Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба низоми рамзгузории (тамғагузории) рақамии гурӯҳҳои алоҳидаи молҳо мегузарад. Ин тадбир ба баланд бардоштани сатҳи шаффофияти гардиши мол, пурзӯр кардани назорат ва гузариш ба меъёрҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Дар зер мо дар бораи он, ки ин чӣ гуна низом аст ва ба фаъолият дар соҳаи нақлиёт ва логистика чӣ таъсир мерасонад, маълумот пешкаш мекунем.
Рамзгузорӣ ё тамғагузории электронии (рақамии) молҳо дар Тоҷикистон ду сол пеш тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №263 аз 12 июни соли 2023 «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» оғоз пазируфт. Ҳуҷҷат тартиби рамзгузории молҳоеро, ки бояст ҳатман тамғагузорӣ шаванд, инчунин низоми давлатии иттилоотии мониторинги гардиши чунин молҳоро муайян мекунад.
Мувофиқи қарор, тамғагузории рақамӣ тадриҷан, дар якчанд марҳила ҷорӣ карда мешавад:
- то 1 июли соли 2024 – маҳсулоти тамоку ва никотин, машрубот, нӯшокиҳои спиртӣ ва энергетикӣ;
- то 1 январи соли 2025 – доруҳо ва маводи тиббӣ;
- то 1 январи соли 2026 – оби ошомиданӣ ва нӯшокиҳои хунук;
- то 1 январи соли 2027 – техника ва ашёи рӯзгор.
Рӯйхати молҳое, ки бояд ҳатман тамғагузорӣ карда шаванд, мунтазам нав карда мешаванд.
Дар назар аст, ки дар сурати пурра ҷорӣ намудани низоми мазкур сатҳи масъулияти истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон баланд шуда, истеъмолкунандагон имконият пайдо мекунанд, ки тавассути сматрфон бевосита сифати молро тафтиш кунанд.
Илова бар ин, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани рамзгузории рақамӣ ба ҷалби сармоягузорӣ ва рушди рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ мусоидат мекунад.
РАМЗГУЗОРИИ РАҚАМИИ (ЭЛЕКТРОНИИ) МОЛҲО ЧИСТ?
Тамғагузории электронӣ низомест, ки дар он ҳар як воҳиди мол рамзи хоси рақамиро мегирад, ки роҳи онро аз истеҳсол ё воридот то татбиқи ниҳоӣ пайгирӣ мекунад.
Чунин рамз дар шакли штрих-коди 2-андозагӣ (QR ё Data Matrix) ба бастабандӣ ё тамғаи мол гузошта мешавад ва дорои чор унсури асосӣ мебошад:
Рамзи мол аз ҷониби оператори система дода мешавад;
Рақами силсилавӣ – махсус барои ҳар як воҳиди молу маҳсулот;
Калиди санҷиш – дурустии маълумотро тасдиқ мекунад;
Рамзи санҷиш – аз қалбакӣ ва такрорӣ будан муҳофизат мекунад.
НИЗОМИ НАВ БА НАҚЛИЁТ ВА ЛОГИСТИКА ТАЪСИР МЕГУЗОРАД
Бояд зикр кард, ки рамзгузории рақамии молҳо ба кори нақлиёт ва логистика тавассути татбиқи системаи муайянкунии инфиродии ҳар як воҳиди маҳсулот бо кумаки рамзи хос таъсир мерасонад.
Ин таъсир дар тамоми марҳилаҳои ҳаракати мол ба зуҳур меояд: аз истеҳсолот то фурӯши чакана. Таъсири рамзгузорӣ дар ҷанбаҳои гуногун зоҳир мешавад: дар талаботи қонунгузорӣ, равандҳои логистикӣ ва тадбирҳои техникӣ.
Баъзе тағйирот дар равандҳои логистикӣ ҳангоми татбиқи тамғагузории рақамии молҳо:
Автоматикунонии назорати гардиш. Исканкунии рамзҳо қабул, нигоҳдорӣ, интиқол, ҷойивазкунӣ ва интиқоли молро сабт мекунад. Ин имкон медиҳад:
- саҳву хато дар қабул ва интиқоли мол кам гардад;
- «омили инсонӣ» ва амалҳои коррупсионӣ истисно ккарда шаванд;
- бо ҳуҷҷатҳо, хусусан бо миқдори зиёди молҳо, тезонида шавад.
