Аз рӯи анъана дар арафаи Соли нав, 30 декабр, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои нақлиётӣ мулоқот доир намуд. Ба толори калони Хонаи фарҳанги КВД «РОТ» роҳбарони воҳидҳои сохтории дасгоҳи марказии Вазорати нақлиёт, корхонаю ташкилотҳои нақлиётӣ, муассисаҳои тобеи вазорат ва намояндагони роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ даъват карда шуданд.
Дар назди иштирокчиёни вохӯрӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим роҷеъ ба иҷрои вазифаҳо ва тадбирҳои дар ҷараёни вохӯрии қаблӣ додашуда оид ба беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки соҳаи нақлиёти автомобилӣ яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодиёти мамлакат буда, вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ 95 фоизи боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар миқёси мамлакат тавассути ин намуди нақлиёт амалӣ карда мешавад.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ҳадафҳои стратегии рушди кишвар муайян карда шудаанд ва вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафт дониста мешаванд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи роҳу нақлиёт аҳамияти махсус медиҳанд.
Вазир иттилоъ дод, ки бо ин мақсад соли 2025 дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 236 километр роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти роҳу нақлиёт тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар айни замон дар соҳаи нақлиёт 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ амалӣ карда мешавад. Соли 2026 сохтмон ва таҷдиди 300 километри роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маблағи 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.
«Беҳдошти дастрасӣ ва сифати на танҳо роҳҳо ва пулҳои сохташаванда, балки хизматрасониҳои нақлиётӣ, ки пеш аз ҳама аз корхонаю ташкилотҳои нақлиётӣ вобаста аст, зарур аст», - таъкид кард Вазир.
Дар айни замон дар кишвар 225 корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 79 адади онҳо бо боркашонӣ, 71 адад бо мусофирбарӣ ва 75 ададашон бо фаъолияти омехта машғуланд. Аз ин шумора танҳо 107 корхона заминаи моддию техникии худро доранд, 112 корхонаи боқимонда воситаҳои моддию техникии худро тибқи шартнома ба иҷора мегиранд ва истифода мебаранд.
Чунин вазъ, ба гуфтаи Вазири нақлиёт, сабаби он мегардад, ки на ҳама корхонаю ширкатҳо ба мизоҷон хизмати босифат ва муассир мерасонанд ва ба талаботи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла қоидаҳои ҳамлу нақл ҷавобгӯ мебошанд.
Азим Иброҳим таъкид кард, ки вазорат барои ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона кор хоҳад кард, то субот ва рушди устувори системаи логистика, нақлиёт ва қаноатмандии муштариён таъмин карда шавад.
Бо ин мақсад, аз ҷумла, ҳамкории байналмилалӣ дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ густариш хоҳад ёфт. Шумораи ҳуҷҷатҳои имзошуда 54 ададро ташкил медиҳад, ки 27 адади онҳо созишномаҳои дуҷониба бо 16 давлат мебошанд. Ҳамзамон тавассути қаламрави кишвар 10 долони байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла дар доираи ЦАРЭС (Central Asia Regional Economic Cooperation Program, CAREC) 4 долон, ТРАСЕКА (Transport Corridor Europe Caucasus Asia, TRACECA) – 2 долон, Шабакаи шоҳроҳҳои Осиё (Asian Highway network) – 3 долон ва Созишномаи Аврупо оид ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ (European Agreement On Main international traffic arteries, AGR) – 1 долон мегузаранд.
Корҳо оид ба фаъолсозии долони нави мультимодалии ТУТИТ (Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия) идома доранд.
Бояд тазаккур дод, ки моҳи сентябри соли 2025 дар Пекин байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид, ки дар баробари ҳамлу нақли дуҷониба имкон медиҳад интиқол аз/ба кишвари сеюм ва транзит тавассути қаламрави Чин анҷом дода шавад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 май соли 2025 лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия дар бораи интиқоли байналмилалии мусофирон ва борҳо маъқул дониста, дар марҳилаи тасдиқ қарор дорад.
Ҳамзамон лоиҳаи Созишнома оид ба гузариши ягонгаи транзитии ТРАСЕКА, лоиҳаи Созишнома «Дар бораи интиқоли байналмилалии мусофирон ва борҳо» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъқул донистани лоиҳаи созишнома бо Маҷористон дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.
Барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, вазорат ният дорад як қатор лоиҳаҳои созишномаҳои дуҷонибаро дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Литва, Туркия, Булғористон, Молдова, Эстония ва дигар давлатҳо имзо кунад.
