Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Бонки рушди Авруосиё (БРАО) соли 2026 сатҳи рушди иқтисодиётро дар Тоҷикистон ба андозаи 8,1% пешбинӣ мекунад. БРАО дар гузориши вижа бо фарогирии нишондиҳандаҳои асосӣ оид ба рушди макроиқтисодии барои солҳои 2026-2028 дар ҳафт давлати иштирокчӣ пешгӯӣ кард, ки иқтисоди минтақа рушди устуворро идома хоҳад дод. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи иҷромияи ИДМ хабар медиҳад.
Аз ҷумла, пешбинӣ шудааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 ба андозаи 8,1 фоиз афзоиш меёбад.
Тибқи маълумоти бонк, суръати афзоиши иқтисодиёти аксари кишварҳои минтақа дар соли 2026 бо сабаби фаъолияти хуби сармоягузорӣ баланд хоҳад монд.
Афзоиши пешбинишудаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар дигар кишварҳо чунин хоҳад буд: Арманистон – 5,3%, Қазоқистон – 5,5%, Қирғизистон – 9,3%, Узбекистон – 6,8%, Русия – 1,4% ҳангоми зиёд шудани хароҷоти буҷетӣ аз даромадҳо, Беларус – 1,8% бо суръати наздик ба арзишҳои миёнамӯҳлат.
Дар гузориши БРАО зикр мегардад, ки фишори таваррум дар минтақа дар соли 2026 коҳиш хоҳад ёфт. Ҳаракати таваррум дар тамоми кишварҳои минтақа дар самти сатҳи мақсаднок пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки таваррум дар Арманистон то 3,3%, Беларус то 6,9%, Қазоқистон то 9,7%, Қирғизистон то 8,3%, Русия то 5,5% г/г, Узбекистон то 6,7% коҳиш ёбад. Дар Тоҷикистон таваррум дар доираи мақсаднок дар сатҳи 4,5% боқӣ мемонад.
Гузорипши БРАО барои иқтисодиёти кишварҳои минтақа дар солҳои наздик ояндаи мусбатро бо нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан паст шудани фишори таваррум пешгӯӣ намудааст.
***
Дар Тоҷикистон соли 2026 сохтмон ва навсозии 300 километри роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, хабар доданд. Тавре Сарвари давлат зикр намуданд, бо ин мақсад 3 миллиард сомонӣ (тақрибан 300 миллион доллари ИМА) ҷудо карда мешавад.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, сухан дар бораи сохтмони роҳҳои автомобилгарди "Данғара — Гулистон" (50 километр) ва "Гулистон — Фархор" (33 километр) дар вилояти Хатлон, пулҳо ва долонҳои зидди тарма, аз ҷумла пулҳо дар болои дарёҳои Шорф ва Ғунд дар ВМКБ, инчунин таҷдиди 52 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар вилояти Суғд меравад.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти кишвар супориш доданд, ки барои ташкили марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ, таҷдиди парки роҳи оҳан ва инфрасохтори он тадбирҳо андешад.
ДАР МИНТАҚА
Узбекистон дар соли 2026 тавсеаи авиатсия, роҳи оҳан ва шоҳроҳҳоро ба нақша гирифтааст. Дар ин бора Президент ин кишвар Шавкат Мирзиёев 26 декабри соли 2025 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар изҳор дошт, хабар медиҳад UzDaily.uz.
Дар ин ҷумҳурии ҳамсоя Донишгоҳи авиатсияи гражданӣ ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон барои хидматрасонии ҳавопаймоҳо ва идоракунии фурудгоҳҳо таъсис дода мешавад.
Барномаҳои панҷсолаи рушди роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард қабул карда мешаванд. Истгоҳҳои роҳи оҳан дар Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хева ва Навоӣ ба идораи шахсони хусусӣ супорида мешаванд.
