19 январ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) таҳти роҳбарии Сардори Раёсати минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ороми ин бонк Эдвардас Бумштайнас мулоқот кард. Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуданд.
Вазири нақлиёт ташрифи ҳайати меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла дар ҳамлу нақли молу маҳсулот ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ки аз самтҳои афзалиятнок ба шумор мераванд, ҳамкории шоста доранд.
Зимни вохуриӣ ҷонибҳо масъалаи ҷалби сармояи Бонки мазкурро дар доираи Ёддошти тафоҳум ҷиҳати маблағгузорӣ барои мусоидат ба рушди соҳаи нақлиёт дар заминаи робитаҳои устувори нақлиётии миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 4-уми апрели соли 2025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки самоягузории Аврупо ба имзо расидааст, баррасӣ намуданд.
Ёддошти тафоҳуми номбурда дар натиҷаи иштироки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар ҳайати расмии кишвар дар Форуми сармоягузорон оид ба алоқаи устувори нақлиётӣ миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Дарвозаи ҷаҳонӣ» («Global Gateway»), ки 28-29 январи соли 2024 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия баргузор гардида буд, пешниҳод гардид. Интизор меравад, ки дар доираи ин санад аз ҷониби Бонки мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи роҳу нақлиёти кишвар 100 млн евро ҷудо карда шавад. Ин маблағ, ки барои таҷдиди инфрасохтор ва беҳдошти дастрасии нақлиёт равона карда мешавад, бояд ба рушди иқтисодӣ ва тавсеи ҳамгироии минтақавӣ мусоидат кунад.
Ҳайати намояндагони Бонки сармоягузории Аврупо ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур иброз дошта, зикр намуд, ки лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи роҳу нақлиёт, ки татбиқи онҳо аҳамияти минтақавӣ дорад, барои маблағгузорӣ пешниҳод карда шаванд.
Ҷонибҳо мулоқоти мазкурро барои гузоштани қадамҳои минбаъда дар татбиқи лоиҳаи сармоягузории роҳу нақлиёт муфид арзёбӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
МАЪЛУМОТНОМАИ МО
Бонки сармоягузории Аврупо (БСА) муассисаи молиявии Иттиҳоди Аврупо (ИА) мебошад ва барои маблағгузории лоиҳаҳое, ки ба рушди иқтисодии кишварҳои узви ИА ва давлатҳои ҳамсоя мусоидат мекунанд, таъсис дода шудааст.
Соли 1958 дар доираи Шартномаи Рим, ки ба ҷомеаи иқтисодии Аврупо асос гухзоштааст, таъсис дода шудааст. Дар ибтидо вазифаи бонк маблағгузории лоиҳаҳое буд, ки ба ҳамгироии кишварҳои узви ИА мусоидат мекарданд. Баъдан бонк вазифаҳо ва ҷуғрофияи фаъолияти худро васеъ кард, аз ҷумла, маблағгузории ташаббусҳои берун аз қаламрави ИА-ро ба роҳ монд.