23 декабр дар Вазорати нақлиёт бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 декабри соли 2025 дар ҷаласаи якҷояи палатаҳои Парлумони мамлакат ироа гардид, ҳамоиши кормандони соҳа баргузор шуд.
Ҷамъомадро муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ҳарф зад ва онро санади муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҷамъбасти марҳалаи муайян ва дурнамои минбаъдаи рушди кишвар, оинаи сиёсати хирадмандона, некбинона ва бунёдкоронаи Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.
Сипас дар назди иштирокчиёни ҳамоиш вакилони мардумӣ - муовини Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Маҷидзода ва узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуки инсони Парлумони мамлакат Наима Солеҳзода ба сухан баромада, моҳияти нуктаҳои Паёми Сарвари давлатро вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва гиромидошти мероси гаронбаҳои гузаштагони миллати тоҷик, ҳиссаи боризи бонувон ва ҷавони кишвар дар татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат шарҳу тавзеҳ доданд.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Нақлиёт» Хандонгул Доробова роҷеъ ба аҳамияти стратегии роҳу нақлиёт дар ҳаёти сокинони кишвар, ки дар Паёми Сарвари давлат махсус таъкид гардидааст, изҳори назар намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш муовини якуми Вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода масъулини соҳаро ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеоянд, муваззаф намуд.