Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Тоҷикистон гази моеъ пас аз ду ҳафтаи болоравии нархи он арзон шуд. Арзиши ин навъи сӯзишворӣ тақрибан 1-1,5 сомонӣ коҳиш ефт. Дар ин бора Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ хабар дод.
Нархи як литр гази моеъ дар истгоҳҳои сӯзишворӣ 10 декабр 4,6–4,7 сомониро ташкил дод, дар нимаи дуюми моҳи ноябр арзиши он аз 5,5 то 6 сомонӣ буд.
Ҳоло нархи гази моеъ дар шаҳри Душанбе, инчунин дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон аз 4,6 то 4,8 сомониро ташкил медиҳад. Дар ВМКБ бошад, бинобар мушкилоти обу ҳаво ва ҳамлу нақл нархи гази моеъ ба 6,3-6,5 сомонӣ баробар аст.
***
Дар Тоҷикистон минбаъд ҳангоми воридоти батареяҳо бояд маблағи утилизатсия пардохт карда шавад. Тағйироти дахлдор ба қонун аз ҷониби вакилони парлумон бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва саломатии шаҳрвандон қабул карда шуд, хабар медиҳад «АП».
Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», ки 3 декабр вакилон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабул карданд, соҳибкорон ҳангоми воридоти аккумуляторҳо ва батареяҳои барқӣ ба кишвар маблағи утилизатсия пардохт мекунанд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Хуршед Каримзода лоиҳаи қонунро ба вакилон пешниҳод карда, изҳор дошт, ки ин маблағ танҳо як маротиба ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ситонида мешавад, маблағҳо ба буҷет интиқол дода мешаванд.
Тибқи лоиҳаи қонун, андозаи пардохтҳо вобаста ба вазни батарея муқаррар карда шудааст:
- батареяҳо аз 0,5 то 10 кг: 37,5 сомонӣ (0,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);
- батареяҳо аз 10,1 то 30 кг: 75 сомонӣ (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);
- аккумуляторҳои зиёда аз 30 кг: 2,6 сомонӣ барои ҳар килограмм (3,5% аз як нишондиҳанда).
Ба гуфтаи Каримзода, ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур «таъмини амнияти экологии ҷумҳурӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирии зарар аз партовҳои хатарнокест, ки дар натиҷаи фарсудашавӣ ва истифодаи батареяҳои барқӣ ба вуҷуд меоянд».
***
Дар Душанбе бинои куҳнаи Раёсати ВКД тахриб карда шуд. Дар ҷои он эстакадаи дуқабата нақлиётии сохта мешавад.
Ин лоиҳа дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад ва пайвастшавии кӯчаҳои Шевченко ва Назаршоев, инчунин хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Айниро пешбинӣ мекунад, ки ин, ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, инфрасохтори нақлиётии шаҳрро беҳтар менамояд.
Тавре ки қаблан хабар дода шуд, дар оянда дар пойтахт сохтмони 5 эсмтакадаи дуқабата тибқи талаботи байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, онҳо дар чорроҳаи кӯчаҳои Соҳилӣ ва Ҷанубӣ бо сохтмони пул дар болои дарёи Душанбе, дар чорроҳаи кӯчаҳои Абдураҳмон Ҷомӣ ва А. Каҳҳоров, дар чорроҳаи кӯчаҳои Абай ва А. Каҳҳоров, дар чорроҳаи кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Ҳофиз Шерозӣ, инчунин гузаргоҳи дуқабата бо пул дар буриши кӯчаҳои Ҳабибулло Назаров ва Шерализод сохта, ба истифода дода мешаванд.
Сохтмони роҳҳои дуқабата ба коҳиши тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин мутобиқсозии роҳҳои пойтахт ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
***
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали хизматрасониҳои давлатиро дар ҳолати озмоишӣ ба кор андохт. Дар ин бора сомона аентӣ хабар расонидааст.
