Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 11-11-2025 Просмотрено: 3385

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон Айбек Шаменов роҳи мошингарди «Исфара–Чоркуҳ–Ворух» дубора боз гардид. Дар ин бора 3 ноябр хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод.

Гуфта мешавад, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба густариш ниҳодааст.

Қаблан бинобар баста будани ин қитъаи роҳ сокинони деҳоти Ворух ва Чоркуҳ тавассути деҳаи Чорбоғ ба самти шаҳри Исфара ҳаракат мекарданд. Акнун, бо боз шудани роҳ масофа тақрибан як километр кӯтоҳ гардида, рафтуомади сокинон осонтар шуд.

***

Солҳои охир  тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар инфрасохтори роҳу нақлиёти пойтахт ислоҳоти ҷиддӣ  роҳандозӣ шудааст, навиштааст «АП» 25 октябр. Яке аз мушкилоти мавҷуда набудани танзими чароғаки роҳнамо дар чорроҳаи кӯчаҳои «Бухоро – Пушкин», дар назди поликлиникаи № 13 буд. Дар ин чорроҳа ҳамарӯза монеаҳо ва мушкилот дар гузариши бехатари пиёдагардон мушоҳида мешуданд.

Бо мақсади бартараф кардани ин мушкилот,  КВД «Шаҳри ҳушманд» дар якҷоягӣ бо РВКД тарҳи ҳаракатро дар ин қитъа тағйир доданд. Дар ин ҷо чароғаки овезон дар қисмати болои роҳ насб карда шуд, то ки дар сурати   дур будани ронанда ҳам намои пурра таъмин карда шавад. Илова бар ин, бинобар номувофиқатии қитъа ба талаботи муқарраршуда, истгоҳи ҷамъиятӣ дар ин ҷо барҳам дода шуд.

Дар роҳ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода низ ҳаракати яктарафаи воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Боғи Куруши Кабир ҷорӣ карда шудааст.

Тағйирот дар ташкили ҳаракати роҳ дар ин қитъаҳо ба кам кардани сарбории роҳҳо ва тамбашавии мошинҳо, коҳиш додани хавфи садамаҳои нақлиётӣ мусоидат намуд.                                                    

***

Давлати Қатар ронандагони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунад. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон кори муваққатӣ дар  ин кишвар бо маоши аз 2000 то 3000 риёл (550-825 доллари ИМА) ва таъмини манзил, хӯрок ва суғуртаи тиббӣ пешниҳод карда мешавад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод.

Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати  «Jusour»- и Қатар  ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кори муваққатӣ дар ин кишвари арабӣ эълон карданд.

Талаботи корфармо чунин аст: синну соли номзадҳо аз 21 то 45 сола; донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират; бақайдгирии ҳатмӣ дар портали tawzeef.qa.

Ҷойҳои холии корӣ якчанд самтҳоро фаро мегиранд. Ҳамин тавр, дар соҳаи нақлиёт ва логистика ронандагони автобусҳо ва таксиҳо, инчунин кормандони фурудгоҳҳо талаб карда мешаванд.

Дар соҳаи техникаи автомобилӣ барои механикҳои автомобилӣ, механикҳои техникаи вазнин ва автобусҳо, инчунин мутахассисони рангкунии автомобилҳо ва дигар мутахассисони техникӣ ҷойҳои холӣ пешниҳод шудаанд.                                              

***

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон таъмири роҳи автомобилгард ба анҷом расид. Дар  мащаллаи «Ҳаёти нав»-и шаҳри Бохтар таъмири роҳи автомобилгард бо дарозии  1,2 километр бо насби таҷҳизоти равшанидиҳанда  ба анҷом расид. Дар ин бора Мақомоти ивроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар дод.

Ин қитъа роҳ мумфарш карда, дар ду тарафи роҳ дар кӯчаҳо хатҳои муосири равшанидиҳанда  насб карда шудаанд.Корҳо дар доираи барномаи ободонӣ ва рушди инфрасохтори шаҳр иҷро карда шудаанд.

Мақомоти шаҳри Бохтар нақша дорад, ки ҳаҷми таъмири роҳҳоро дар соли 2026 тавассути ҷалби сармоягузорӣ ва иштироки бахши хусусӣ васеъ кунанд.

***

Роҳбарияти Тоҷикистон ба густариш ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ бо мақсади тақвияти ҳамгироии нақлиётию коммуникатсионӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, рақамикунонӣ ва соддагардонии расмиёти тиҷорати минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин таъсиси марказҳои логистикӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.Дар ин бора муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дар ҷаласаи 14-уми минтақавии кумитаҳои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба соддагардонии савдо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор гардид, изҳор дошт, хабар дод 28 октябр АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш дар доираи лоиҳаи «Содда кардани расмиёти тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки роҳбарият ва аъзои кумитаҳои миллии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.

«Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ, сарфи назар аз вазъи мураккаби геополитикӣ ва геоиқтисодӣ дар ҷаҳони муосир, Тоҷикистон дар таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ ва соддагардонии расмиёти савдо ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид», — гуфт дар мулоқот Солеҳзода.

***

Ширкати ҳавопаймоии Somon Air эълон кард, ки парвози нави мустақимро аз тариқи хатсайри Душанбе – Обҳои Минералӣ (Минеральные воды, Русия) оғоз мекунад. Парвози аввал 30 ноябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, хабар дода мешавад дар  сомоаи ширкат.Парвозҳо ҳар ҳафта  рӯзи  якшанбе анҷом дода мешаванд. Somon Air  илова кард кард, ки роҳандозии ин самт як қисми стратегияи ширкати ҳавопаймоӣ мебошад, ки ба тавсеаи шабакаи хатсайрҳо ва таҳкими алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия равона шудааст.

1 чиптаи бахши иқтисодӣ 2350 сомонӣ арзиш дорад, агар шумо дар бахши  тиҷорат парвоз кунед, пас  5090 сомонӣ  пардохт мекунед.

Вақти сафар – 3 соат 40 дақиқа дар ҳавопаймои Boeing 737-900NG.

Шаҳри Обҳои минералӣ дар қисми ҷанубии Русия, дар  кишвари Ставрополь, тақрибан 172 км ҷанубу шарқии маркази маъмурии ин минтақа шаҳри Ставрополь ҷойгир аст.Он як қисми минтақаи калони истироҳатӣ ва фароғатии Кавказ мебошад.                                 

ДАР МИНТАҚА

Аз соли 2026 дар Қирғизистон ҳамаи шаҳодатномаҳои ронандагии бемуҳлати намунаи кӯҳна бо шаҳодатномаҳои муҳлаташон 10-сола, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқанд, иваз карда мешаванд. Дар ин бора роҳбари дастгоҳи Президенти Қирғизистон Канибек Туманбоев рӯзи 3 ноябр ба хабарнигорон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, соҳибони шаҳодатномаҳои амалкунанда метавонанд онҳоро то ба охир расидани мӯҳлат истифода баранд.

Вай инчунин гуфт, ки шиносномаҳои техникии воситаҳои нақлиет ба формати нав гузаронида, ба ҷои ҳуҷҷатҳои коғазӣ кортҳои пластикӣ бо ҳамгироӣ ба системаи «Түндүк» ворид карда мешаванд.                                                    

***

Аз моҳи апрели соли 2026 дар Узбекистон барои қонуншиканиҳои дар камераҳо сабтшуда ба ҳисоб гирифтани холҳои ҷаримавӣ шурӯъ мешавад.  Феълан онҳо танҳо барои қонуншиканиҳое, ки кормандони Хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ (ХБҲР) ба расмият даровардаанд, ҳисоб карда мешаванд, навиштааст  Gazeta.uz.

Аз 1 апрели соли 2026  барои вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо воситаҳои автоматикунонидашудаи аксбардорӣ ва видеофиксатсия сабт шудаанд, баллҳои ҷаримавӣ ҳисоб карда мешаванд. Ин бо қарори  Девони вазирони Ҷумҳурии Узбекистон аз 25 октябри соли равон  пешбинӣ шудааст, хабар дод хадамоти матбуотии ХБҲР ВКД ҶУ.

 Низоми баҳисобгирии холҳои ҷаримавӣ аз 1 июни соли 2025 ба кор оғоз кард.  Тибқи маълумоти ХБҲР, пас аз ҷорӣ шудани система шумораи вайронкуниҳои  Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 58% ва шумораи  садамаҳои нақлиётии бо айби ронандагон рухдода 36% коҳиш ёфтааст.                                               

***

Омӯзиши назария дар мактабҳои ронандагӣ дар Узбекистон ихтиёрӣ мешавад. Аз 1 феврали соли 2026 таълими қисми назариявӣ дар мактабҳои ронандагӣ дар Узбекистон ҳатмӣ нахоҳад буд. Дар ин бора дар қарори  Девони вазирони кишвар аз 25 октябр гуфта шудааст, хабар дод  хадамоти матбуоти  Хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳи ВКД ҶУ.

Хоҳишмандони гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагии категорияҳои А (мотосиклҳо) ва В (автомобилҳои сабукрав) метавонанд қисми назариявии барномаи омӯзишро мустақилона аз худ кунанд. Вале қисми амалиро онҳо бояд дар мактаби ронандагӣ омӯзанд.

