Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТАЪМИРУ ТАҶДИДИ РОҲҲО ДАР ТУРСУНЗОДА. Раиси шаҳр фаъолияти Вазорати нақлиётро дар ин самт қадрдонӣ намуд

Санаи нашр: 19-12-2025 Просмотрено: 12

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёди 170 адад оид ишоот оид ба сохтмону таҷдиди роҳу нақлиёт ба нақша гирифта шудааст.

Шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои сарҳадӣ, саноатию истеҳсолӣ ва ободу зебои Тоҷикистон буда, дар он намояндагони миллатҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд.

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёди беш 450 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла 170 адад оид ба сохтмону таҷдиди роҳу нақлиёт ба нақша гирифта, то имрӯз беш аз 320 адад иншоот ба истифода дода шудааст.

Аз ҷумла, бо дастгирии Вазорати нақлиёт, Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокисияти давлатӣ ва соҳибкорону фаъолон дар маркази шаҳри Турсунзода 4,5 километр роҳи мошингард мумфарш гардида, роҳҳои деҳаҳои Зиёраттут, Сангқалъа, Чиртак ва Истиқлол-1-и деҳоти Навобод ба масофаи 8,1 километр бо истифода аз масолеҳи босифат асфалтпӯш карда шуданд. Инчунин дар деҳоти Работ 8,8 километр, Турсун Тӯйчиев 4,8, Ҷӯра Раҳмонов 6, Қаратоғ 4,6 километр роҳ мумфаршу бетонпӯш карда шуд.

Ташаббускорон азм доранд, ки амалҳои созандаро дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳо идома диҳанд.

Мавриди зикр аст, ки ду сол пеш, бо супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028» - ро таҳия ва тасдиқ намуд, ки феълан дар ҳоли иҷрошавӣ қарор дорад. Ин барнома аз ҳисоби панҷ манбаи маблағгузорӣ амалӣ карда мешавад: маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои Вазорати нақлиёт пешбинӣ шудаанд, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, буҷети мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони ватанӣ ва тавассути кӯмаки мутақобилаи сокинони маҳаллӣ (бо усули ҳашар).

Моҳи маи соли 2023 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба шаҳри Турсунзода бо лоиҳаи нақшаи генералии он шинос шуда, барои бунёди босифати иншоот, аз ҷумла роҳу пулҳо дастурҳои мушаххас дода буданд. Зеро роҳҳои автомобилгард дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим дошта, ҳамарӯза тавасути қаламрави шаҳри Турсунзода дар баробари рафтуои шаҳрвандон, ҳазорҳо тонна бор аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат ва хориҷи он интиқол дода мешавад.

Бо назардошти муҳимияти ин масъала масъулини Муассисаи давлатии  «Нигаҳдории роҳҳои автомобилгард»-и шаҳри Турсунзода ҳамаҷониба омодагӣ гирифтаанд, ки дар айёми сардиҳои зимистон ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиётро бе таъхир таъмин намоянд. 

Чанд рӯз пеш Сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Вализода барои саҳми арзандаи ин ниҳод дар ободонии роҳҳо бо Сипосномаи Раиси шаҳри Турсунзода тақдир гардид. 15 декабр дар ҷараёни ҷаласаи назоратӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ӯро ба ин муносибат табрик гуфт.