Агентии ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки рӯзи 22 январ дар Душанбе ва атрофи он, инчунин аксари ноҳияҳои мамлакат бориши барфи зиёд пешбинӣ шудааст. Вазорати нақлиёти ҶТ ронандагонро даъват мекунад, ки дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд.
Ҳавошиносон таъкид карданд, ки дар Душанбе ва атрофи он, инчунин дар аксари минтақаҳои кишвар бориши барфи зиёд пешбинӣ шудааст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва гузаргоҳҳо эҳтимоли ба вуҷуд омадани тӯфон, туман, яхбандӣ ва коҳиши шадиди биниши роҳ мавҷуд аст, ки метавонад вазъи ҳаракат дар роҳро мушкил кунад.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёт ҳамаи муассисаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳоро ба ҳолати махсуси корӣ гузаронид. Онҳо муваззаф гардидаанд, ки агрегатҳои барфтозакунӣ ва дигар техникаи махсус, инчунин захираи маводи зиддилағзишро дар ҳолати омода нигоҳ доранд.
Ғайр аз ин, Вазорати нақлиёти ҶТ ронандагонро даъват мекунад, ки аз эҳтиёт кор гиранд, маҳдудияти суръат ва масофаи байни воситаҳои нақлиётро қатъиян риоя кунанд, дар ҷойҳои ҷамъшавии пиёдагардон — дар бозорҳо, гузаргоҳҳои пиёдагард ва истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ хеле бодиққат бошанд, талаботи аломатҳои роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида нагиранд.