Илова бар ин, аз 1 январи соли 2026 зеркатегорияи нави А1 барои идоракунии мопедҳо ва скутерҳо ҷорӣ карда мешавад. Барои гирифтани чунин шаҳодатнома ба мактаби ронандагӣ рафтан шарт нест.

Тавре  дар  ХБҲР мушаххас карда шуд, дониши назариявӣ метавонад онлайн, офлайн ё мустақилона азхуд карда шавад ва дарсҳои амалӣ бояд дар ташкилотҳои таълимии аккредитатсияшуда пурра гузаронида шаванд. Пас аз бомуваффақият ба итмом расонидани амалия, номзадҳо метавонанд мустақиман имтиҳонҳои назариявӣ ва амалиро бидуни пешниҳоди шаҳодатномаи алоҳидаи хатми курс, ки одатан аз се то чор моҳ давом мекунад, супоранд. Хулосаи маркази таълимӣ кофӣ ҳисобида мешавад.                                                         

***

Дар Узбекистон моҳи ноябри соли 2025 дар соҳаи нақлиёт ва логистика чӣ навгонӣ рух медиҳад? Сомонаи Kun.uz, тибқи анъана, дар бораи тағйироти алоҳида дар қонунгузории Узбекистон, ки аз 1 ноябри соли 2025 эътибор пайдо мекунанд, иттилоъ додааст.

Якум, минбаъд ҳангоми насби баллони газ дар мошин иваз кардани шиносномаи техникӣ талаб карда намешавад. Нигоҳдорӣ ва мубодилаи иттилоот дар бораи табдили таҷҳизот ба таври  онлайн  ба роҳ монда мешавад.

Дуюм, Centrum Air парвозҳои мустақимро дар масири «Тошканд — Малдив» эълон кард. Онҳо аз 30 ноябр як маротиба дар як ҳафта — рӯзҳои якшанбе иҷро карда мешаванд. Арзиши ҳадди ақали чиптаҳои яктарафа аз 4 миллион сӯм бо назардошти бағоҷ (330.11 доллари ИМА), дар ҳарду ҷониб аз 8,1 миллион сӯм  шуруъ мешавад.

Сеюм, аз 3 ноябр фурӯши модели нави Chevrolet Cobalt оғоз меебад. Ширкати UzAuto Motors истеҳсоли оммавии автомобилро дар ду навъи нав  шуруъ мекунад. Ширкат Cobalt Style MCM ва Cobalt midnight MCM-ро бо зиёда аз 50 ҷузъ ва имконоти ҷадид навсозӣ кард. Нархи Cobalt Style MCM 156,1 миллион сӯм ($12 981,29), Midnight MCM 165,2 миллион сӯм($13 738,05) эълон шудааст.

Чорум, аз 1 ноябр дар саросари кишвар бояд барномаи мобилӣ барои пур кардани эъломияҳои гумрукии мусофирон ба даст оварда шавад.                                         

ДАР ҶАҲОН

Аз охири соли 2025 ва аввали соли 2026 дар Русия ҳаҷми пардохти утилизатсияи (нобудсозии)  воситаҳои нақлиёт меафзояд. Аз 1 декабри соли 2025 дар Русия меъёрҳои пардохти утилизатсия ба таври назаррас тағйир меёбанд.

Аз аввали декабри соли 2025 усули нави ҳисобкунии  маблағи утилизатсионӣ эътибор пайдо мекунад – лоиҳаи дахлдори қарори № 1291 аз ҷониби Вазорати саноат ва савдо нашр шудааст. Минбаъд дар вақти ҳисобу китоб  на танҳо ҳаҷми муҳаррик, балки иқтидори он бо қувваи асп ва инчунин хусусиятҳои экологии мошин ба назар гирифта мешавад.

Қоидаи нав ба истеҳсолкунандагон, воридкунандагон ва дилерҳо таъсир мерасонад — маҳз барои онҳо аз 1 январи соли 2026 ҷамъоварии истифодаи такрорӣ даҳҳо ва дар категорияҳои алоҳида садҳо маротиба зиёд карда мешавад. Аммо барои шахсони воқеӣ, ки мошинро барои истифодаи шахсӣ ворид мекунанд, меъерҳои имтиезнок нигоҳ дошта мешаванд: 3 400 рубл барои мошини нав; 5 200 рубл барои мошини аз се сол калонтар. Ин шартҳо то соли 2030 амал мекунанд.                                                       

***

Дар парки таксиҳои Дубай 700 ронанда аз Узбекистон кор хоҳанд кард. Ширкати таксомотории Dubai Taxi Company PJSC тақрибан 700 ронандаро аз Узбекистон ба кор қабул мекунад, навиштааст Консулгарии генералии ҷумҳурӣ дар Дубай. Дар ин бора сомонаи russianemirates.com рӯзи 24 октябр хабар дода буд.

