Хабарҳо

slider_img
slider_img

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТИ ҶТ БО МУШОВИРИ САФОРАТИ ҶМЧ. Ҷонибҳо рушди ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Санаи нашр: 24-12-2025 Просмотрено: 23

24 декабр Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо мушовири масоили тиҷоративу иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ мулоқот кард. Мавзӯи асосии муҳокима рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ буд.

Вазири нақлиёти ҶТ ба ҷониби Чин барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт ва рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар изҳори сипос намуда, зикр кардд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад.

Сипас намояндаи Сафорати ҶМЧ, дар навбати худ, барои ҳамкории судманд дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки роҳу нақлиёт, инчунин саҳми Вазорати нақлиёти ҶТ дар расонидани кӯмаки ҳамаҷониба дар интиқол ва бистарӣ сохтани кормандони ширкати чинии «China Road & Bridge Corporation», ки чанде пеш ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ бар асари ҳамлаи шахсони номаълум аз қаламрави Афғонистон захмӣ шуда ва осеб бардоштанд, миннатдории ҷониби Чинро баён дошт.

Дар робита ба лоиҳаҳои сохтмони роҳи мошингарди «Мурғоб – Кулма», бунёди роҳҳои дуқабата (эстакада) дар буриши кӯчаҳои «Абай – А.Қаҳҳоров», буриши кӯчаҳои «А. Ҷомӣ – А. Қаҳҳоров», буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров» ва сохтмони пул дар болои дарёи Душанбе дар буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров» дар шаҳри Душанбе, мушовири Сафорати Чин Сун Хэ иттилоъ дод, ки лоиҳаҳои зикршуда аз марҳилаи мувофиқаи дохилисоҳавӣ дар ҶМЧ гузаштаанд.

Дар айни замон, ҳамкориҳои байни мутахассисони ҳарду ҷониб оид ба таҳия ва пешниҳоди маълумоти техникӣ ва дигар маводи зарурии соҳавӣ идома доранд ва интизор меравад, ки дар аввали соли 2026 ҳайати мутахассисони чинӣ барои амалҳои минбаъдаи марбут ба ин лоиҳаҳо ба Тоҷикистон ташриф оранд.

Азим Иброҳим изҳор дошт, ки Вазорати нақлиёт ва КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и вазорат омодаанд, ки маълумоти техникӣ ва дигар маводҳои соҳавии барои татбиқи лоиҳаҳо зарурро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаи татбиқи лоиҳаи таҷдиди гузаргоҳи назоратии «Кулма» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур ҳоло дар баррасии вазорату идораҳои дахлдори ҶТ қарор дорад ва дар ояндаи наздик назари ҷониби Тоҷикистон оид ба татбиқи он ба ҷониби Чин пешниҳод карда мешавад.

Дар мулоқот Вазири нақлиёти Тоҷикистон аҳамияти татбиқи лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи «Мурғоб – Кулма» (67 км, 78 миллион доллари ИМА), лоиҳаи сохтмони се роҳи дусатҳа (эстакада) ва пули мошинградро дар шаҳри Душанбе (58 миллион доллари ИМА) ва лоиҳаи азнавсозии гузаргоҳи назоратии «Кулма» (21,9 миллион доллари ИМА) -ро бори дигар таъкид кард ва зикр намуд, ки ин лоиҳаҳо дар асоси мувофиқаи миёни роҳбарияти олии ҳарду кишвар бадастомада амалӣ карда мешаванд ва ба ташаккули шароити мусоид барои ҳамлу нақл, ба кишвари ҷолиби транзитии минтақа табдил додани Тоҷикистон ва рушди долони мултимодалии нақлиётии «Чин -Тоҷикистон – Афғонистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия - кишвари Аврупо» ҳамчун масири кутоҳтарину қулай ва барои иқтисоди ҳарду кишвар судманд нигаронида шудаанд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.