Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 07-01-2026 Просмотрено: 11

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қабул намуд.12 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи Иҷлосияи 80-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки бо назардошти амалисозии муваффақонаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки ин ташаббус ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шавад ва соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Бо ироаи ин пешниҳод, Роҳбари давлат аҳамияти умумиҷаҳонии маърифати ҳуқуқиро ҳамчун пояи асосии адолат, мудирияти муассир ва сулҳи пойдор таъкид намуданд.

Санади мазкур соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон менамояд, ки ин рӯйдод қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати ташвиқи ҷомеаҳои огоҳ, адолатпеша ва масъулиятпазир ба ҳисоб меравад.

Инчунин қатънома нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди омӯзиши ҳуқуқ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва роҳбарии дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббуси навбатиашон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шуд, эътироф менамояд.

Ин ташаббус дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. Он инчунин бо уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат дар соҳаи ҳуқуқи инсон мувофиқат карда, бори дигар аз омода будани Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи уҳдадориҳои худ дар доираи механизмҳои ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад.

***

Дар Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2026-2030 қабул гардид. Барнома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 652 аз 26 ноябри соли 2025 тасдиқ шудааст.

Барномаи нав барои тағир додани муносибат ба содирот пешбинӣ шудааст, то кишвар аз молу маҳсулот ва хизматрасниҳои худӣ даромади бештар ба даст орад. Ин маънои онро дорад, ки ашёи хом дар дохили кишвар коркард карда, либос, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизоти барқӣ истеҳсол гардад ва ба хориҷа фурӯхта шавад.

Бо ин мақсад, Барнома ислоҳоти фаъолро пешбинӣ мекунад: рушди логистика, хизматрасниҳои рақамӣ, технологияҳои «сабз» ва дастгирии брендҳои миллӣ. Дар натиҷа, содирот метавонад то 4,5–4,8 миллиард зиёд шавад ва ҳиссаи маҳсулоти тайёр ба таври назаррас афзоиш ёбад.

***

Нуралӣ Арабзода Раиси нави Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд. 24 декабр Дар Душанбе маҷлиси ғайринавбатии умумии интихоботии ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дар ҷаласа Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода Раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд.

Бо интихоби роҳбари нав, иштирокчиён изҳори умедворӣ карданд, ки дар оянда дастгирии варзишгарон тақвият дода мешавад ва дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боз ҳам намоёнтар хоҳанд шуд.

***

Соли 2025 дар Тоыикистон корхонаю муассисаҳои нави нақлиётӣ таъсис дода шуда, ба хизматрасонии нақлиётӣ пардохтанд. Дар ин бора Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим дар мулоқоти анъанавӣ бо роҳбарони корхонаву ташкилотҳои нақлиётии кишвар, ки 30 декабр дар Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғд ҶДММ «Истиқлол Грин», дар шаҳри Душанбе – ҶДММ «Эко такси», ҶДММ «Сафо такси», ҶДММ «Ковиён» ва дар минтақаи Бохтар вилояти Хатлон ҶДММ «Муроду Аҳмад» ва ҶДММ «Мусофирирбар» таъсис дода шудаанд.

Дар айни замон, дар робита бо ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатномаашон фаъолияти ҶДММ «Тавдем»- и ноҳияи Роштқалъа ва ҶДММ «Шер» - и шаҳри Хоруғи ВМКБ қатъ карда шуд.

***

Нуралӣ Арабзода Раиси нави Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд. 24 декабр дар Душанбе маҷлиси ғайринавбатии умумии интихоботии ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дар ҷаласа Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода Раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд.

Иштирокчиён изҳори умедворӣ карданд, ки бо интихоби роҳбари нав дар оянда дастгирии варзишгарон тақвият дода мешавад ва дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боз ҳам намоёнтар хоҳанд шуд.

ДАР МИНТАҚА

Қирғизистон ба системаи иҷозатномаҳои ягонаи ТРАСЕКА барои боркашонӣ ба Аврупо ҳамроҳ шуд. Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар тартиби пайвастан ба системаи иҷозатномаҳои бисёрҷонибаи долони «Аврупо – Кавказ – Осиё (ТРАСЕКА)» - ро ба анҷом расонид, ки ин дастрасии молҳои ватаниро ба бозорҳои хориҷӣ осон мекунад. Дар ин бора 16 декабр Economist.kg хабар дод.

Татбиқи механизми нав интиқолдиҳандагонро аз бори расмиятпарастӣ (бюрократӣ) озод мекунад. Ҳоло ба ширкатҳо лозим нест, ки барои ҳар як давлат ҳуҷҷатҳои алоҳидаро дар масири ҳаоакат гиранд, тавре ки қаблан дар доираи созишномаҳои дуҷониба талаб карда мешуд. Рухсатномаи ТРАСЕКА универсалӣ аст: он ҳуқуқ ба ронанда медиҳад, ки интиқоли дуҷониба, транзитӣ ва инчунин интиқоли бор ба/аз кишварҳои сеюмро иҷро кунад.