Таҳиягарон изҳор медоранд, ки ҷорӣ кардани портал бояд мӯҳлати коркарди дархостҳоро коҳиш диҳад, шаффофияти ин равандро баланд бардорад ва дастрасии шаҳрвандонро ба як қатор хизматрасониҳои давлатӣ ба таври шабонарӯзӣ ва бидуни ташрифи бевоситаи шахсӣ ба муассисаҳо таъмин намояд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки шаҳрвандон баъди шиносоӣ метавонанд аз хизматрасниҳои портал озодона ва бе маҳдудият истифода баранд.
Портал дар асоси фармони Президенти ҶТ «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хизматрасниҳои давлатӣ дар шакли электронӣ» аз 10 июли соли 2025 таҳия шудааст.
Тибқи фармон, ба хизматрасонҳо супориш дода шудааст, ки то 1 декабр нақшаи тадбирҳоро оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ барои ҳар як соли тақвимӣ таҳия намуда, барои беҳдошт ва то соли 2030 пурра тавассути портали ягона пешниҳод намудани онҳо чораҳо андешанд.
Ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли коғазӣ ба даст оварда шудаанд, бояд то соли 2030 марҳила ба марҳила кам карда шаванд ва ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки тавассути портали ягона ирсол карда мешаванд, бо ҳуҷҷати коғазие, ки дастӣ имзо шудааст, эътибори баробар хоҳанд дошт.
Хизматрасонҳо ӯҳдадор шуданд, ки дар мувофиқа бо Ҳукумати мамлакат арзиши воқеии хизматрасониҳои давлатиро бо тартиби муқарраргардида аз нав дида бароянд ва ҷиҳати такмили санадҳои дахлдор чораҷӯӣ намоянд.
***
Дар Тоҷикистон андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо (НБҲ) зиёд карда мешавад. Аз 1 январи соли 2026 дар Тоҷикистон андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда мешавад. Ин аз лоиҳаи қонун дар бораи Буҷети давлатии кишвар барои соли 2026 бармеояд. Тибқи ҳуҷҷат, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 75 то 78 сомонӣ афзоиш меёбад.
НБҲ одатан барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин ҳангоми ҳисоб кардани кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва иловапулӣ истифода мешавад.
Барои муқаррар кардани ҳаҷми НБҲ сатҳи таваррум, ки барои сол пешбинӣ шудааст, ба назар гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2008 дар қонунгузории Тоҷикистон ибораҳои «ҳадди ақали музди меҳнат», «музди меҳнати ҳадди ақал», «андозаи моҳонаи музди меҳнати ҳадди ақал» ва «ҳадди ақали музди меҳнати моҳона» бо истилоҳи «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» иваз карда шуданд.
Солҳои 2015-2016 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 40 сомонӣ, солҳои 2017-2018-50 сомонӣ, солҳои 2019-2020-58 сомонӣ буд. Аз соли 2021 ин маблағ ҳар сол тағйир меёбад.
***
Дар Тоҷикистон даромади буҷети давлатӣ ба андозаи сеяк зиёд мешавад. Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2026 дар сатҳи 65 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Чунин рақамҳо дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат дар охири моҳи октябри соли равон, ки дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» баррасӣ шуд, садо доданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.
Ин нишондиҳанда 33,3% - и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар соли 2026 ташкил медиҳад.
Дар буҷети соли оянда маблағгузории бахшҳои иҷтимоӣ ба маблағи 29,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетиро ташкил медиҳад.
***
Парвозҳои мустақими чартерӣ аз Душанбе ба ҷазираи зебоманзари Киш (Эрон) – яке аз самтҳои маъмултарин ва босуръат рушдёбандаи сайёҳии Шарқи Наздик оғоз ёфтанд. Парвози аввалин 27 ноябр сурат гирифт.
Ин марҳилаи нав дар рушди бозори сайёҳии Тоҷикистон аст: сокинони кишвар бори аввал имконият пайдо мекунанд, ки ба ҷазираи Киш бо парвози мустақим, ки ҳар рӯзи панҷшанбе анҷом дода мешавад, сафар кунанд. Дар ин бора аввалин оператори миллии сайёҳӣ FLY.TJ TOURS хабар дод.
