Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Корманди Вазорати нақлиёт дар ин озмун соҳиби ҷои дуюм гардид

Санаи нашр: 18-12-2025 Просмотрено: 23

12 декабр дар Душанбе маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид. Корманди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Худойдодова сазовори ҷои дуюм ва диплом гардид.

Озмун бори сеюм бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Мақсади асосии озмун таъмини иштироки бештари занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ба ҳадди 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ва ба 25 фоиз расонидани шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон мебошад.

Дар марсими ыамъбасти озмун мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадҳо Меҳри Олимшо, муовини якуми Директори Агентии хизмати давлатӣ Фирдавс Абдуллозода, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Мадина Набизода, намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар иштирок намуданд.

Имсол беш аз 50 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд ва аз байни онҳо беҳтаринҳо бо дипломҳо, сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Қобили зикр аст, ки соли 2025 дар ин озмуни бонуфуз сармутахассиси Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзонв Худойдодова иштирок намуда, дар ҷамъбасти марҳилаи ҷумҳуриявӣ ба дарёфти ҷои дуюм сазовор гардид.

15 декабр дар ҷараёни ҷаласаи назоратӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ӯро табрик гуфт.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолгардонии нақши занон дар идоракунии давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва ҳукумат пазируфта шудааст. Дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва 2021-2030) ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 - 2030 қабул гардидаанд.