Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 19-11-2025 Просмотрено: 13

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Ширкати «Роҳи оҳани Русия» (РЖД) амали тахфифҳои мавҷударо барои интиқоли маҳсулоти меваву сабзавот аз Тоҷикистон ва Узбекистон тамдид мекунад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад.

Тахфифҳо ба андозаи 50%, ки аз соли 2021 амал мекунанд, барои соли 2026 тамдид карда мешаванд. Ин тадбир ба дастгирии иловагии содиркунандагони меваю сабзавот аз кишварҳои зикршуда равона шудааст.

Интиқол дар контейнерҳои рефрижераторӣ, ки ба ширкатҳои роҳи оҳани «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Узбекистон темир йуллари» тааллуқ доранд, амалӣ карда мешавад.

Ин ба рушди тиҷорати мутақобила ва таҳкими робитаҳои иқтисодии байни давлатҳо мусоидат хоҳад кард.

Инчунин, амали як қатор қарорҳои тарифӣ, ки ба ҷалби интиқоли борҳо тавассути долони байналмилалии нақлиётии (МТК) «Шимол-Ҷануб» равона шудаанд, барои соли 2026 тамдид карда мешавад.

***

Тоҷикистон ва Эрон парвозҳои нави ҳавопаймоиро (парвози чартерӣ ба Киш ва парвози мунтазам ба Мешҳад) ба роҳ мемонанд. Тоҷикистон ва Эрон хатсайрҳои нави ҳавопаймоиро барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди ҳамлу нақли мусофирон роҳандозӣ мекунанд. Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аллакай аз 19 ноябр ширкати ҳавопаймоии эронии «Раймонд Эйрлайнз» парвозҳои мунтазамро дар масири «Мешҳад – Душанбе – Мешҳад» ду маротиба дар як ҳафта оғоз мекунад. Аз 28 ноябр парвози чартерӣ дар масири «Киш – Душанбе – Киш» аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии эронии «Киш Эйрлайнз» шуруъ мешавад, ки ба ҷараёни сайёҳӣ ва тиҷоратии байни ду кишвар хидмат мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи декабри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» низ парвози дуюми ҳарҳафтаинаро аз тариқи хатсайри Душанбе-Деҳлӣ оғоз мекунад. Минбаъд парвозҳо рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

***

Дар Душанбе дар либоси кории кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) камераҳои назоратӣ насб карда мешавад, ки онҳо муошират ва ҳамкории нозиронро бо шаҳрвандон сабт мекунанд. Дар ин бора дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои ба қайд гирифтани амал ва ҳамкории кормандони БДА бо шаҳрвандон 24 адад камера (bodycam) ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи озмоишии амалишавандаи Дафтари САҲА дар ҶТ, ки ба баланд бардоштани шаффофияти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шудааст, супорида шуд.

Аз 3 то 5 ноябр кормандони САҲА ба нозирони Бозрасии давлатии автомобилӣ тарзи истифода аз таҷҳизоти навро омӯзониданд.

Ин камераҳо фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони БДА-ро сабт мекунанд, ки интизор меравад, ки эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд бардорад ва шаффофияти кори онҳоро беҳтар кунад.

Сабтҳои камера барои омӯзиш ва тафтишоти дохилӣ истифода мешаванд.

Дар Бзрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳоло марҳилаи омӯзиш идома дорад ва кормандони бозрасӣ истифодаи назорати видеоиро аз худ мекунанд.

***

Дар Тоҷикистон аввалин мессенҷери миллии QUIZ — барнома барои зангҳо, сӯҳбатҳо ва видеоконфронсҳо таъсис дода шуд.Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

QUIZ пурра аз ҷониби мутахассисони ҶСК «Тоҷиктелеком» таҳия шудааст ва ҳамаи серверҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд.

Тавре Хадамоти алоқа тазаккур додааст, мессенҷер «сатҳи баланди ҳифзи маълумоти шахсии корбаронро кафолат медиҳад ва имкон намедиҳад, ки маълумот ба шахсони сеюм интиқол дода шавад, ки ин хатари ҳамлаҳои кибериро коҳиш дода, ҳимояи шаҳрвандонро аз қаллобӣ таҳким мебахшад».

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, яке аз бартариҳои муҳими QUIZ самаранокӣ дар шароити суръати пасти интернет мебошад. Азбаски серверҳо ва маркази додаҳои он дар дохили кишвар ҷойгиранд, корбарон метавонанд ҳатто бо суръати пасти интернет паёмҳо фиристон, занг зананд ё видеоконфронсҳо доир намоянд.

***

Ифтитоҳи пули мошингузар дар Ҳисор ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итихори Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Суғдиён, ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор бо иштироки роҳбарияти шаҳр, фаъолони ҷамоат ва пиру барнои деҳаҳои Суғдиён ва Шоҳамбарӣ маросими ифтитоҳи пули мошингузар баргузор гардид.

