Хабарҳо

slider_img
slider_img

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАҚЛИЁТӢ ДАР ТОШКАНД. Дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунад

Санаи нашр: 11-11-2025 Просмотрено: 2

11-13 ноябри соли 2025 дар Тошканд Намоишгоҳи 21-уми байналмилалии «Нақлиёт ва логистика – TransLogistica Uzbekistan 2025» доир мегардад, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти рощбарии Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим иштирок мекунад.

Дар намоишгоҳ, ки дар он 60 ширкат аз 13 кишвар иштирок мекунанд, коркард ва навовариҳои охирин дар ҳама намудҳои нақлиёт (роҳи оҳан, автомобилӣ, авиатсионӣ ва баҳрӣ), хизматрасониҳои муосири логистикӣ ва тапдбирҳои рақамӣ барои беҳдошти ҳамлу нақл, лоиҳаҳои инфрасохтори давлатӣ ва хатсайрҳои муосири долонҳои байналмилалии нақлиётӣ; таҷрибаи ширкатҳои пешрафта дар сохтмони роҳи оҳан, бандарҳои баҳрӣ, марказҳои логистикӣ ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.

11 ноябр дар маҷмааи «Узэкспомарказ» дар пойтахти Узбекистон Форуми байналмилалии нақлиётӣ (International Transport Forum, ITF) ва Форуми авиатсионии Translogistica Uzbekistan 2025 бба кори худ шуруъ карданд.

Форумҳо ба мусоидат ба мубоҳисаҳои созанда, мубодилаи иттилоот ва ташаббусҳои муштарак оид ба таъмини рушди хатсайрҳои нақлиётии мултимодалӣ равона карда шудаанд.

Вазири нақлиети Узбекистон Илҳом Маҳқамов зимни ифтитоҳи форумҳо зикр кард, ки ҳамоишҳои мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ ва байналмилалӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва коршиносони пешбарро барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди низоми нақлиётию логистикӣ, таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва густариши шарикии байналмилалӣ ба ҳам меоранд.

Дар доираи форум Муколамаи 4-уми сатҳи баланд барои кишварҳои Осиё баргузор мешавад, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои Узбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд.

Илова бар ин, фардо, 12 ноябр, ҷаласаи 45 –уми Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои иштирокчии ИДМ (МҲН ИДМ) баргузор мешавад.