Дар вазорат КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» фаъолият мекунад, ки соли гузашта аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Марказ рақамикунонии тамоми равандҳои соҳаи нақлиётро дар ҳамкории зич бо Агентии инноватсия ва технологияҳои нав оғоз кардааст.
Инчунин бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи роҳу нақлиёт» таъсис дода, барои рушди кадрҳои баландихтисоси соҳа дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ асоси муътамад гузошта шуд.
Вазири нақлиёт зикр кард, ки дар натиҷаи татбиқи барномаи рақамикунони роҳхату борхатҳо шумораи онҳо афзудааст ва нишондиҳандаҳои соҳа баланд шуданд. Дар айни замон корҳои асосӣ оид ба рақамикунонии соҳа дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд, навоҳии тобеи марказ, минтақаҳои Кӯлоб, Бохтар ва Рашт ба анҷом расонида, фаъолияти корхонаю ташкилотҳои нақлиётии онҳо тибқи барномаи рақамӣ ба роҳ монда шудааст.
«Дар соли 2026 ҳама шаклҳои роҳхату борхат ва сойири варақаҳои ҳамлу нақл тавассути барномаи мобилӣ ба кор андохта мешаванд, ба ибораи дигар, ҳуҷҷатҳои электронии ҳамлу нақл ҳатмӣ хоҳанд шуд», - гуфт ӯ.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва воҳидҳои сохтории он дар давоми соли 2025 барои риояи шартҳо ва талаботи иҷозатномадиҳӣ тадбирҳои мунтазами санҷишӣ доир намуданд. Мутаассифона, натиҷаҳои санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти аксари корхонаю ширкатҳои нақлиётӣ камбудиҳои ҳамсон, аз ҷумла, риоя накардани талабот ба гузаронидани муоинаи тиббӣ пеш аз сафар, талабот ба ҳолати техникӣ ва истифодаи воситаи нақлиёт, номувофиқии тахассуси кормандон ба вазифа, набудани сертификати мутобиқати кор ва хизматрасонӣ ва салоҳияти касбии кормандон мавҷуданд, ки боиси коҳиш ёфтани бехатарӣ, афзудани садамаҳои нақлиётӣ ва хизматрасонии пастсифат ба мизоҷон мегарданд.
Барои чунин камбудиҳои ошкоршуда дар ҶДММ «Сайёҳон», ҶДММ «Холдинг гуруҳ», ҶДММ «ХНА Шараф», ҶДММ «Роҳнамо», ҶДММ «Дилшод транс», ҶДММ «Усто Амир», ҶДММ «Коровонсарой», ҶДММ «Нури Истиқлол», ҶДММ «МНА 35», ҶДММ «Боркашон», КВДК «Троллейбус» тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дахлдор тартиб дода, ҷаримаҳо таъйин карда шуданд.
«Дар соли 2026 ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳои нақлиётӣ боз ҳам бештар тақвият дода мешаванд», - таъкид кард Азим Иброҳим.
Вазир бо таассуф зикр намуд, ки дар бисёр корхонаҳои нақлиётии маҳаллӣ дарки аҳамияти ҷорӣ намудани технологияҳои нав вуҷуд надорад, ба рақамисозӣ, саривақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои боркашонӣ, риояи меъёрҳои вазн ва андозаи мошинҳои боркаш диққати кофӣ дода намешавад. Дар баъзе ноҳияҳо соҳати майдони барои терминалҳои мусофирбарӣ ҷудошуда кофӣ нест ва дар 15 шаҳру ноҳияҳо, ба монанди Норак, Роғун, Муъминобод, Балҷувон, Носири Хусрав, Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Ванҷ, Мурғоб, Роштқалъа, Варзоб, Сангвор, Лахш, Нуробод корхонаи нақлиётӣ умуман вуҷуд надорад.
Дар робита ба ин, Вазири нақлиёт ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намуд, ки бо вазорат ҳамкории зич ба роҳ монда, якҷоя бунёди корхонаҳои нақлиётӣ ва ташкили терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашониро дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ба нақша гиранд ва амалӣ намоянд.
«Ташкили муносибатҳои байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, шарикии давлатӣ ва хусусӣ (ШДБХ) барои рушди системаи нақлиётӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ муҳим аст. Дар кишварамон Қонун “Дар бораи шарикии давлатӣ ва хусусӣ” қабул шудааст», – гуфт ӯ.
Ба ақидаи Вазир, яке аз шаклҳои ШДБХ ин созишномаи консессионӣ мебошад, ки дар он шарики хусусӣ иншооти инфрасохторро сохта ё таҷдид мекунад, мавриди истифода қарор медиҳад ва аз истифодаи он даромад ба даст меорад.
Дар анҷоми мулоқот Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии Соли нави 2026 табрик гуфт.