Новости

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Озмунҳо ҷамъбаст гардиданд

Дата: 06-01-2022 Просмотрено: 1093

 

Ғолибони озмунҳои «МНДРА – и беҳтарин» ва «Ҳамкории беҳтарин бо МИҲД» дар Вазорати нақлиёт ҷамъбаст гардида, рўзи 5 – январ дар ҷаласаи Ҳайати Мушовара ғолибони озмун бо мукофтҳо қадр гардиданд.

   Дар озмуни «МДНРА – и беҳтарин» ҷои якум насиби МДНРА –и ноҳияи Восеъ, ҷои дуюм насисби МДНРА –и ноҳияи Конибодом ва ҷои сеюм насиби МДНРА - минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон гардид.

   Дар озмуни «Ҳамкории беҳтарин бо МИҲД» ҷои аввалро МДНРА –и ноҳияи Ёвон, ҷои дуюмро МДНРА – и ноҳияи Рўдакӣ ва ҷои сеюмро МДНРА – и шаҳри Турсунзода ишғол намуданд.

  Ҳамчунин барои ҳамкориҳои хубу густурда ва саҳми аразанда гузоштан дар ободонии роҳҳои маҳаллӣ аз номи роҳбарияти Вазорати нақлиёт ба расиони ноҳияҳои Ёвону Рудакӣ ва шаҳри Турсунзода Сипоснома супорида шуд.

   Мукофотҳоро ба ғолибони озмун сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода ва вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим тақдим намуданд.

   Озмунҳои мазкур моҳи августи соли равон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомдилгард ва ҳамкориҳои густурда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, аз рўи шартҳои- иҷрои корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳо, ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон, суратҳисоби махсус, сатҳу сифати кадрҳо, намои биноҳо ва утоқҳои корӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, шароити кормандон, омодагӣ ба мавсими зимистон, истифодаи мақсадноки техникаи роҳнигоҳдорӣ аз ҷониби комиссияи озмун, ки бо фармони вазири нақлиёт тасдиқ шуда буд, баҳогузорӣ гардида буд.