***

Роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Узбекистон»: маблағгузорӣ тақсим карда шудааст. Муовини Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Торобаев дар маросими имзои созишномаи қарзӣ, ки барои маблағгузории лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон –Узбекистон» пешбинӣ шудааст, иштирок кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Ҳукумати кишвар хабар медиҳад.

Созишнома байни ҶДММ «Ширкати роҳи оҳани Чин–Қирғизистон– Узбекистон» (ширкати муштараки лоиҳавӣ) ва синдикати бонкҳои Чин, ки Бонки давлатии рушди Чин ва «Эксимбанк»-ро дар бар мегирад, баста шудааст.

Арзиши умумии лоиҳаи буёди роҳи оҳан 4,7 миллиард доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Нисфи маблағ, тақрибан 2,3 миллиард долларро Чин ҳамчун қарзи 35-сола ба ширкати муштараки лоиҳа, ки аз ҷониби се кишвар таъсис ёфтааст, пардохт мекунад.

ДАР ҶАҲОН

Дар Думаи давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия зидди маҳдудиятҳои ронандагӣ барои пиронсолон овоз доданд. Палатаи поёнии Маҷлиси Федеролии Русия ва Вазорати корҳои дохилии кишвар пешниҳодҳои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои синну сол барои ронандагони то 65-соларо рад карданд. Инро шарҳҳои расмӣ ва вокуниши вакилоне, ки суханони онҳоро ТАСС чоп кардааст, тасдиқ мекунанд.

Тавре дар хабар гуфта мешавад,мешавад, қаблан Вазорати корҳои дохилӣ лоиҳаи Стратегияи бехатарии ҳаракати роҳро таҳия карда буд, ки дар он шахсони аз 60-сола боло ба гурӯҳи хатарзо дохил карда шуданд, аммо тадбирҳои мушаххас пешниҳод нашуданд. Пас аз танқиди коршиносон, ки ба муҷмал ва умумӣ будани ҳуҷҷат ишора карданд, роҳбари ВКД Владимир Колоколтсев тасмим гирифт, ки банди вобаста ба манофеи иштирокчиёни пиронсоли ҳаракат дар роҳро истисно кунад.

Дар баробари ин, дар Думаи давлатӣ низ ташаббуси коршиносон дар бораи манъи додани ҳуқуқи рондани автомобилӣ синнашон аз 65-сола боло дастгирӣ карда нашуд ва онро зиёдатӣ ва табъизӣ номиданд.

***

Дар Русия шуруъ аз 3 январ шаҳодатномаҳои ронандагии муҳлаташон ба охир расидаро иваз кардан мумкин аст. Ронандагони ин кишвар аз 3 январи соли 2026 метавонанд шаҳодатномаҳои ронандагии муҳлаташон ба охир расидаро иваз кунанд, зеро муҳлати тамдиди онҳо 31 декабри соли 2025 ба анҷом расид. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2022 то 31 декабри соли 2025 шаҳодатномаи ронандагии муҳлаташ ба охир расида ба таври худкор 3 сол тамдид карда мешуд.

***

Дар Синзян дарозтарин дар ҷаҳон нақби баландсуръати автомобилӣ ифтитоҳ шуд. Он дар шимолу ғарби Чин, дар дили кӯҳҳои Тёншон сохта шудааст, хабар дод 26 декабр портали chinadaily.com.cn.

Диқиқ карда мешавад, ки дарозии нақби «Тёншон Шэнли», ки дар шоҳроҳи автомобилгарди G0711 «Урумчи — Юйли» дар Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур ҷойгир аст, аз 22 километр зиёд аст. Умқи ҳадди аксари нақб 1,1 километрро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки он 16 минтақаро убур мекунад.

Гуфта мешавад, ҳаракат тавассути иншооти нав имкон медиҳад, ки вақти сафар аз чанд соат то 20 дақиқа кам карда шавад.

Дар ҳамон рӯз худи шоҳроҳи G0711 бо дарозии зиёда аз 324 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои сохтани он панҷ сол лозим шуд ва ҳаҷми умумии сармоягузорӣ тақрибан 47 миллиард юанро ташкил дод, ки аз 6,63 миллиард доллари ИМА зиёд аст.

***

Нархи мошинҳои ҳибридӣ (омехта) ва мошинҳои барқӣ боло меравад: имтиёзҳои андоз дар Озарбойҷон ба поён расаиданд. Аз 1 январи соли 2026 дар ин кишвар имтиёзи андоз аз арзиши иловашуда барои воридот ва фурӯши мошинҳои ҳибридӣ ва барқӣ қатъ карда мешавад. Дар ин бора Oxu.az хабар медиҳад.