Шумораи ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ то соли 2026 бояд ба 120 адад ва дар панҷ соли оянда ба 180 адад расонида шавад. Барои ҳавасмандгардонии ҳамлу нақли ҳавопаймоҳои дохилӣ системаи нави субсидия ҷорӣ карда мешавад: маблағи муайяни субсидия барои ҳар як чиптаи фурӯхташуда новобаста аз нарх дода мешавад, ки ин ба кам кардани арзиши парвозҳо ва афзоиши талабот мусолидат хоҳад кард.
Соли 2026 сохтмони 110 км хатҳои нави роҳи оҳан, ки пойтахтро бо ноҳияҳои Букин, Пскент, Бекобод ва Бояут, инчунин бо шаҳри Нурафшон мепайвандад, ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин сохтмони хатти баландсуръати «Тошканд – Самарқанд» оғоз меёбад. Истгоҳҳои калидии Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хква ва Навоӣ тибқи модели шарикии давлатӣ-хусусӣ ба идора дода мешаванд.
Дар шабакаи роҳҳои автомобилгард барномаи панҷсолаи беҳтар кардани сифат ва қобилияти транзитии онҳо мавриди амал қарор мегирад. 4000 км роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои калидӣ ба шоҳроҳҳои ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ табдил дода мешаванд. Соли 2026 таҷдиди 300 км роҳҳо дар вилоятҳои Қароқалпоқистон, Бухоро, Қашқадарё ва Сурхондарё ба анҷом мерасад, инчунин сохтмони 800 км шоҳроҳҳои баландсуръат дар хатсайрҳои «Тошканд – Самарқанд», «Тошканд – Андиҷон», «Тошканд – Бӯстонлиқ», «Пунгон – Намангон» ва «Қаршӣ – Шаҳрисабз» оғоз меёбад.
***
Соли 2026 соҳаи нақлиёти Қирғизистон пурра ба пардохти ғайринақдии роҳкиро гузаронида мешавад. Дар ин бора kg.akipress.org24.kg хабар медиҳад.
Тағйирот пеш аз ҳама ба нақлиёти ҷамъиятии шаҳрдории Бишкек тааллуқ хоҳад дошт. Ҳоло 80% пардохтҳо аллакай дар шакли ғайринақдӣ сурат мегиранд, пули нақд 20% - ро ташкил медиҳад, аммо соли оянда пурра аз пардохти нақдӣ даст мекашанд.
Илова бар ин, соли ҷорӣ тағйироти зерин ба нақша гирифта шудааст:
- ҷорӣ намудани тавзеи лектронӣ барои назорати фосилаи ҳаракат, ба хати ҳаракат баромади автобусҳо ва ҳолати ронандагон;
- навсозии парки автомобилӣ. Дар назар аст, ки боз 300 автобуси нав барои ноҳияҳо харидорӣ карда мешавад ва онҳо дар семоҳаи дуюми соли 2026 ба хат мебароянд;
- оғози фаъолияти автобусҳои экспресс бо тарофаи алоҳида;
- таъсиси таксиҳои мунисипалӣ дар асоси мошинҳои барқӣ ба ҷои интиқолдиҳандагони хусусӣ;
- васеъшавии парки ҳавопаймоҳо. Интизор меравад, ки ҳавопаймои Q400 ворид ва ду ҳавопаймои миёнаи Airbus A321 харидорӣ карда шавад;
- анҷом додани рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ. Навоварии асосӣ дар ин самт фурӯши онлайни мошинҳо ва ҳуҷҷатсозии электронӣ барои мошинҳои намунаи нав хоҳад буд.
ДАР ҶАҲОН
Дар Русия қонун дар бораи сиёсат дар соҳаи нақлиёт таҳия карда мешавад. Вазорати нақлиёти Русия лоиҳаи қонунро дар бораи сиёсати давлатии нақлиётии кишвар таҳия мекунад ва нақша дорад, ки онро ҳамин баҳор ба Думаи давлатӣ ворид кунад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба муовини аввали Вазири нақлиёти ФР Константин Пашков.
