдиҳандаи миллии таърихӣ. Моҳи ноябри соли гузашта Somon Air ва Boeing эълон карданд, ки барои таҳвили то 14 адад ҳавопаймои иқтисодии 787 Dreamliner ва 737 MAX созишнома бастаанд. Созишнома дар доираи саммити С5+1 дар Вашингтон ба имзо расидааст.

 ***

Соли 2026 дар Тоҷикистон гузариш ба марҳилаи фаъоли ислоҳот оғоз меёбад: сухан дар бораи рушди логистика, хизматрасониҳои рақамӣ, технологияҳои «сабз» ва дастгирии брендҳои миллӣ меравад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 652 аз 26 ноябри соли 2025 Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шуд.

Барномаи нав барои тағйир додани равиши содирот пешбинӣ шудааст, то кишвар аз молҳо ва хизматрасониҳои тайёр даромади бештар ба даст орад. Ин маънои онро дорад, ки ашёи хом бояст дар дохили кишвар коркард гардида,  либос, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизоти барқӣ в ғайра истеҳсол карда ва ба хориҷа фурӯхта шавад.

Бо ин мақсад, Барнома ислоҳоти фаъолро пешбинӣ мекунад: рушди логистика, хизматрасониҳои рақамӣ, технологияҳои «сабз» ва дастгирии брендҳои миллӣ. Дар натиҷа, содирот метавонад ба 4,5–4,8 миллиард доллар афзоиш ебад ва ҳиссаи маҳсулоти тай`р ба таври назаррас афзоиш ёбад. Иқтисод устувортар мешавад ва вобастагӣ аз воридот коҳиш меёбад.

Барои фоиданоктар кардани содирот ташкили кластерҳои содиротӣ,  иттиҳодияҳои истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, ширкатҳои логистикӣ ва хизматрасониҳо ба нақша гирифта шудааст. Чунин кластерҳо дар саноати бофандагӣ, агротехникӣ, IT ва сайёҳӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақаҳо сохта мешаванд. Инчунин рушди логистика, аз ҷумла сохтмони марказҳои агрологӣ, навсозии нуқтаҳои гузариш ва беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётӣ пешбинӣ шудааст.Ин бояд хароҷот ва мӯҳлати интиқоли молро ба хориҷа кам кунад.

***

Дар Тоҷикистон маълумот дар бораи дороиҳои роҳҳо дар пойгоҳи ягонаи электронӣ ҷамъ оварда мешавад. Ҷамъоварии маълумот дар бораи  дороиҳои роҳ бо мақсади шиносномакунии минбаъдаи  роҳҳои автомобилгард моҳи сентябри соли 2023 тибқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳ» оғоз гардида, бори аввал дар таърихи кишвар роҳандозӣ карда шудааст.

Дар айни замон, аз 5 567,9 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёти ҶТ қарор доранд, дар 5 266,3 км (94,5%) маълумот дар бораи дороиҳои роҳҳо   ҷамъоварӣ карда шудааст.

Шиносномакунии рақамӣ системаи ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумот дар бораи ҳар як қитъаи роҳ оид ба дарозӣ, пӯшиш, категория, мавҷудияти аломатгузорӣ ва дигар унсурҳои инфрасохториро дар бар мегирад.  

Озмоишгоҳи махсуси сайёр бо таҷҳизоти муосир, ки аз ҷониби ширкати Зеландияи Нав истеҳсол ва ба Тоҷикистон ворид ва дар мошини сабукрави  тамғаи TOYOTA-PRADO насб карда шудааст, муҷаҳҳаз  мебошад. Маълумот дар бораи дороиҳои роҳ бо камераҳои дақиқ ва сенсорҳо ҷамъоварӣ карда,   сипас коркард ва ба системаи идоракунии шабакаҳои роҳ (СИШ) ворид карда мешавад.

***

Тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустам Эмомалӣ   Гурӯҳи кории байнисоҳавӣ таъсис дода шуд. Гуруҳи мазкур ба беҳтар кардани вазъи роҳ ва баланд бардоштани бехатарии  ҳаракат машғул хоҳад гардид.