Зикр гардид, ки сохтмони пули мошингузар дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 35-солагии Истиқлолият бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ моҳи июли соли равон оғоз гардида, бо маблағи зиёда аз 4 млн. сомонӣ бунёд ёфтааст.

Маврид ба ёдоварист, ки пули қаблӣ болотар аз ин мавзеъ сохта шуда буд ва бар асари селборишҳо тез-тез фуру рафта, ба сокинону меҳмонони ин мавзеъ мушкилиҳои зиёдро пеш меовард.

ДАР МИНТАҚА

Қазоқистон ва Чин то соли 2028 роҳи нав месозанд.Ҷумҳурии Қазоқистон бо ширкати чинии China Railway Asia Europe Construction Investment Co. LTD дар бораи сохтмони роҳи автомобилгард дар атрофи шаҳри Семея созишнома имзо кард. Лоиҳа дар доираи консорсиуми муштараки Қазоқистон ва Чин то соли 2028 амалӣ карда мешавад, хабар медиҳад Liter.kz.

Соли 2025 дар вилояти Абай таҷдиди 184 км роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ «Калбатау – Майкапшагай» ба анҷом расид. Роҳи таҷдидшуда алоқаи дохилӣ ва берунии нақлиётии минтақаро беҳтар ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодии наздисарҳадиро бо вилоятҳои ҳамсояи Қазоқистони Шарқӣ, вилояти Павлодар, инчунин бо Русия ва Чин мустаҳкам мекунад,

Илова бар ин, таҷдиди роҳи автомобилгарди «Талдиқӯрғон Калбатов Уст- Каменогорск» ба анҷом мерасад. Қисми асосии роҳ аллакай асфалтпӯш карда шудааст, корҳо оид ба ободонии инфрасохтори нақлиётӣ идома доранд.

***

Дар Узбекистон 24 маркази логистикӣ мақоми байналмилалии «бандарҳои хушк» - ро гирифтанд. Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ороми СММ (ЭСКАТО) ба як қатор марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ дар Узбекистон мақоми байналмилалии «бандарҳои хушк» додааст, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҶӮ.

Вазорати нақлиёти кишвар рӯйхати 24 иншоотро дар ҷаласаи гурӯҳи кории ЭСКАТО оид ба «бандарҳои хушк» дар Бангкок пешниҳод кард. Вазорат натиҷаҳои таҳқиқоти иншоотро барои мувофиқат ба талаботҳои замимаи II Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи бандарҳои хушк манзур сохт.

Рӯйхат аз ҷумла 7 маркази логистикиро дар Тошканд, 4 марказро дар вилояти Тошканд, 3 марказро дар вилоятҳои Фарғона ва Сурхондарё, 2 марказро дар Қароқалпоқистон, 5 марказро дар вилоятҳои Ҷиззах, Самарқанд, Навоӣ, Бухоро ва Намангон дар бар мегирад.

Тадқиқотҳо аз ҷониби Маркази омӯзиши мушкилоти рушди нақлиёт ва логистика бо дастгирии техникии ЭСКАТО гузаронида шуданд. Иншооте, ки бо техника ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз карда шудаанд, иншооти дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Созишномаи байниҳукуматии ЭСКАТО оид ба бандарҳои хушк соли 2013 ба имзо расида буд. Узбекистон соли 2021 ба созишнома ҳамроҳ шудааст.

***

Ҳаҷми интиқол бо роҳи роҳи Транскаспий тавассути Қазоқистон ба 2,8 миллион тонна расид. Қазоқистон ва Узбекистон рушди долонҳои транзитиро омили стратегии равнақи тиҷорати минтақавӣ меҳисобанд, хабар дод агентии Kazinform 14 ноябр бо истинод ба Вазорати савдо ва ҳамгироии ҶҚ.

Соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ дар масири байналмилалии Транскаспий тавассути Қазоқистон тақрибан 2,8 миллион тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 35 фоиз афзудааст.

Ҷониби Қазоқистон пешниҳод кард, ки ҳамоҳангсозии сиёсати тарифӣ, суръат бахшидан ба рақамикунонии равандҳои логистикӣ, навсозии инфрасохтор ва ҷорӣ кардани механизмҳои «савдои бе коғаз» барои коҳиш додани хароҷоти тиҷорат ва баланд бардоштани қобилияти гузариши долонҳо тақвият дода шавад.

***

Судури купон (талон) дар бораи гузаштан аз назорати сарҳадӣ: қоидаҳои нав аз соли 2026. Вазири молия ва раиси КАМ Қазоқистон бо фармони муштараки худ аз 7 ноябри соли 2025 Қоидаҳои пешниҳоди купонро аз ҷониби ҷузъу томҳои ҳудудии хадамоти сарҳадии КАМ дар бораи гузаронидани назорати давлатӣ тасдиқ карданд, хабар медиҳад Zakon.kz.