Бино ба хабар, намояндагони консулгарӣ бо роҳбарияти ширкати нақлиётӣ гуфтушунид карданд, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ ва таъмини шаҳрвандони Узбекистонро бо шароити қонунӣ ва муносиби кор дар Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ  намудаанд.

Консулгарии генералии Узбекистон хабар додааст, ки дар кишвар барномаҳои махсуси тайёрии ронандагон, аз ҷумла курсҳои омузиши забон, урфу одат ва  одоби ронандагӣ ташкил карда шудаанд. Ин ба мутахассисони узбек имкон медиҳад, ки ба муҳити касбӣ дар хориҷа бомуваффақият ҳамгиро шаванд.                                                      

***

ИМА аз 1 ноябри соли 2025 барои воридоти мошинҳои боркаш аз дигар кишварҳо боҷ ҷорӣ мекунад. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки мақомоти кишвар аз 1 ноябр ба ҳамаи мошинҳои боркаши миёна ва калон, ки аз кишварҳои дигар ворид мешаванд, боҷ ҷорӣ мекунанд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

«Аз 1 ноябри соли 2025, ҳамаи мошинҳои боркаши миена ва вазнин, ки аз дигар кишварҳо ба ИМА меоянд, 25% боҷ ситонида мешаванд», – навиштааст Президенти ИМА дар Truth Social.                                         

***

Оянда фаро расид: дар Чин истеҳсоли оммавии мошинҳои парвозкунанда оғоз пазируфт. Дар Чин истеҳсоли озмоишии оммавии мошинҳои парвозкунанда оғоз ёфт, хабар дод NUR.KZ 3 ноябри соли 2025 мешавад бо истинод ба «Синхуа».

Тавре ки агентӣ  менависад, истеҳсолкунандаи мошинҳои барқии Чин XPeng истеҳсоли озмоишии  оммавии мошинҳоро бо дастгоҳҳои барқии парвоз ва нишасти амудӣ (вертикалӣ) оғоз кард.

Истеҳсоли ин мошинҳо дар аввалин корхонаи зеҳнии ҷаҳон, ки дар ҷануби Чин ҷойгир аст, идома дорад. Корхона аллакай аввалин ҳавопаймои барқии хориҷшавандаи модулии land Aircraft Carrier-ро истеҳсол кардааст.

Ширкати XPeng аз замони муаррифии маҳсулот аллакай барои қариб 5 ҳазор адад «мошинҳои парвозкунанда» фармоиш гирифтааст.

Истеҳсол ва таҳвили силсилавӣ дар соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

***

Норвегия ба ҷарима кардани ронандагони мошинҳои боркаш барои бетартибӣ ва ороиши кабина шурӯъ кард. Идораи ҳаракати роҳҳои ин кишвар санҷиши ҳолати кабинаҳои мошинҳои боркашро тақвият дод. Нозирон ба сатҳи биниш ва бехатарии кабинаи воситаҳои нақлиёт диққати махсус медиҳанд. Дар ин бора 3 ноябр Ларди.Today хабар дод.   

Акнун ҳама гуна ашёе, ки ба биниши роҳ халал мерасонанд, таҳти назорат қарор хоҳанд дошт: парчамҳои овезон, вимпелҳо, сувенирҳо, часпакҳои шишагӣ ва унсурҳои ороишӣ дар панели асбобҳо. Ҳатто тарҷзизоти муқаррарии аз нури офтоб ҳимоякунанда  ва деворҳои металлӣ дар пояи шиша, ки барои мошинҳои боркаш маъмуланд, метавонанд боиси ҷарима шаванд. Ғайр аз он, нозирон ашёҳои насбнашударо, ки ҳангоми садама метавонанд ба ҳаёт таҳдид кунанд, бодиққат тафтиш мекунанд.

Ларди.Today хотиррасон мекунад, ки Шӯрои вазирони Испания лоиҳаи қонунеро тасдиқ кардааст, ки тамокукаширо дар соҳаи боркашонии автомобилӣ манъ мекунад. Минбаъд инмаҳдудият ба мошинҳои боркаш, микроавтобусҳо, таксиҳо, нақлиёти  мусофирбар, инчунин    воситаҳои нақлиети дастраскунанда ва логистика низ  дахл хоҳанд дошт.