***
Тоҷикистон ва Бошқирдистон ният доранд маркази логистикӣ таъсис диҳанд. Тарафҳо ният доарнд дар Уфа маркази нақлиёт ва логистика таъсис диҳанд ва дар онҷо барои молҳо аз Тоҷикистон сертификатҳо супоранд. Дар ин бора 7 декабр хабаргузории Sputnik иттилоъ додааст.
Гуфта мешавад, Бошқирдистон, ки дар чорроҳаи роҳҳои тиҷоратӣ ҷойгир аст, метавонад ба як маркази муҳими логистикӣ табдил ёбад.
Дар хабар щамчунин омадааст, ки соҳибкорону мақомоти Тоҷикистон ва минтақаи Уфаи Русия имкониятҳои нави пешбурди тиҷорати байналмилалӣ, ҳамкории саноатӣ, рушди технологияҳои баланд ва татбиқи зеҳни сунъиро баррасӣ мекунанд.
Тавре Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои конгресси Бошқирдистон хабар додааст, Тоҷикистон дар гардиши тиҷоратии Бошқирдистон дар ҷои 15-ум қарор дорад.
ДАР МИНТАҚА
Дар Қирғизистон тафтиши иҷозатномаҳо дар хадамоти таксӣ оғоз шуд. Аз 1 декабри соли 2025 дар ин кишвар тафтиши иҷозатномаҳои хадамоти таксӣ оғоз гардид. Дар ин бора Report.kg хабар дод.
Бояд зикр кард, ки мошинҳои чамбаракашон аз тарафи рост наметавонанд ҳамчун таксӣ мусофиркашонӣ кунанд. Бозрасии бехатарип ҳаракат дар роҳҳои ВКД ҶҚ ба ронандагон тавсия додааст, ки ҳуҷҷатҳои заруриро пешакӣ омода ва пешниҳод кунанд.
Кори таксӣ бидуни иҷозатнома ва ҳама ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиноят ҳисобида мешавад. Дар робита ба ин, ба ронандагон маслиҳат дода мешавад, ки маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳоро пешакӣ ҷамъ оваранд.
***
Дар Қазоқистон ҳаракати самосвалҳои вазнин бо вазни зиёда аз 25 тонна манъ карда мешавад. Дар Палатаи соҳибкорони вилояти Қустанай ҷаласаи Шӯрои соҳавӣ оид ба масъалаҳои нақлиёт баргузор гардид, ки дар он аз 1 январи соли 2026 манъи ҳаракати самосвалҳои семеҳвара бо вазни зиёда аз 25 тонна дар роҳҳои истифодаи умумӣ баррасӣ карда шуд. Ин навгонӣ дар байни аҳли тиҷорат, ки ба ҳамлу нақли бор ва сохтмони роҳҳо машғуланд, ташвиши ҷиддӣ ба бор овардааст.
Тибқи маълумоти шӯро, дар вилояти Қустанай тақрибан 5100 адад ва дар саросари кишвар зиёда аз 60 ҳазор адад чунин мошинҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки тақрибан 35 фоизи тамоми парки мошинҳои боркашро ташкил медиҳанд. Танҳо соҳибкорони инфиродии минтақа, ки чунин техника доранд, ҳар сол ба буҷет зиёда аз 3,6 миллиард танга ворид мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи январи соли 2026 дар Қазоқистон ҳаракати самосвалҳои семеҳвара бо вазни умумии зиёда аз 25 тонна дар роҳҳои истифодаи умумӣ манъ карда мешавад.
ДАР ҶАҲОН
Дар Русия қоидаҳои додани иҷозатнома ба ронандагони таксӣ тағйир дода мешаванд. Думаи давратии ФР дар хониши аввал лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ба ронандагони таксӣ ва интиқолдиҳандагон иҷозат медиҳад дар ҷои фаъолияти воқеӣ кор кунанд, на дар ҷои бақайдгирии доимӣ. Дар ин бора РИА Новости хабар дод.
Ташаббус барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ барои ронандагоне, ки ба минтақаи дигар кӯчидаанд, равона шудааст.
