Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои соли 2026 муайян намуд

Санаи нашр: 08-01-2026 Просмотрено: 125

Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар он аз натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаву муассисаҳои тобеи он дар соли 2025 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои соли 2026 муайян карда шуданд.

Ҷаласа бо иштироки намояндаиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорат, сарварони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои тобеи Вазорат, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор доир гардид.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳайати мушовара Азим Иброҳим оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат ва корхонаву муассисаҳои тобеи он дар самти бунёду таҷдид, нигоҳдории роҳу пулҳо ва дигар иншооти инфросохторӣ, корҳои лоиҳакашӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҳамлу нақли бор ва мусофирон, ташкили долонҳои нақлиётӣ, хизматрасонии нақлиётию логистикӣ, назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, омодагӣ ба мавсими зимистон сарфи маблағҳои буҷетӣ ва ғайра гузориши муфассал ироа намуд.

Муовини Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимзода низ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа суханронӣ кард.

Дар ҷаласа ба натиҷаҳои дар соли сипарпишуда бадастомада баҳои мусбат дода, ҳамзамон ба як қатор камбудию норасоиҳои мавҷуда ишора карда шуд ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо пешниҳодҳои мушаххаст баён гардид.

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иштирокчиёни ҷаласаро ба зарурати боз ҳам баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, сохтмону таҷдиди инфрасохтори роҳу нақлиёт, нигоҳдории роҳҳо, кушодани хатсайрҳои нави байналмилалии боркашонӣ ва мусофирбарӣ, ҷалби бештари сармояи мустақим, тезонидани раванди рақамикунонӣ, тақвият бахшидани корҳо оид ба назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла дар самти ҳаракати мошинҳои гаронвазн мутаваҷҷеҳ сохт.

Аз ҷумла, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ташкили интиқоли мултимодалии бор тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан дар масири «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон –Туркия», таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳакашӣ ва оғози сохтмони роҳи оҳани нав дар қитъаи «Ҷалолиддини – Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи поён», дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони ватанӣ тақвият бахшидани таъмиру азанавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва ғайра ба корхонаю муассисаҳои марбутаи тобеи вазорат супоришои мушаххас дода шуд.

«Соли равон 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бинобар ин роҳбарияти вазорат, корхонаю муаассаҳои тобеи он ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, инчунин нақшаҳои тарҳрезишуда бояд тамоми тадбирҳои заруририро амалӣ намоянд», – таъкид намуд дар фарҷоми ҷаласа Вазири нақлиёт.

Аз рӯи масъалаи муҳокимашуда ҳайати мушовара қарори дахдор қабул намуд.