Тоҷикистон ва Узбекистон лоиҳаи озмоиширо ҷиҳати истифодаи долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон –Туркия-Аврупо» ба кор медароранд: корвони иборат аз 10 мошини пурбор аз Узбекистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ҷониби Чин мешавад. Дар ин бора вазирони нақлиёти ду кишвар Азим Иброҳим ва Илҳом Махкамов дар музокироти ахири худ ба мувофиқа расиданд.
Намояндаи Узбекистон дар фаъолияти маркази Минтақавии дипломатияи нақлиётӣ, ки дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст, иштирок хоҳад кард. Дар якҷоягӣ Тоҷикистон ва Узбекистон метавонад ҳамлу нақлрро бо Чин тавассути долони нави мултимодалӣ оғоз кунанд. Рухсатномаҳо барои интиқоли бор дар шакли электронӣ дода мешаванд. Дар ин бора вазирони нақлиети ду кишвар Азим Иброҳим ва Илҳом Маҳқамов дар музокироти худ, ки чанде пеш доир гардида буд, ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора дар ҷаласаи Комиссияи муштарак оид ба рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ки 22-23 декабри соли 2025 шаҳри Самарқанд баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода ва ҳайати Узбекистонро муовини аввали Вазири нақлиёти ин кишвар Маманбий Умаров роҳбарӣ карданд.
Ҷонибҳо, аз ҷумла, изҳори омодагӣ карданд, ки дар қолаби озмоишӣ интиқоли бор байни Узбекистон ва Чинро тавассути қаламрави Тоҷикистон бо истифода аз долони нақлиётии мультимодалии «Чин – Тоҷикистон –Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» оғоз кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ин долон 18 октябри соли 2022 дар Душанбе, дар ҷараёни Конфронси байналмилалии «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётӣ миени Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа» муаррифӣ гардида буд.
Инчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки қобилияти гузаргоҳи сарҳадии «Ҷартепа — Саразм», ки дар қаламрави ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, дар сарҳади Узбекистон ва Тоҷикистон ҷойгир аст, зиёд карда шавад. Дар он ҷо Маркази нави логистикӣ таъсис дода мешавад, ки метавонад дар як шабонарӯз то 100 мошини боркашро бо сабти сареъи аснод ва мадорик гузаронад.
Ғайр аз он, дар наздикии сарҳад Маркази ташхис барои хизматрасонии тиббии ҳамарӯза ба 150-200 нафар муроҷеъ, ҳамчунин маҷмааи савдо барои 800 нафар соҳибкор таъсис дода мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва тиббӣ «бе гузаштани назорати шиноснома, ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ ва навбатҳои тӯлонӣ» истифода баранд.
Инчунин комиссия имкониятҳои зиёд кардани шумораи бланкҳои рухсатномаҳо барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва интиқоли онҳоро ба шакли электронӣ баррасӣ кард.
Иштирокчиёни ҷаласа вазифаҳо ва табирҳоеро, ки дар оянда амалӣ мешаванд, муайян карданд.
Қарор дода шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад. Мӯҳлати баргузории он тавассути роҳҳои дипломатӣ иловатан мувофиқа карда мешавад.