Лоиҳаи сохтмони пулҳо ва роҳҳои автомобилӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки дар доираи барномаи «Беҳтар намудани роҳҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» амалӣ мегардад ва аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, барандаи ҷоизаи бонуфузи байналмилалии FIDIC Contract Users' Awards-2025 дар номинатсияи «Лоиҳаи сол» гардид.
Ғолибони озмуни байналмилалии FIDIC Contract Users' Awards-2025 рӯзи 2 декабри соли 2025 дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ дар шаҳри Лондон эълон гардиданд. Дар сомонаи расмии FIDIC таъкид шудааст, ки созмондиҳандагони озмун аз лоиҳае, ки ҳаракати нақлиётро дар яке аз душвортарин минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ таъмин менамояд, таассуроти баланд бардоштаанд. Ҳайати доварон бахусус барои ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеаҳои маҳаллӣ, ки аз марҳилаҳои ибтидоии татбиқи лоиҳа ҷалб карда шудаанд, баҳои баланд доданд.Илова бар ин, татбиқи муназзами дастурамалҳои Бонки Ҷаҳонӣ оид ба риояи ҳассосияти гендерӣ, идоракунии сифати корҳои сохтмонӣ ва истифодаи самараноку шаффофи маблағҳо, ки ба коҳиши назарраси хароҷоти лоиҳа мусоидат намудааст, аз ҷониби ҳайати доварон баҳои баланд гирифт.
Ҳамаи ин дастовардҳо ба туфайли дастуру супоришҳо ва дастгирию роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти дастаҷамъонаи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4»-и назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба даст омадаанд.
Ба гуфтаи Директори Гуруҳи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4» Фаррух Неъматзода, хусусияти нодири ин лоиҳа дар он зоҳир мегардад, ки он дар шароити ниҳоят душвори кӯҳистон робитаи муҳими нақлиётиро, аз ҷумла, тавассути сохтмони пули нави Хоруғ, деворҳои зиддитармавӣ ва қитъаҳои ҳамрадифи роҳ дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъмин менамояд.
«Лоиҳакашӣ ва татбиқи лоиҳа равиши инноватсиониро инъикос кардаанд. Аз ҷумла, дар мавзеи Барсем деворҳои бетонии зиддитармавӣ барои муҳофизат аз фаромадани тарма ва сел, иншооти мустаҳкамсозии нишебӣ ва инчунин системаи нави заҳкашӣ пешбинӣ ва татбиқ гардидааст. Дар шаҳри Хоруғ бошад, пули нав аз болои дарёи Ғунд бо таҳкурсии сутундор ва конструксияи бетонии болопул сохта шудааст, ки устувории баландро дар минтақаи зилзилахез таъмин менамояд. Ин ҳалли техникии муосир бо дарназардошти тағйирёбии иқлим таҳия гардида, дарозумрӣ ва амнияти иншоотро кафолат медиҳад», — зикр намуд Фаррух Неъматзода.
Ҳамоаҳангсози лоиҳа лоиҳа Усмон Сиддиқов иброз дошт, ки корҳои сохтмонии роҳ дар минтақаи ВМКБ баҳои баланди ҳайати доваронро маҳз барои он касб намуданд, ки пурра ба панҷ принсипи «тиллоӣ»-и FIDIC мувофиқат карда, ҳамгироии меъёрҳои миллӣ бо кодексҳо ва принсипҳои байналмилалии FIDIC-ро ҷиҳати сохтмони устувор, бехатар ва мутобиқ ба тағйирёбии иқлим таъмин намуданд.
Маросими ҷоизасупории FIDIC Contract Users' Awards, ки имсол маротибаи ҳафтум баргузор мегардад, ба арзёбии дастовардҳои барҷастаи муҳандисӣ дар истифодаи шартномаҳои FIDIC дар татбиқи лоиҳаҳо бахшида шуда, ҳамзамон намунаҳои беҳтарини амалияи ҷаҳонӣ, ҳамкории касбӣ ва идоракунии муосирро дар соҳаи сохтмон ва инфрасохтор ба намоиш мегузорад.
Аз миёни шумораи зиёди дархостҳо ҳайати доварон ғолибонро дар панҷ номинатсия — «Лоиҳаи сол», «Фармоишгори сол», «Пудратчии сол», «Тренери сол» ва «Ширкати ҳуқуқии сол» муайян намуданд.
Номҳои барандагон дар маросими бошукуҳи ҷоизасупорӣ эълон гардид, ки дар доираи Конфронси байналмилалии FIDIC International Contract Users' Conference аз 1 то 4 декабри соли 2025 дар шаҳри Лондон (Британияи Кабир) баргузор шуд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Президенти FIDIC Алфредо Инглетти нақши муҳими мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ ва сохтмонро таъкид намуда, иброз дошт: «Мо набояд фаромӯш кунем, ки маҳз мутахассисони фаъолияти муҳандисӣ, сохтмон ва инфрасохтор ҷаҳонеро месозанд, ки мо орзуи дидани онро дорем».
FIDIC (Federation Internationale Des Ingenieurs-Conseils — Федератсияи байналмилалии муҳандисон-машваратчиён), ки соли 1913 таъсис ёфтааст, як низоми байналмилалии шартномаҳои сохтмонӣ мебошад, ки ба стандартизатсия, ҳифзи манфиатҳои ҷонибҳо ва коҳиши хатарҳо дар раванди татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ равона шудааст.
Ҷоизаи FIDIC International Contract Users' Awards бо мақсади эътирофи дастовардҳои барҷаста дар истифодаи стандартҳои FIDIC дар татбиқи лоиҳаҳо дода мешавад, ки ба беҳбудии шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсири назаррас мерасонад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ гардид, ки ба ҷоизаи FIDIC International Contract Users' Awards мушарраф шуд. Аз кишварҳои ИДМ қаблан танҳо Русия дар соли 2016 соҳиби ин мукофот гардида буд.