Лоиҳаи қонун ба ронандагони таксӣ, аз ҷумла худмаблағгузорон имкон медиҳад, ки новобаста аз сабти ном дар минтақаҳои истиқоматӣ қонунӣ кор кунанд. Ин алалхусус ба одамоне, ки барои кор ё шароити оилавӣ ба дигар ҷо кӯчидаанд, дахл дорад.
Қонунгузории амалкунанда ронандагонро вазифадор мекунад, ки танҳо дар ҷои бақайдгирии доимӣ иҷозат гиранд, ки ин имкониятҳои кории онҳоро дар дигар минтақаҳо маҳдуд месозад. Ташаббус инчунин ба ҳадафҳои дастгирии тиҷорати хурд ва миёна, ки аз ҷониби Президенти ФР эълон шудааст, мувофиқат мекунад.
***
Вазорати нақлиёти Русия интизор аст, ки сонони кишвар ба иншооти нақлиётӣ сармоягузорӣ мекунанд. Вазорат чунин мешуморад, ки маҷмааи нақлиётии Русия имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ дар бозори хазинавиро нодида мегирад. Дар ин бора Вазири нақлиёт Андрей Никитин дар форуми «Нақлиёти Русия» ибрози назар кард, иттилоъ дод ТАСС рӯзи 20 ноябр.
Ба гуфтаи вазир, сокинони мамлакат ба зудӣ сармоягузорони муштараки иншооти нақлиётӣ хоҳанд шуд Ӯ зикр кард, ки дар 12 соли охир шумораи сармоягузорони фаъоли ҳамлу нақл, ки ҳадди аққал як амалиёти ин самтро бо саҳмияҳо ва вомбаргҳо дар Мосбиржа анҷом додаанд, 50 маротиба афзуда, қариб ба 99 миллион нафар расидааст.
«Ман фикр мекунам, ки мо ба зудӣ мебинем, ки сокинони мо дар лоиҳаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ сармоягузор мешаванд», - изҳор дошт Никитин.
***
Раёсати Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт. Дар ин бора 20 ноябр дар Маскав хабар дода шуд – дар он ҷо дар майдони Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ иҷлосияи 47-уми Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар иҷлосия Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад НИАТ «Ховар».
Дар ҷараёни ҳамоиш роҳбарони ҳайатҳо қарор қабул карданд, ки раёсати Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар рушди ҳамкории маъмурияти авиатсионии кишварҳои ИДМ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Иштирокчиён доираи васеи масъалаҳоро муҳокима ва протоколи иҷлосияи 47-уми Шӯрои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро имзо карданд.
***
Оғози ҳамлу нақл аз Русия ба Ҳиндустон ва Чин тавассути Эрон соли 2026 таъин шудааст. Мӯҳлати ба нақша гирифташудаи ҳамлу нақл дар хатсайрҳои Русия – Эрон – Ҳиндустон ва Русия – Эрон – Чин дар доираи долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» соли 2026 таъин шудааст. Тавре ТАСС 24 ноябр навиштааст, дар ин бора Раиси «Росморречфлот» Андрей Тарасенко ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Ба нақша гирифта шудааст, ки интиқол тавассути хатсайрҳои Русия – Эрон – Ҳиндустон ва Русия – Эрон – Чин оғоз карда шавад. Муҳлати татбиқ: соли 2026», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Тарасенко, ҳанӯз моҳи апрели соли 2025 дар Теҳрон музокироти роҳбарияти ҶС «ММТП» бо бузургтарин ширкати давлатии киштикашонии Эрон IRISL ва бахши он дар баҳри Хазар Khazar Sea Shipping Lines (KSSL) баргузор шуд. Он вақт ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки интиқоли контейнерҳоро ташкил кунанд, аз ҷумла, интиқоли контейнерҳои мультимодалӣ дар доираи долони «Шимол Ҷануб». Сипас, моҳи ноябри соли равон Русия ва Эрон дар бораи ташкили консорсиуми муштараки баҳрӣ барои рушди ҳамлу нақли байни Махачкала ва бандарҳои Эрон ба созишҳои мушаххас расиданд.