Хабарҳо

slider_img
slider_img

МУКОФОТ МУБОРАК! Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Медали тиллои Академияи байналмилалии муҳандисӣ сарфароз гардонида шуд

Санаи нашр: 03-01-2026 Просмотрено: 13

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим барои саҳми шоиста дар рушди илми геология ва татбиқи долонҳои нақлиётии байнидавлатӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо Медали тиллои Академияи байналмилалии муҳандисӣ (АБМ) сарфароз гардонида шуд.

Зери санади расмӣ дар ин бора 18 июни соли 2025 Президенти АБМ Борис Гусев ва Саркотиби илмии ин муассиса Леонид Иванов имзо кардаанд. Бо дархости АБМ мукофотро ба Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим 22 декабри соли 2025 дар вазъияти ботантана Президенти Академияи муҳандисии Тоҷикистон, академик Лутфулло Саидмуродзода ва ноиби ӯ, академик Муним Абдусаматов супориданд.

Мавриди зикр аст, ки Академияи байналмилалии муҳандисӣ дар Маскав дар заминаи Академияи муҳандисии собиқ ИҶШС баҳри ҳамкорӣ ва ҳамгироии фаъолияти муассисаҳои миллии муҳандисӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳандисӣ ва илмию техникӣ, таҳияи технологияҳои илмӣ ва таъмини шароити мусоиди экологии ҳаёти одамон таъсис дода шудааст.

АБМ 24 декабри соли 1991 аз ҷониби Вазорати адлияи Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудааст. Соли 1993 академия аз ҷониби муассисаи махсуси СММ оид ба рушди саноат ЮНИДО (United Nations Industrial Development Organization? UNIDO) мақоми машваратӣ гирифт.

Дар доираи АБМ ҳамкории олимон, муҳаққиқон ва муҳандисон дар қаламрави ҷумҳуриҳои пасошуравӣ ва хориҷаи дур идома дорад. Аксарияти аъзои ҳақиқӣ ва вобастаи академияро донишмандони ва муҳандисони кишварҳои ИДМ ташкил медиҳанд.

Ба ҳайати академия инчунин олимону мутахассисони Австралия, Булғория, Олмон, Гурҷистон, Италия, Чин, Литва, Лаҳистон, Сербия, Словения, ИМА, Фаронса, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо интихоб карда шуданд.

Дар ҳайати Академияи байналмилалии муҳандисӣ ҳамчун аъзои ассотсиатсияшуда академияҳои миллии муҳандисии Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон фаъолият кардаанд. Намояндагиҳо ва шӯъбаҳои АБМ дар Беларус, Булғория, Руминия, Юнон, Молдова ва Тайван таъсис дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Азим Иброҳим соли 1984 Донишгоҳи давлатии техникии Тошкандро бо баҳои аъло хатм карда, соли 1992 дар Донишкадаи давлатии кӯҳии Маскав (Русия) рисолаи илмӣ ҳимоя намуд ва дипломи номзади илмҳои техникиро соҳиб шуд. Солҳои 1992-1994 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба шогирдон дарс додааст.

Дар вазифаҳои муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии назорати техникии назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, муовини Вазири саноати кишвар, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумиати ҶТ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Солҳои 2000-2001 Азим Иброҳим беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон эътироф шудааст. Муаллифи 10 китоб (панҷ китоб дар ҳаммуаллифӣ), зиёда аз 110 мақолаи илмии нашршуда ва 10 ихтироот (шаш ихтироот дар ҳаммуаллифӣ), узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон, Академияи байналмилалии захираҳои минералии Русия ва Академиями байналмидлалии нақлиёт мебошад. Бо медали «Нақлиётчии фахрии ИДМ» мукофонида шудааст.

Тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф», медали «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва унвони ифтихории «Корманди шоистаи ҶумҳурииТоҷикистон» сарфароз гардидааст.