Тибқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ширкати машваратии «NARCO – Dr. Nabeel Abdul-Raheem Consultants» (Кувайт) дар якҷоягӣ бо КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ – ПЛИН»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳияи Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва Лоиҳаи дақиқи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Айнӣ –Кӯҳистони Мастчоҳ» шуруъ карданд.
Қарордод оид ба хизматрасонии машваратӣ байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати NARCO - и Кувайт 29 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва Намояндаи ваколатдори ширкати NARCO Аҳмад Маҳрус Аҳмад Муҳаммад Айш ба имзо расида, баъди 14 рӯзи тақвимӣ, яъне 12 январи соли 2026 эътибор пайдо кард.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи дақиқи таҷдиди роҳ ҳуҷҷатест, ки муайян мекунад чӣ гуна ин иншоотро ба вижагиҳои нав мутобиқ кардан мумкин аст: васеъкунии роҳ, навсозии системаҳои муҳандисӣ (пӯшиши роҳ ва инфрасохтори ҳамроҳ барои беҳтар сохтани хусусиятҳои техникии роҳ). Чунин лоиҳа бояд шароит, маҳдудиятҳо ва ҳолати мавҷудаи иншоотро ба назар гирад.
Ёдовар мешавем, ки роҳ солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда, соли 2015 ба ба роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ табдил ёфт ва ба дастабандии (категорияи) V роҳҳои автомобилгард дохил карда шуд. Дарозии умумии роҳ 162 км аст.
Тибқи таснифоти техникӣ, роҳ пас аз навсозӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешавад: он ба дастабандии IV дохил карда, аз 2 хатти ҳаракат ва 2 қисмат иборат хоҳад буд. Қисмати аввал аз ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, деҳаи Меҳрон бо дарозии 80 км ва қисмати дуюм аз маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то деҳаи Деҳҳисори ҳамин ноҳия бо дарозии 82 км тӯл хоҳад кашид. Дар тӯли роҳ бунёди 27 пули мошингард ва 405 қубури обгузар ба нақша гирифта шудааст.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур беҳдошти роҳҳои мошингарди минтақавӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон тавассути таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.