Тавре Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, масъалаи таъсиси гурӯҳи корӣ дар ҷараёни машварати корӣ бо иштироки роҳбарияти милитсияи пойтахт, Раёсати  ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, Бозрасии  давлатии автомобилӣ, инчунин намояндагони марказҳои «Шаҳри бехатар» ва «Шаҳри ҳушманд» баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки Гурӯҳи корӣ ба татбиқи тадбирҳое, ки ба кам кардани шумораи садамаҳои нақлиётӣ, пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, кам кардани тамбашавии воситаҳои нақлиёт, инчунин истифодаи самараноки камераҳои назорати видеоӣ ва системаҳои муосири идоракунии ҳаракат дар роҳ  равонат гардидаанд, машғул хоҳад шуд.

Раёсати шаҳрии ВКД таъкид кардааст, ки ҳамоҳангсозии амалҳои ҳамаи  хадамот ва сохторҳои ҷалбшуда имкон медиҳад, ки ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ба тартиб дарояд ва бехатар шавад.

***

Шаҳри Бохтар тасмим гирифтааст, ки тавассути маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд соҳаи нақлиёти ҷамъиятиро ба таври васеъ навсозӣ кунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

 Маблағи умумии лоиҳа 10 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 6,4 миллион евро дар шакли қарз ва 3,6 миллион евро ҳамчун гранти сармоягузории бонк дода мешавад. Илова бар ин, лоиҳа бо кӯмаки техникӣ ба маблағи зиеда аз 600 ҳазор евро таъмин карда шудааст.

Маблағҳо ба корхонаи  шаҳрии  КВДК «Бохтарнаклиётхизматрасон» имкон медиҳанд, ки 50 адал автобуси муосири барқӣ, ки барои интиқоли бароҳати одамони дорои имконияти маҳдуд муҷаҳҳаз карда шудаанд, харидорӣ кунанд ва инчунин инфрасохтори зарурии барқпуркунӣ бунёд намоянд.

Лоиҳа ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037  амалӣ карда мешавад.

Ворид кардани автобусҳои барқӣ ба хатсайрҳои шаҳр сатҳои партовҳои гази карбонро коҳиш медиҳад, сифати ҳаворо беҳтар месозад, ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунад ва омӯзиши кормандони истифодаи нақлиёти муосирро таъмин  менамояд.

***

Дар шаҳри Хуҷанд болои Сирдарё сохтмони пули нав ба нақша гирифта шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, он дар байни маҳаллаи № 12 ва маҳаллаи Раззоқ бунёд хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки зарурати татбиқи лоиҳа бо афзоиши солонаи шумораи мошинҳо дар шаҳр алоқаманд аст.

Тибқи маълумоти манбаъ, дарозии пули нав 310 метр ва паҳноии он 26 метрро ташкил хоҳад дод. Дар ду тарафи пул роҳравҳои махсуси пиёдагард пешбинӣ шудаанд. Инчунин сохтмони роҳҳои ҳалқавии даромадгоҳ аз ду тараф барои пайвастшавии қулай бо пул ба нақша гирифта шудааст.

Мақомоти вилоят зикр мекунанд, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад  сарбории роҳҳо дар маркази Хуҷанд кам карда шавад ва ҳаракат дар болои пули кӯҳна осон гардад.

***

Дар Душанбе дар нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ Wi-Fi ройгон насб карда мешавад. Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёр Саадулло бо директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзода баргузор гардид. Дар ин бора  маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамии пойтахт диққати махсус дода шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмини Wi-Fi-и ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи «Харитаи электронии Шаҳри Душанбе», масъалаҳои ҷойгиркунии муваққатии такягоҳҳои алоқаи мобилӣ, инчунин тадбирҳои беҳтар намудани сифати интернет ва алоқа дар пойтахтро  муҳокима намуданд. Илова бар ин, иштирокчиёни вохӯрӣ имкониятҳои лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд», марҳилаҳои татбиқи он ва тақсимоти  вазифаҳоро байни сохторҳои масъул баррасӣ карданд.  

 ***

Дар Душанбе муҷассамаи собиқ нозири машҳури БДА, майори милитсия Ёрмаҳмад Нуров, ки бештар бо номи Мулло Нуров маъруф аст, гузошта мешавад.Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  пойтахт хабар додааст.