Купон аз ҷониби воҳиди назорати сарҳадӣ ҳангоми ворид шудани интиқолдиҳанда ё шахси масъули бор ба қаламрави нуқтаи гузариш тавассути сарҳади давлатии Қазоқистон ҳангоми интиқоли байналмилалии бор дода мешавад.

ДАР ҶАҲОН

Аввалин қатораи боркаш 8 ноябри соли 2025 аз Русия ба Эрон омад, ки як маҷмӯи калони борро бо транзит тавассути қаламрави Қазоқистон ва Туркманистон ба нуқтаи таъйиншуда расонид. Агентии иттилоотии Ҷумҳурии исломии Эрон IRNA ин рӯйдодро «пешрафт дар логистика» номид.

Қатора 62 контейнери ҳар кадом беш аз 12 метрро дар бар мегирифт. Асоси борро маҳсулоти коғазӣ ташкил медод.

Қатора роҳи худро дар 900 километрии шимоли Маскав оғоз намуд, Русия, Қазоқистон ва Туркманистонро убур кард ва тавассути нуқтаи сарҳадии Инче-Борун ба Эрон ворид шуд.

Ҳамин минвол, то расидан ба Бандари хушки Априн дар наздикии Теҳрон қатора тақрибан дар 12 рӯз тамоми роҳро тай кард.

Априн маркази муосири логистикии мультимодалӣ мебошад. Он дар буриши долонҳои роҳи оҳани Эрон «Шарқ – Ғарб» ва «Шимол – Ҷануб» ҷойгир аст ва бузургтарин лоиҳаи логистикии Эрон мебошад.

Қисмате аз боре, ки бурда шуд, барои Эрон ва қисмати дигар барои Ироқ пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, ин интиқоли якдафъаина нест ва қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои тиҷоратии Русия ва Эрон хоҳад гардид. Он оғози алоқаи мунтазами роҳи оҳан байни Русия, Эрон ва кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказиро нишон медиҳад.

***

Ширкати саноати авиатсионии Чин (AVIC) нақшаи ба истифода додани аввалин киштии щавоии (дирижабли) мусофирбари Xiangyun AS700-ро дар соли 2026 эълон кард. Дар ин бора дар изҳороти расмии корпоратсия хабар дода шудааст.

Киштии ҳавоӣ, ки номи Сянъюнь («Абрҳои иуборак») - ро гирифт, аввалин чунин навъи нацлиёт аст, ки мустақилона дар Чин тибқи стандартҳои қобилияти парвоз таҳия шудааст.

Ин дастгоҳро ба таври ғайрирасмӣ «Наҳанги осмонӣ» низ номиданд, зеро ранги сафед ва шакли ҳаракати он ба шиноварии наҳанг монанд аст.

Дарозии киштии обӣ 50 метр, масофаи ҳадди аксари парвозаш 700 километр ва баландии парвозаш аз 100 то 300 метрро ташкил медиҳад. Дар дохили киштӣ то 10 мусофир ҷойгир шуда метавонанд.

***

Аз соли 2026 қоидаҳои нав оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ҷорӣ карда мешаванд. Тағйирот барои баланд бардоштани шаффофияти нақлиёт, коҳиши хавфи риоя накардани расмиёти гумрукӣ ва осон созтани назорат дар марзҳо пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Icmg.ru.

Баъзе аз ин тағиротҳо инҳоянд:

ИСТИФОДАИ ҲАТМИИ МӮҲРУ МУМИ НАВИГАТСИОНӢ. Он барои пайгирии борҳо ҳангоми интиқоли байналмилалӣ ва транзитӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизистон) зарур аст.

ГУЗАРИШ БА ҲУҶҶАТҲОИ ИНТИҚОЛИ ЭЛЕКТРОНӢ (EPD). Аз 1 сентябри соли 2026 истифодаи ин ҳуҷҷатҳо дар нақлиёти автомобилӣ ҳатмӣ мегардад. Ҳукумати Русия истисноҳои мушаххасро ҳангоми истифодаи коғаз муайян мекунад, аммо барои аксари иштирокчиени бозор «рақам» ягона гузина хоҳад буд.

ГУЗАРИШ БА ШАКЛИ РАҚАМИИ ТАҚСИМОТИ РУХСАТНОМАҲО БАРОИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Аз 1 январи соли 2026 аз шакли коғазии пешбурди баҳисобгирии рухсатномаҳои Конфронси Аврупоии Вазирони Нақлиёт (ЕКМТ) даст кашида мешавад. Рухсатномаи ЭКМТ, ки аз ин сана дода мешавад, бояд дар воситаи нақлиёти боркаш дар шакли рақамӣ дар дастгоҳи мобилии ронанда ё дар шакли чопи ҳуҷҷати иттилоотӣ дар коғази сафед бошад.