Мо қонун дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи нақлиётро таҳия хоҳем кард, ки дар он бори аввал мафҳумҳои «нақлиёт», «системаи нақлиётӣ», «маҷмааи нақлиётӣ», «логистика» ворид карда мешаванд. Ин қонун дар бораи намудҳои алоҳидаи нақлиёт не, балки дар маҷмӯъ дар бораи системаи нақлиёт хоҳад буд, яъне санаде, ки имрӯз ҳам борфиристанда ва ҳам мусофир аз мо интизор аст», – гуфт Пашков дар конгресси олимони ҷавон.
Вай афзуд, ки вазорат ният дорад лоиҳаи қонунро дар ҷаласаи баҳорӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунад.
«Мо намудҳои алоҳидаи нақлиётро хуб танзим кардаем, аммо вақте бо шумо дар бораи маҷмааи нақлиётӣ сӯҳбат мекунем, калимаи “нақлиёт” дар қонунгузорӣ дар ҷое мавҷуд аст? Не», - шарҳ дод муовини вазир. Илова бар ин, Вазорат соли 2026 стратегияи муосири рушди нақлиётро то соли 2030 ва бо пешгӯӣ то соли 2035 тасдиқ мекунад, гуфт Пашков. Аз ҷумла, ба гуфтаи муовини аввали Вазир, дар ҳуҷҷат бахшҳое пайдо мешаванд, ки ба рушди илм ва маориф дар соҳаи нақлиёт бахшида шудаанд.
***
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар соли 2026 барои Арманистон, Беларус ва Қирғизистон имтиёзҳои тарифӣ барои мошинҳои барқӣ ҷорӣ мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосие хабар дод.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тасмим гирифт, ки барои воридоти мошинҳои барқӣ ба Арманистон, Белорус ва Қирғизистон дар соли 2026 имтиёзи тарифӣ диҳад. Дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё дар бораи озод кардани боҷи гумрукӣ барои мошинҳои барқӣ, ки соли 2026 ба кишварҳои муайяни ин иттиҳод ворид карда мешаванд, мувофиқа ҳосил шуд.
Ин қарор танҳо ба «электричкаҳои тоза» бо рамзи 8703 80 000 3 ТН ВЭД ЕАЭС дахл дорад, ки метавонанд ба Беларус то 20 000 адад ворид карда шаванд. Ба Арманистон ва Қирғизистон ҳам «электричкаҳои тоза» ва ҳам «гибридҳои пайдарпай» ба ҳар як кишвар 15 000 адад бо рамзи 8703 80 000 5 ТН ВЭД ЕАЭС ворид карда мешаванд.
***
Tesla унвони беҳтарин истеҳсолкунандаи мошинҳои барқии ҷаҳонро аз даст дод: дар пасманзари қатъи имтиёзҳои андоз барои харидорон дар ИМА ва рақобати шадид дар хориҷа, фурӯши мошинҳои ин ширкати чинӣ ду сол боз пай дар пай коҳиш меёбад. Дар ин бора агентии Associated Press навиштааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба МИА «Казингформ».
Tesla хабар додааст, ки дар соли сипаришуда 1,64 миллион адад мошин истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли гузашта 9 фоиз камтар аст.
Рақиби Tesla – ширкати дигари чинӣ BYD, ки соли гузашта 2,26 миллион мошин фурӯхтааст, ҳоло бузургтарин истеҳсолкунандаи мошинҳои барқӣ дар ҷаҳон шудааст.
Ин як гардиши аҷибест барои як ширкати мошинсозӣ, ки афзоиши он замоне бебозгашт ба назар мерасид: Tesla аз мошинсозони анъанавӣ бо захираҳои хеле калон пеш гузашт ва щатто ба Илон ба Маск кӯмак кард, ки сарватмандтарин одами ҷаҳон шавад.
Дар семоҳаи чорум фурӯши мошинҳо 418 227 ададро ташкил дод, ки аз пешгӯии 440 000, ки таҳлилгарони пурсидашудаи FactSet интизор буданд, камтар аст.