Ин муҷассама дар кӯчаи Айнӣ, 1 дар ноҳияи Шоҳмансур, назди Вазорати нақлиёт, дар ҳудуди бинои собиқи Раёсати Вазорати корҳои  корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гузошта мешавад.

Тавре ки  МИҲД  шаҳри Душанбе зикр карданд, қарор дар бораи бунёди муҷассама аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе «барои хизмати содиқона ва софдилона, инчунин барои саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани эътибори милитсияи тоҷик» имзо карда шудааст.

Сохтмони муҷассама ва ободонии қаламрави атрофи он ба  Раёсати корҳои дохилии пойтахт супорида шудааст.

                                      

ДАР МИНТАҚА

Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2025 рекорди нави таърихӣ нишон дода, меъёри гардиши молро аз ҳудуди 100 миллиард бештар карданд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Го Тзякун 19 январ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Зикр карда шуд, ки ҳаҷми тиҷорат байни Чин ва кишварҳои ОМ бори аввал дар таърих аз 100 миллиард доллар зиёд шуда, дар тӯли панҷ сол пай дар пай афзоиши мусбатро нигоҳ доштааст.

Соли гузашта Чин бори аввал ба бузургтарин шарики тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Содирот аз Чин дар ҳисоби солона 11% афзоиш ёфта, ба 71,2 миллиард доллар расид, ки ба он афзоиши истеҳсоли маҳсулоти механикӣ ва электротехникӣ, инчунин молҳои дорои технологяҳои баланд мусоидат кард. Воридот аз кишварҳои ОМ 14 фоиз афзуда, ба 35,1 миллиард доллар расид.

 ***

Дар Қазоқистон дар системаи интиқоли борҳои автомобилӣ тағйирот ворид карда шудааст. Вазири нақлиёт бо фармоиш аз  8 январи соли 2026 ба Қоидаҳои истифодаи системаи иҷозатдиҳии ҳамлу нақли автомобилӣ дар ҶҚ дар алоқаи байналмилалӣ тағйирот ворид кард, хабар медиҳад Zakon.kz.

Аз ҷумла, талаботи зерин номбар карда мешаванд:

 – дар қаламрави кишвар, ки нуқтаи фиристодан ё таъин кардани бор аз кишварҳои сеюм ба қаламрави ҶТ нест, боре, ки транзити гумрукии он ҳанӯз ба анҷом нарасидааст, ба воситаи нақлиёти автомобилии Қазоқистон, инчунин ба воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар кишвари бақайдгирии интиқолдиҳандаи ибтидоӣ ба қайд гирифта нашудааст, иҷозат дода намешавад;

– ҳангоми интиқоли бор ба  қаламрави ҶҚ иваз кардани мошини боркаш ба  дигар мошини боркаш, ки дар давлати интиқолдиҳанда ба қайд гирифта шудааст, иҷозат дода мешавад.

***

Дар Қирғизистон лоиҳаҳои  кални нақлиётӣ амалӣ карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон хабар дода шудааст.

Бо дастгирии роҳбарияти кишвар ҳаҷми маблағҳои аз буҷети давлатӣ барои соҳаи роҳу нақлиёт ҷудошуда зиед карда шуд, ки дар натиҷа лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ амалӣ карда мешаванд.

Яке аз лоиҳаҳои  калидӣ сохтмони роҳи автомобилгарди «Барскоон – Бедел» –   иншооти дорои аҳамияти миллӣ мебошад, ки бо суръати баланд дар муддати кӯтоҳ оғоз ёфтааст. Ин лоиҳа, ки ҳамчун долони нави нақлиётӣ арзёбӣ мешавад ва алоқаи мустақимро бо Чин таъмин мекунад, аз ҳисоби маблағҳои  буҷети давлат амалӣ карда мешавад.

Дар баробари ин, корҳо оид ба зиёд кардани шумораи хатсайрҳои алтернативӣ дар атрофи пойтахт ва танзими тамбашавии  роҳҳо идома доранд. Бо ин мақсад нақшаи васеъ кардани роҳҳои дуҷонибаи кӯҳна ва танг таҳия ва амалӣ карда мешавад.

