Бо рушди технологияҳо, аз ҷумла зеҳни сунъӣ нақлиёт низ ҳушмандтар мешавад. Дар Тоҷикистон Платформаи ягонаи идоракунии системаҳои нақлиётӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Платформаи ягонаи идоракунии системаҳои нақлиётӣ (ПЯИСН) ҳамаи системаҳои интеллектуалии нақлиётии кишварро муттаҳид месозад ва имкон медиҳад, ки онҳо дар шакли «равзанаи ягона» идора карда шаванд. Он инчунин ҳамкориро бо системаҳои берунӣ ва байналмилалӣ, амсоли e-CMR, e-TIR ва системаҳои тахографӣ ҷиҳати назорати электронии реҷаи меҳнат ва истироҳати ронандагон таъмин менамояд.
Платформаи ягонаи идоракунии системаҳои нақлиётӣ бо дастгоҳҳои интернет-ашё (IoT) — сенсорҳо, таҷҳизоти назораткунанда, унсурҳои ҳушманди таҷзия ва таҳлил пайваст карда мешавад, ки ба беҳдошти логистика, баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳ, пайгирии ҷойгиршавӣ ва мақоми воситаҳои нақлиёт ва бори онҳо имкон медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дигаргунсозии рақамии маҷмааи нақлиётӣ яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 таҳти рақами 642 тасдиқ шудааст, соҳаи нақлиёт, дар баробари дигар бахшҳои иқтисодиёт, яке аз самтҳои асосии рақамикунонӣ номбар гардидааст.
Мувофиқи банди 88 (§6 «Нақлиёти рақамӣ ва логистика») Консепсияи мазкур, дар марҳилаҳои ибтидоӣ натиҷаҳои асосӣ тавассути гузариш ба гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва минбаъд тавассути ҷорӣ кардани системаи интоеллектуалии (ҳушманди) нақлиёт ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, «системаи интеллектуалии нақлиёт вазифаҳои назорати видеоӣ, шиносномакунии рақамии роҳҳои автомобилгард, идоракунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, огоҳ сохтани ронандагон дар бораи вазъи обу ҳаво ва пардохти электронии хизматрасониҳои нақлиётиро муттаҳид менамояд».
Бо мақсади татбиқ ва ҳамоҳангсозии равандҳои рақамикунонӣ дар соҳаи нақлиёт бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 таҳти № 617 Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шудааст. Ифтитоҳи расмии ин Марказ 29 октябри соли 2024 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.
Марказ ба як пайванди калидӣ дар раванди татбиқ ва рушди тадбирҳои зерини муосири рақамӣ дар бахши нақлиёт табдил ёфтааст:
– Таъмини истифодаи фарогири GPS (системаи навигатсионии моҳворавӣ) дар роҳҳои дохилӣ, аз ҷумла назорати мошинҳои боркаш, автобусҳо ва мошинҳои сабукрави «такси»;
– Таъмини таҷҳизоти алоқаи мобилӣ, интернет, Wi-Fi дар минтақаҳои кӯҳии шоҳроҳҳои кишвар;
– Таъсис ва таъмини системаи ягонаи логистикии электронӣ барои интиқоли бор ва мусофирон;
– Рақамикунонии равандҳои тартиб додани варақаҳои роҳхату борхат дар нақлиёти автомобилӣ;
– Рақамикунонии раванди иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи нақлиёт;
– Рақамикунонии раванди сертификатсияи кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт;
– Рақамикунонии раванди андешидани чораҳо нисбат ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар нақлиёт.
Ҳамзамон бо татбиқи тадбирҳои зикршуда таҳия, навсозӣ ва андешидани тадбирҳои иловагии рақамӣ, аз ҷумла дар раванди иҷозатномадиҳии электронӣ, идоракунии дороиҳои роҳ, назорати динамикии вазни нақлиёти боркаш, камераҳои сабти шиддати ҳаракат ва дигар асбобҳои махсус идома доранд.
Айни замон дар соҳаи нақлиёт оид ба таҳия, навсозӣ ва ҷорӣ намудани тақрибан 18 системаи иттилоотӣ ва маҷмӯаҳои барномавӣ-дастгоҳӣ пеш бурда мешаванд.
Дар доираи Платформаи ягонаи идоракунии системаҳои нақлиётӣ (ПЯИСН) таҳияи модулҳои нави функсионалӣ, инчунин таҷдиди модулҳои амалкунанда, ки ба тавсеаи имкониятҳои функсионалии платформа равона шудаанд, пешбинӣ шудааст.
Платформаи ягонаи идоракунии системаҳои нақлиётӣ ба эҷоди фазои ягонаи рақамии соҳаи нақлиёт мусоидат намуда, такрори маълумот ва номувофиқатии байни системаҳои идоравиро бартараф ва дар мақомоти давлатӣ идоракунии ҳамаҷонибаи тамоми системаи логистикӣ ва инфрасохториро таъмин мекунад.
Дар айни замон платформа бо сохторҳои зерин ҳамгиро карда шудааст:
– Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти ҶТ;
– Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ;
– Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ;
– КВД «Маркази сертификатсияи корҳо ва хизматраснониҳо»-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ;
– Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ (дар марҳилаи баррасӣ);
–Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон (дар ҳолати ҳамкории истифодабарандагон).
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 911 аз 8 январи соли 2025, солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шудаанд. Ин давра, бешубҳа, айёми татбиқи пурраи ПЯИСН ва гузариши соҳаи нақлиёт ба сатҳи нави ҳамгироии рақамӣ хоҳад гардид. Татбиқи пурраи ПЯИСН идоракунии самараноки инфрасохтор ва логистикаи роҳро таъмин намуда, сифати хизматрасониро беҳтар месозад мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари транзитии минтақа мустаҳкам менамояд.