2-3 декабри соли 2025 дар шаҳри Урумчӣ, маркази маъмурии Ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйгури Ҷумҳурии Мардумии Чин, Форуми 9-уми Тиёншон оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар он муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Форум, ки ба мавзӯи «Кашфи иқтидори робитаҳо ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ» бахшида шуд, аз ҷониби Пажуҳишгоҳи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (Carec Institute) роҳандозӣ гардид.
Дар он зиёда аз 300 нафар, аз ҷумла шахсони мансабдор аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ, коршиносон ва олимони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои академӣ ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои таҳкими фаъолияти сармоягузории минтақавӣ, навсозии инфрасохтор ва васеъ кардани гузаргоҳҳои тиҷоратӣ дар доираи CAREC баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиёни форум, ки ба ҳайси майдони муколамаи бисёрҷониба ҷиҳати ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои минтақавӣ баргузор карда мешавад, оид ба масъалаҳои мубрами тиҷорати минтақавӣ, нақлиёт, энергетика ва робитаи рақамӣ дар Осиеи Марказӣ табодули афкор намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии худ Вазири молияи Чин Лан Фоан таъкид кард, ки ҳамкорӣ дар доираи CAREC ба пешрафти назаррас ноил гардид ва бояд пайваста васеъ карда шавад, то ба аҳолии давлатҳои аъзои ин созмон манфиат орад.
«Форуми Тиёншонн ҳамчун пуле хизмат мекунад, ки сиёсатмадорон, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва доираҳои илмиро барои ҳалли мушкилоти умумии мо бо ҳаа мепайвандад, - изҳор дошт Чаримуҳаммет Шаллиев, директори Пажғҳишгоҳи CAREС. Вай хабар дод, ки пас аз ифтитоҳи қароргоҳ дар Урумчӣ дар соли 2015, муассиса зиёда аз 180 тадқиқоти илмӣ анҷом дод ва тахассуси зиёда аз 2000 хизматчии давлатиро аз кишварҳои узви созмон бо ёрии 150 барномаи таълимӣ баланд бардошт.
«Форуми Тиёншон майдони калидии муколама, табодули донишу таҷриба ва таҳияи қарорҳо оид ба густариши ҳамбастагӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар макроминтақа мегардад, – гуфт муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода. – Чӣ тавре кӯҳҳои Тиёншон қаламравҳои кишварҳои минтақаро муттаҳид мекунанд, форум ба муттаҳид кардани ғояҳо, шарикӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ мусоидат менамояд».
Ӯ тазаккур дод, ки гузориши миёнамуҳлати Стратегияи CAREС-2030 нақши афзояндаи Пажӯҳишгоҳи CAREС-ро ҳамчун маркази дониш ҷиҳати таъмини давлатҳои минтақа бо маълумот, таҳлил ва тавсияҳои сиёсию иқтисодӣ таъкид мекунад.
Муовини якуми Вазири нақлиёти ҶТ як қатор мушкилоти калидиро, ки кишварҳои минтақаи CAREС ва Осиёи Марказӣ ҳанӯз бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, номбар кард. Дар ин радиф ӯ қобилияти нокифояи долонҳои мавҷудаи нақлиётӣ, монеаҳои логистикӣ ва норасоии тадбирҳои мултимодалӣ, расмиёти бесамар ва серхарҷи убури сарҳад, ҳамгиро набудани рушди рақамӣ, осебпазирии хатсайрҳои нақлиётӣ ба хатарҳои иқлимӣ ва геополитикӣ, нокифоя будани манбаъҳои анъанавии маблағгузориро ном бурд.
«Мо бояд на танҳо масирҳоро навсозӣ кунем, балки занҷирҳои устувори таъминотро низ ба вуҷуд орем, ки рушди дарозмуддати иқтисодиро таъмин кунанд ва рақобатпазирии Осиёи Марказиро тақвият диҳанд», – изҳор дошт ӯ.
Вай илова намуд, ки Тоҷикистон тавсеаи робитаҳои нақлиётиро ҳамчун воситаи стратегӣ барои маълум сохтани иқтидори сармоягузории Осиёи Марказӣ, таъмини дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои тиҷорат, савдо ва логистика арзёбӣ мекунад.
Тавре муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон бо дастгирии фаъолонаи шарикони рушд ба таври босубот ва муназзам рушд мекунад. Дар натиҷа, яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва табдил додани он ба як маркази пурраи транзитӣ миёни Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб ба даст оварда шуд.
Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи нақлиёт 64 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 2,2 миллиард доллари ИМА амалӣ гардидааст. Ба туфайли ин зиёда аз 2 877 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, 232 пул, 6 нақб бо дарозии умумии 18 км ва дигар унсурҳои инфрасохтори муосири роҳу нақлиёт сохта, ба истифода дода шуданд.
«Ҳамаи ин корҳо дастрасӣ ба бозорҳоро ба таври назаррас беҳтар сохт, ҳаҷми савдоро васеъ намуд ва арзиши хидматрасониҳои нақлиётро коҳиш дод. Дар натиҷа, сатҳи зиндагии аҳолӣ боло рафт ва ҳамгироии Тоҷикистон ба занҷирҳои минтақавӣ ва байналмилалии нақлиётӣ афзоиш ёфт», – таъкид кард Ф. Неъматзода.
Тибқи таҳқиқоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, солҳои охир дар раддабандии кишварҳо аз рӯи сифати роҳҳо Тоҷикистон 20 зина боло рафта, дар байни 165 давлат ҷои 44-ум, дар байни кишварҳои ИДМ ҷои 2-юм ва дар Осиёи Марказӣ ҷои 1-умро соҳиб шуд.
«Ин хусусияти устувори ислоҳот ва аҳамияти барномаҳои давлатии навсозии инфрасохторро нишон медиҳад», – гуфт Фаррух Нематзода. Ба гуфтаи ӯ, рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон мустақиман ба таъсиси долонҳои нави нақлиётӣ ва логистикӣ, ки Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ, Ховари Миёна ва Чин мепайванданд, ҷалби сармояи хусусӣ ва байналмилалӣ ба минтақа, таҳкими тиҷорати байниминтақавӣ ва диверсификатсияи хатсайрҳои содироту воридот, ташаккули занҷирҳои устувори таъминоти мултимодалӣ мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки механизми CAREС, ки соли 1997 бо ташаббуси Бонки осиёии рушд таъсис ёфтааст, яке аз майдонҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа мебошад. Ба ҳайати ин созмони байналмилалӣ 11 давлат – Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шомиланд.
Ҳадафи асосии созмон мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳои иштирокчӣ тавассути пешбурди кооператсия дар бахшҳои афзалиятнок, аз қабили нақлиёт, энергетика, савдо ва амнияти иқтисодӣ маҳсуб меёбад.