***

Дар Узбекистон то соли 2030 шумораи мусофирон дар хатсайрҳои роҳи оҳани баландсуръат ду баробар зиёд мешавад. Дар бахши нақлиётии ҷумҳурӣ тағйироти назаррас оид ба  густариши имкониятҳои алоқаи роҳи оҳан пешбинӣ шудааст. Дар ин бора Upl.uz хабар медиҳад.

Тибқи лоиҳаи нави Стратегияи «Узбекистон-2030», ки ҳоло ба муҳокимаи умумӣ пешниҳод шудааст, дар панҷсолаи наздик афзоиши назарраси ҳаҷми мусофиркашонӣ бо истифода аз қаторҳои баландсуръат ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ин нишондиҳанда то соли 2030 беш аз ду баробар афзоиш ефта, ба 3,25 миллион нафар мерасад.

 

ДАР ҶАҲОН

Имсол дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ҳамлу нақли озмоишӣ бо e-CMR-ҳои электронӣ оғоз меёбад. Дар ин бора хабаргузории Sputnik иттилоъ додааст.

Оғози интиқоли озмоишӣ бо боркашонии байналмилалии электронии нақлиётӣ (e-CMR) дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки озмоиш то охири сол амалӣ карда шавад.

Мақсади асосии лоиҳаи озмоишӣ коркарди технологияи мубодилаи трансмарзии ҳуҷҷатҳои электронии аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим байни субъектҳои давлатҳои гуногун бо истифода аз механизмҳои имзои рақамӣ ва «шахси сеюми боэътимод» мебошад.

***

Дар Маскав ҷаримаҳо барои мусофироне, ки чипта надоранд, дуюним маротиба зиёд карда шуданд. Дар пойтахти Русия тағйирот дар бораи андозаи ҷаримаҳои маъмурӣ барои роҳкиро дар нақлиёти шаҳрӣ эътибор пайдо кард. Дар ин бора рӯзномаи ҳукуматии «Российская газета» (РГ) хабар медиҳад.

Акнун барои пардохт накардани роҳкиро, истифодаи ғайриқонунии корти иҷтимоӣ ҷарима ба маблағи панҷ ҳазор рубл муқаррар карда шудааст. Ҷаримаҳои нав низ ҷорӣ карда шуданд, масалан, барои сафар бо либоси ифлос, тамошои филмҳо бе гӯшмонак ва ғайра.

Директори генералии ширкати «Ташкилкунандаи интиқол»  (ГКУ «Организатор перевозок») Олег Иванов ба «РГ» хабар дод, ки баланд бардоштани ҷарима чораи маҷбурӣ аст.

Тавре вакили Думаи iаҳри Москва, раиси комиссияи оид ба нақлиёт ва рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт Сабина Цветкова илова кард, нақлиёти шаҳрӣ ҳар сол аз сабаби бе чипта рафтани мусофирон маблағҳои калонро аз даст медиҳад.

***

Дар соли 2025 саноати мошинсозии Аврупо ба як қатор чолишҳои ҷиддӣ  дучор шуд,  ки  яке аз онҳо —  аз даст додакни таъсир дар бузургтарин дар ҷаҳон  бозори Чин арзёбӣ мешавад. Дар ин бора 14-уми январ пойгоҳи www.aqvtonews.ru хабар дод.

 Ширкатҳои мошинсозии  Аврупо натиҷаҳои соли барояфшон душвори 2025-ро ҷамъбаст намуданд, ки аз даст додани фоидаи калон ва мушкилотро дар истеҳсоли мошинҳо ба бор овардаанд.  

Ёдовар мешавем, ки ширкати Renault ҳанӯз тобистон зарарро дар ҳаҷми  €9,5 миллиард эътироф карда буд. Ширкати Porsche, ки шомили Volkswagen аст,  дар як сол чаҳор маротиба пешгӯиҳо оид ба фоидаи худро коҳиш дод. Ғайр аз ин,  истеҳсоли мошинҳо дар чанд корхонаи Олмон қатъ шуд.

Истеҳсолкунандагони Аврупо дар Чин –  бузургтарин бозори мошинсозии ҷаҳон – низ мушкилот доранд. Мошинҳои аврупоӣ соли 2025 дар  ин кишвар  кам ба фурӯш рафтанд ва ҳиссаи асосии фурӯш ба ширкатҳои маҳаллӣ рост омад.