Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН «ПУЛИ ГЕОПОЛИТИКӢ» БАЙНИ ШАРҚ ВА ҒАРБ. Дар ин бора дар мақолаи худ дотсенти ДДТТ, доктори илмҳои таърих Рафоат Алиева изщори андеша кардааст

Санаи нашр: 27-11-2025 Просмотрено: 5

Тоҷикистонро метавон ҳамчун "пули геополитикӣ" байни Шарқ ва Ғарб баррасӣ кард, зеро кишвар дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои чанд маркази ҷаҳонии қудрат қарор дорад. Дар ин бора дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ), доктори илмҳои таърих Рафоат Алиева дар мақолаи худ мулоҳиза рондааст.

Мақолаи олим бо номи «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи нуфузи равандҳои геополитикии Осиёи Марказӣ ва қудратҳои ҷаҳонӣ» дар сомонаи «КиберЛенинка» (cyberleninka.ru) нашр шудааст. Ин китобхонаи электронии илмиест, ки дар асоси назарияи илми боз (Open Science) сохта шудааст ва ҳадафҳои асосии он маъмулгардонии илм ва фаъолияти илмӣ, назорати ҷамъиятии сифати нашрияҳои илмӣ ва афзун намудани иқтибосҳои илмӣ мебошад.

«Тоҷикистон, ки дар байни дарёҳои Ому ва Сир ҷойгир шудааст, аз нуқтаи назари ба роҳ мондани робитаҳои байналмилалӣ ва дурнамои рушди худ мавқеи муфиди геостратегӣ дорад», – менависад муаллиф. - Роҳи бузурги абрешим, ки Шарқ ва Ғарбро ба ҳам мепайвандад, ҳанӯз дар замонҳои қадим аз қаламрави Тоҷикистон мегузашт. Дар ин ҷо роҳҳои тиҷоратӣ ба ҳам мепайвастанд, раванди пуршиддати тамосҳои беруна ва ғанисозии мутақобилаи фарҳангҳои гуногун сурат мегирифт. Ин робитаҳо пас аз ба даст овардани истиқлолият ва соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти махсус ва динамикӣ пайдо карданд. Ва ин тасодуфӣ нест. Зеро қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ аз марзҳои Чин дар Шарқ то Эрон ва баҳри Хазар дар Ғарб тӯл кашида, нимҷазираи Ҳиндустонро бо Русия ва Аврупо мепайвандад. Аҳамияти Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиеи Марказӣ дар системаҳои геополитикии муосир он қадар назаррас ва баланд аст, ки рӯйдодҳои дар ин ҷумҳуриҳо рухдода бевосита ба манфиатҳои қудратҳои бузурги ҷаҳон ва сохторҳои гуногун таъсир мерасонанд».

Ба гуфтаи муаллифи мақола, дар замони ҷаҳонишавӣ, кооператсияи умумии молия, оезиши истеҳсолот ва хизматрасониҳо мустақилона рушд ёфтан ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир боқӣ мондан ҳатто барои давлатҳои калон хеле мушкил аст. Аз ин рӯ, зикр мекунад муаллиф, беҳтарин интихоб – ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ин роҳи воқеии субот ва рушди минтақа аст.

«Дар байни қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки ба ташаккули вазъи геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ таъсири назаррас доранд, месазад: Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин Туркия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупоро ном бурд», - навиштааст Р. Алиева.

Ба гуфтаи Рафоат Алиева, аксари лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар ОМ ва давлатҳои ҳамсоя аллакай ба барномаи умумии ТРАСЕКА дохил карда шудаанд.

«Татбиқи барномаи ТРАСЕКА барои кишвари мо дурнамои васеъ боз мекунад. Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳамкориҳоро дар расонидани хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳамоҳангсозии амалҳо ва нақшаю тадбирҳо дар соҳаи савдо ва нақлиёт дар сатҳи минтақавӣ тавассути роҳандозии ҳамкорӣ, аз ҷумла бо Иттиҳоди Аврупо рушд диҳад», - меафзояд муаллифи мақола.

ТРАСЕКА (англ. Transport Corridor Europe-Caucasus-Asia, TRACECA) барномаи байналмилалии нақлиётӣ бо иштироки Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Кавказ ва Осиёи Марказӣ мебошад. Он соли 1993 дар асоси эъломияи Брюссел бо иштироки Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон таъсис дода шудааст. Баъдтар Ба барнома Молдова, Украина, Туркия, Руминия, Булғористон ва Эрон ҳамроҳ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат моҳи декабри соли 2022 Созишномаи рухсатномаи ягонаи транзитии TRACECA (долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё) - ро, ки интиқоли байналмилалии борҳоро тавассути нақлиёти автомобилӣ бо истифодаи рухсатномаи ягонаи транзитии TRACECA танзим мекунад, тасдиқ ва имзо намуд.

Моҳи июни соли 2025 Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим зимни мулоқот бо Сафири Арманистон Армен Гевондян иброз дошт, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар системаи гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётӣ, аз ҷумла ТРАСЕКА ва ЭСКАТО ба минтақаи калидии транзитӣ табдил ёбад.

Ҷонибҳо имкониятҳои фаъолсозии боркашонии байни ду кишвар ва ташкили хатсайрҳои нави мультимодалиро муҳокима намуданд. Ба дурнамои рушди долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо», ки барои минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, диққати махсус дода шуд.