Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДУНЁИ МОРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД ВА ОНРО КОРОМАДТАР ВА РОҲАТТАР МЕСОЗАД». Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид

Санаи нашр: 03-11-2025 Просмотрено: 11

1 ноябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ Форуми байналмилалии «Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар» доир гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зикр кард, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба рушди илмҳои дақиқ, математика, фанҳои техникӣ ва технологияҳои инноватсионӣ афзудааст.

«Имрӯз Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ амалӣ менамояд, ки татбиқи он бе рушди илмҳои дақиқ, фанҳои математикӣ ва соҳаҳои техникии мамлакат ғайриимкон мебошад. Зеро маҳз ҳамин соҳаҳо асоси рушди иқтисодиёт, истеҳсолот ва рақобатпазирӣ мебошанд», - гуфт муовини Сарвазири ҶТ.

Дар Форуми байналмилалӣ, ки ба 35-солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) бахшида шуд, намояндагони сохторҳои давлатӣ, донишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ ва шарикони байналмилалӣ ширкат намуда, дар бораи нақш, имконияту таҷрибаи ин муассисаи таълтиӣ дар рушди соҳаҳои илму иқтиссодиёт табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни Форум Ректори ДТТ Зоҳир Раҳмонзода ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, академики Академияи байналмилалии илмҳои минералӣ Азим Иброҳим, ки солҳои 1992-1994 ба сифати муаллими калон ва декани факултети саноати сабуки Донишгоҳи технологии кишвар фаъолият кардааст, ва Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Каҳҳорзода, ки соли 1997 донишгоҳи мазкурро хатм намудааст, дипломи профессори фахрии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро супорид.

Иштирокчиёни Форум тазаккур доданд, ки зеҳни сунъӣ (ЗС) яке аз ихтирооти ҷолибтарин ва баҳсбарангезтарини қарни XXI мебошад. Он ҷаҳони моро тағйир медиҳад ва онро коромадтар ва роҳаттар месозад.Зеҳни сунъӣ технологияест, ки ба компютерҳо ва системаҳо имкон медиҳад вазифаҳоеро ба ҷо оранд, ки қаблан танҳо одамон аз уҳдаи иҷрояшон мебаромаданд.

Бар асоси ин мулоҳизот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 январи соли 2025 таҳти рақами 911 «Дар бораи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030» фармон содир намуданд.

Илова бар ин, моҳи июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Тоҷикистонро оид ба рушди зеҳни сунъӣ бо таваҷҷӯҳ ба таҳсилот ва ҳамкории байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ намуд. Қатъномаи ин созмони бонуфуз истифодаи зеҳни сунъиро барои рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ намуда, ба ташаккули технологияҳои боэътимод ва бехатар дар соҳаи маориф, стартапҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст.

Ташаббуси мазкурро бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СММ моҳи сентябри соли 2024 эълон карда буданд. Ин санадро аксарияти кишварҳои иштирокчии Маҷмаи Умумӣ ҷонибдорӣ намуданд. Қарори мазбур ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳияи руйкардҳои глобалӣ ба истифодаи муфид ва бехатари зеҳни сунъӣ арзёбӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи зеҳни сунъиро тайёр мекунад. Дар ин муассисаи таълимӣ ихтисоси нави зеҳни сунъӣ ҷорӣ карда, факултаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ (ТИК ва ЗС) кушода шуд. Ба наздикӣ дар донишгоҳ конфронси илмию амалии «Нақши ЗС дар таҳкими зеҳни касбии мутахассисон» доир гардид.

Донишгоҳи технологӣ ҳамсолони Истиқлолияти давлатӣ мебошад – он бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон тащти № 207 аз 20 сентябри соли 1990 ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Соли 1991 коллеҷ ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва хӯрокворӣ табдил дода шуд ва 19 феврали соли 1993 донишкада дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 80 мақоми донишгоҳро гирифт.

Дар соли таҳсили 2025-2026 дар ин муассиса 8 ихтисоси нав боз гардид: зеҳни сунъӣ ва маълумоти бузург; амнияти киберӣ дар энергетика; манбаъҳои барқароршавандаи энергия; меъмории рақамӣ ва сохтмон; робототехника ва автоматика; иқтисоди технологияҳои сабз; идоракунии логистикаи нақлиётӣ; нанотехнология дар мошинсозӣ.