Китобхонаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи беҳтарини идоравӣ» сазовори ҷои сеюм ва диплом гардида, ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфт.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 19 январ дипломро ба масъули китобхона, нозир-коргузори Шуъбаи коргузорӣ ва назорати Раёсати корҳои вазорат Рухшона Ниёзмамадова супорида, ба ӯ барои ташкили хуби кор ҷиҳати ҷамъоварии адабиёти бадеӣ, илмию оммавӣ, соҳавӣ ва ҷалби кормандони соҳа ба китобхонӣ изҳори сипос намуд.
«Китобхонӣ аз суннатҳои бостонии миллати тоҷик аст, – гуфт Вазири нақлиёт. – Тоҷикон аз қадимулайём китобхонӣ ва омӯхтани илму донишро аз вазифаи асосии худ медонистанд ва ба наслҳои баъдӣ китоб ба мерос мегузоштанд. Зеро китоб беҳтарин ганҷинаи олами маърифат ва хирад аст».
Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи Вазир, дар замони муосир ва рушди босуръати илму техника ва технологияҳо дар ниҳоди одамон бедор намудани шавқу завқ ба хонданп китоб ва омӯхтани илму дониш на танҳо аз амалҳои хайр, балки яке аз масъалаҳои доғи рӯз мебошад. Маҳз бо назардошти ҳамин ва бо мақсади ҷалби густурдаи мардум ба китобхонӣ ва ташаккули маънавиёти ҷомеа сар аз соли 2019 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президненти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шуруъ аз соли 2021 ҳар сол дар ҳудуди шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» доир карда мешавад. Соли ҷорӣ низ даври аввали озмуни мазкур дар сатҳи ноҳияҳо ҷамъбаст гардид ва китобхонаҳои беҳтарин ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.
Озмун, тибқи низомномаи он, аз рӯйи 4 номинатсия – «китобхонаи беҳтарини оммавӣ», «китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ», «китобхонаи беҳтарини идоравӣ» ва «китобхонаи беҳтарини оилавӣ» – роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхониву китобдорӣ ва маърифатнокии аҳолӣ, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ ва ватандӯстӣ, парвариши ахлоқу одоби ҳамида, боло бурдани сатҳи донишу ҷаҳонбинии сокинони пойтахт, рӯ овардан ба фарҳанги асили ниёгон ва тақвияти фарҳанги шаҳрдорӣ нақши муассир мегузорад.