Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҶАВОНОН – НЕРУИ СОЗАНДАИ ҶОМЕА. Дар Вазорати нақлиёт Раиси нави Созмони ҷавонон интихоб гардид

Санаи нашр: 21-01-2026 Просмотрено: 275

19 январ дар Вазорати нақлиёт, дар ҷамъомади васеи кормандон, Ҳамзаи Темурзода бо аксари овозҳо Раиси нави Созмони ҷавонони вазорат интихоб гардид.

Ҳамза Темурзода сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои вазорат мебошад. Соли 2017 дараҷаи бакалаври Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимиро бо ихтисоси сохтмони пул ва ва нақбҳои нақлиётӣ ва соли 2019 магистатураи ҳамин донишгоҳоро бо ихтисоси сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо ба итмом расонидааст.

Номбурда дар ҳаёти ҷамъиятии вазорат фаъолона иштирок менамояд. Сарварии дастаи футболи вазоратро бар уҳда дорад. Аз соли 2022 инҷониб дар ҳайати дастаи футболи Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ба номи Абдуманнон Зокиров»-и шаҳри Ҳисор дар лигаи 2-юми Чемпионати Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад ва соли 2024 ғолиби мусобиқаи «Ҷоми Душанбе» гардидааст. Ӯ дар мусобиқаи футбол барои Ҷоми Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон низ маҳорати баланд нишон додааст.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим сарвари нави ҷавонони вазоратро табрик карда, барояш дар фаъолияти минбаъдаи ҷамъиятӣ барор хост ва гуфт, ки ҳоло нақш ва иштироки ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи роҳу нақлиёт назаррас мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ намоянд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, имрӯзу ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Дар ыамъомад таъкид гардид, ки Созмони ҷавонони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи нақлиёт», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи баҳодиҳӣ ба мутобиқат», «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо бахшидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.