17 декабр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, БАТР (European Bank for Reconstruction and Development, EBRD) Холгер Вифел мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Вазорат бо Бонки мазкурро дар самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ намуданд.
Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо тезонидани татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва муосиргардонии инфрасохтори шаҳри Душанбе»-ро баррасӣ намуданд, ки он иншоотҳои зеринро дарбар мегирад:
1.Азнавсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи Н. Қарабоев то пули болои дарёи Душанбе – марҳилаи 1
2. Азнавсозии пул аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони С. Шерозӣ – марҳилаи
3. Сохтмони роҳи автомобилгард аз хиёбони Ҳ. Шерозӣ то буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров – марҳилаи 2
4. Азнавсозии хиёбони С. Шерозӣ аз кӯчаи А. Қаҳҳоров то кӯчаи С. Айнӣ – марҳилаи 2.
Зикр гардид, ки таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунии марҳилаи 1 дар корбарии ҷонибҳо қарор дошта, интизор меравад рӯзҳои наздик барои интихоби Пудратчӣ озмун эълон карда мешавад.
Ҳамзамон ҷонибҳо лоиҳаи пеш аз Асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони Маркази логистикии «Дӯстӣ» дар шаҳри Турсунзодаро баррасӣ намуданд.
Ҷаноби Холгер Вифел гуфт, ки БАТР барои амалӣ намудани лоиҳаҳои мазкур ҳавасманд буда, омодагии худро барои марҳила ба марҳила татбиқ намудани онҳо изҳор медорад.
Мавриди зикр аст, ки Бонки Аврупои таҷдид ва рушд дар татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории роҳу нақлиёти кишвар саҳми арзанда дорад. Дар соли 2025 бо ҷалби маблағҳои грантию қарзии Бонки мазкур лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Обигарм-Нуробод», марҳилаи 2 бомувафаққият анҷом дода шуда, сохтмони роҳи автомобилагарди «Данғара-Гулистон», ки соли 2025 оғоз гардид, қисман аз ҷониби Бонки мазкур маблағгузорӣ карда мешавад.
Инчунин дар доираи маблағҳои қарзии Бонки мазкур лоиҳаҳои рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда истодаанд.