Гузариш ба ҳисобу китоби дақиқ ва қатъӣ. Ин қабул, ҷойгиркунӣ, ҷамъоварӣ ва интиқолу назорати на танҳо сисила ва қуттиҳо, балки ҳар як воҳиди молро талаб мекунад. Саҳву хатое, ки дар сохтори агрегатҳо, тафовут дар рамзҳо ё мубодилаи нодурусти маълумот содир мегардад, фавран ба ҳаракати мол дар тамоми занҷира эҳсос карда мешавад.
Ҳалли вазъият бо молҳое, ки дар анборҳо бидуни рамзҳо (бақияҳо) ҷойгиранд. Соҳибкор вазифадор аст, ки рамзи DataMatrix-ро ба ҳар як намунаи дар анбор боқимондаи молҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда татбиқ кунад. Беэътиноӣ ба ин вазифа боиси имконнопазирии гардиши минбаъдаи қонунии онҳо мегардад.
Дар маҷмӯъ, тамғагузорӣ ва бастабандии молҳои боркашонӣ ҷанбаҳои муҳими занҷири логистикӣ мебошанд ва барои таъмини дахлнопазирӣ ва бехатарии молҳо дар раванди интиқол заруранд. Тамғагузорӣ ва бастабандии дурусти молҳо имкон медиҳад, ки хавфҳо ва хароҷоти нақлиёт кам карда шавад, ки ин махсусан дар тиҷорати байналмилалӣ дар замони ҷаҳонишавӣ муҳим аст.
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТ
Риоя накардани меъёрҳои Қарори № 263 ё вайрон кардани тартиби рамзгузорӣ масъулияти маъмуриро ба бор меорад.
Мувофиқи моддаи 606¹ Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, воридот, содирот, фурӯш ё истифодаи молҳо бе рамзгузории электронӣ, инчунин барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи рамзгузорӣ ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст:
- барои шахсони мансабдор – аз 30 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои соҳибкорони инфиродӣ – аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- барои шахсони ҳуқуқӣ – аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, бо мусодираи имконпазири молҳои рамзгузоринашуда.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2026 андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон, ки аз он маблағи ҷаримаҳо, боҷҳо, андозҳо, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳо вобастаанд, ба 78 сомонӣ баробар аст (нисбат ба соли гузашта 3 сомонӣ бештар).
Ҳамин тариқ, иҷрои талаботи қарор барои ҳамаи иштирокчиёни бозор ҳатмист ва бевосита ба қонунияти фаъолияти хоҷагии онҳо таъсир мерасонад.
ХУЛОСА
Рамзгузории рақамии (электронии) молҳо қадами муҳим дар самти ташаккули бозори мутамаддин, бехатар ва шаффоф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин низом имкон медиҳад, ки соҳибкорони қонунманд ё баръакс беинсоф муайян карда шаванд. Ин дар навбати худ ба он мусоидат хоҳад кард, ки тадбирҳо оид ба дастгирии субъектҳои қонунии бозор бештар карда, захираҳои маҳдуди маъмурӣ ва инсонӣ ба муқовимат бо афроди беинсоф, ки ба истеҳсол, воридот ва фурӯши маҳсулоти қалбакӣ ва пастсифат машғул мешаванд, равона гардад.
Тамғагузорӣ ва бастабандии молҳо унсурҳои муҳими занҷири логистикӣ ва боркашонӣ мебошанд.
Рамзгузории рақамӣ ба ҳифзи бозор ва истеъмолкунандагон аз маҳсулоти қалбакӣ ва ғайриқонунӣ нигаронида шудааст.
Дар соли 2026, ширкатҳое, ки рамзгузории рақамиро истифода мебаранд, дар суръати коркарди фармоиш ва шаффофият бартарии ҷиддӣ хоҳанд дошт. Яъне, тамғагузории рақамии молҳо қисми ҷудонашавандаи логистикаи муосир мегардад.