Тибқи пешбинии буҷети давлатӣ барои соли 2026, даромад аз андоз аз арзиши иловашуда барои молҳои воридотӣ 4 миллиарду 750 миллион манатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли ҷорӣ 182 миллион манат зиёд аст. Ин маънои онро дорад, ки аз аввали соли ҷорӣ андоз аз арзиши иловашуда барои ворид кардани ҳамаи мошинҳои ҳибридӣ ва электрикӣ бо меъёри пурра ситонида мешаванд. Ин тадбир ба арзиши нақлиёти экологӣ таъсири назаррас мерасонад.

***

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сахттар карда шуданд: зиндон ва ҷарима ба маблағи 10 000 дирҳам. Дар он ҷо Қонуни федеролии навшудаи ҳаракат дар роҳ эътибор пайдо кард, ки мӯҳлати ҳадди аксари маҳрум сохтан аз шаҳодатномаи ронандагиро то се сол барои ронандагоне, ки дар қонуншиканиҳои ҷиддӣ гунаҳкор дониста шудаанд, муқаррар мекунад. Навовариҳо ба баланд бардоштани сатҳи амният дар роҳҳои кишвар нигаронида шудаанд, хабар медиҳад Gulf News.

Тибқи қонун, ҷазоҳо барои онҳое, ки пас аз маҳрум шудан аз шаҳодатномаи ронандагӣ бо қарори суд ё нозироти роҳ ронандагиро идома медиҳанд, сахттар карда мешаванд. Ба вайронкунандагони қонун то се моҳи зиндон, на камтар аз 10 ҳазор дирҳам ҷарима ё ҳарду ҷазо дар як вақт таҳдид мекунад.

***

Дар Русия таҷҳизоти бесарнишини автоматикунонидашудаи мумфарш кардани роҳҳо сохта шудааст. Моҳи октябри соли 2025 муҳандисони холдинги «Маҷмааҳои дақиқ» бори аввал дар Русия тарзи пурраи силсилаи автоматикунонидашудаи мумфаршкунии роҳро ба намоиш гузоштанд, хабар медиҳад Cnews.ru.

Хусусияти калидии маҷмааи пешниҳодшуда қобилияти кор кардани техника бо дахолати ҳадди ақали оператор мебошад. Муаррифии технологияи пешрафта гузариши сохтмони роҳҳои Русия ба тарзи нави технологӣ дар соли 2025 мебошад.

***

Шаҳре, ки бо тӯлонитарин тамбашавии автомобилӣ дар ҷаҳон маъруф аст, ном бурда шуд. Шаҳри сеаҳолии Истамбули Туркия дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт – ин дафъа аз сабаби вазъи ташвишовари тамбашави нақлиёти автомобилӣ. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Kazinform хабар медиҳад. Бино ба таҳқиқоти нави ширкати таҳлилии Inrix, шаҳр дар рейтинги ҷаҳонӣ оид ба сатҳи бандшавии роҳҳо ба ҷои якум баромад ва дар ин бобат аз шаҳрҳои сераҳолии Ню-Йорк, Чикаго, Мехико ва Лондон пеш гузашт.

Тибқи гузориш, ҳар як сокини Истамбул ҳамасола тақрибан 105 соатро бинобар тамбашавии нақлиёт дар роҳҳо аз даст медиҳад. Барои шаҳре, ки теъдоди аҳолии он ҳудуди 20 миллион нафарро убур кардааст, мушкилоти тамбашавии нақлиёт яке аз мушкилоти шадидтарин боқӣ мемонад. Коршиносон тазаккур медиҳанд, ки танҳо дар як соли охир вазъ 15% бадтар шуд, ки ин яке аз ҷаҳишҳои назаррас дар байни шаҳрҳои ҷаҳон аст.

Тадқиқот 900 шаҳрро дар 37 кишвар фаро гирифтааст, ки раддабандиро ба яке бузургтарин дар ҷаҳон табдил медиҳад. Пештар, дар соли 2024 ҷои аввалро дар чунин раддабандӣ шаҳри Чикагои Амрико ишғол карда буд.

***

Ронандагони муҳоҷир дар ИМА аз сабаби надонистани забони англисӣ аз кор маҳрум мешаванд. Аз моҳи июни соли 2025 дар ин кишвар қоидаҳои нав амал мекунанд, ки ронандагони воситаҳои нақлиёти тиҷоратӣ бояд аломатҳои роҳро фаҳманд, бо хизматчиёни давлатӣ муошират карда тавонанд ва ҳуҷҷатҳоро бо забони англисӣ тартиб диҳанд.

Ҳатто ронандагони ботаҷриба, ки солҳои зиёд дар ИМА кор кардаанд, агар аз санҷиши забонӣ нагузаранд, шаҳодатномаи ронандагиро аз даст медиҳанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати то 14 декабри соли 2025, барои ноком шудан дар санҷиши забони англисӣ беш аз 9500 ронандаи мошинҳои боркаш аз кор озод карда шуданд.