Имрӯз, 28 январи 2026, дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нишасти матбуотӣ тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 доир карда шуд.
Нишаст бо иштироки Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва муовинони ӯ, роҳбарон ва намояндагони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва идораю муассисаҳои тобеи вазорат , марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва 36 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хорҷӣ сурат гирифт.
Дар нишаст сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Абдуллозода низ ширкат намуд.
Сараввал Вазири нақлиёт оид натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва идораю муассисаҳои тобеи он дар соли сипаришуда мухтасар маълумот дод.
Зикр гардид, ки айни ҳол дар соҳаи роҳу нақлиёт 2998 корхонаю муассисаи дорои шаклҳои гуногуни моликият ба ҳисоб гирифта шудаанд, ки нисбат ба ду соли пеш 10,2% зиёд аст. Аз ҷумла 2542 корхонаю муассиса дар самти нақлиёти автомобилӣ, 319 адад – дар самти хоҷагии роҳҳо, 137 адад – дар самти роҳи оҳан фаъолият мекуанд.
Дар ҷумҳурӣ, бино ба маълумоти РБДА ВКД ҶТ, 701231 адад воситаи нақлиёт, аз ҷумла, 676782 адад воситаи нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар 898 хатсайр, аз ҷумла 179 хатсайри шаҳрӣ, 532 – наздишаҳрӣ, 156 – байнишаҳрӣ ва 31 хатсайри байналмилалӣ ба мусофирон хизмат расонида мешавад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, соли гузашта 154,8 млн. тонна бор ва 1,131 млрд мусофир интиқол дода шуда, нисбат ба соли 2024 ҳаҷми боркашонӣ 15,2% ва мусофирбарӣ 10,9% зиёд гардидааст.
Гуфта шуд, ки ҳамлу нақли 95,1% бор ва 99,8% мусофирон дар ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад.
Ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмиллалии бор назаррас буда, 69,3 фоизи борҳои байналмилалӣ ба ин намуди нақлиёт рост меояд. Дар самти байналмилалӣ 3,3 млн тонна бор (2,46 млн. тонна воридот ва 1,2 млн. тонна содирот) ва 74,5 ҳазор мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 боркашонӣ 119,2 % ва мусофирбарӣ 102 % -ро ташкил намуд.
Ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ 49%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% кам аст.
Зикр гардид, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ 25–28 июни 2025 чанд иншооти мущим мавриди истифода қарор дода шуданд, аз ҷумла:
– қитъаи роҳи «Қалъаи Хумб-Ванҷ-даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон» бо дарозии 93 км дар роҳи автомобилгарди «Душанбе – Кулма»;
– роҳи автомобилгард аз маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи «Душанбе – Кулма» бо дарозии 16 км;
– долони зиддитармавӣ дар деҳаи Барсем бо дарозии 550 метр ва пули мошингузар бо дарозии 82,3 метр;
– пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр;
– бинои маъмурии МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» (ИХРА) - и ВМКБ дар минтақаи Тем (950 м2);
– бинои озмоишгоҳ барои санҷиши маводҳои сохтмонӣ дар минтақаи Тем (200 м2);
– бинои маъмурии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард (МДНРА)-и ноҳияи Шуғнон дар маҳалаи Навобод (200 м2);
– 7 км роҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва мавзеъи Барсем.
Дар ин раванд 26 августи соли 2025 Сарвари давлат дар идомаи боздид аз ноҳияи Нуробод ба фаъолияти боз як иншооти муҳими дигар дар водии Рашт – роҳи автомобилгарди «Оби гарм – Нуробод» бо дарозии 75 км. бо се нақби мошингузар ва 11 пули нав оғоз бахшиданд.
Ҳамзамон, 18 ноябри соли гузашта зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд қитъаҳои роҳҳои автомобилгарди «Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров», «Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз» ва «Кучкак - Конибодом» бо дарозии 40 км ба истифода дода шуданд.
Дар маҷмуъ соли сипаригардида 243,5 км роҳҳои автомоблигард, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зиддитармавӣ ва дигар иншооти роҳу нақлиёт сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ба гуфтаи Вазири нақлиёт, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, айни замон тавассути Вазорати нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, 5 лоиҳа ба маблағи 570,9 млн. доллари ИМА дар ҷараёни татбиқшавӣ ва 6 лоиҳаи дигар ба маблағи 602,2 млн. доллари ИМА ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд.
Сипас, дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон роҷеъ ба ҳолати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оғози сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ дар соли 2026, ки 16 декабри соли гузашта Сарвари давлат зимни Паёмашон ба Вазорати нақлиёт доданд, ҳамчунин дар бораи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи поён», хатсайри роҳи оҳани «Душанбе – Маскав», навсозии роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ», сохтмони метро дар шаҳри Душанбе, танзими ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт ва мошинҳои гаронвазн, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии шафати роҳҳои автомобилгард ва ғайра беш аз 31 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳамаи онҳо роҳбарияти вазорат посухҳои мушахххас дод.