Аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад. Минбаъд мошинҳои дорои вазни иҷозатдодашудаи зиёда аз 2,5 тонна, аз ҷумла мошинҳои сабуки тиҷоратӣ бояд бо Smart Tacho 2 муҷаҳҳаз карда шаванд. Дар ин бора Ларди.Today бо истинод ба портали JobMatch хабар медиҳад.
Айни ҳол мошинҳои дорои вазни пурраи иҷозатдодашуда аз 2,5 то 3,5 тонна метавонанд сарҳадҳоро бидуни тахограф убур кунанд. Аммо аз моҳи июли соли оянда уҳдадории нав ҷорӣ карда мешавад.
Комиссияи Аврупо (КА) тавзеҳот оид ба қоидаҳои нави истифодаи тахографҳо ва харитаҳои ронандагони мошинҳои боркашро дар доираи Регламенти ИА 2020/1054 нашр кард, ки ба Регламенти қаблии 165/2014 тағйирот ворид мекунад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба давраи гузариш аз августи соли 2023 то августи соли 2028 дода шудааст, ки дар давоми он операторҳо, ронандагон ва ширкатҳои нақлиётии боркашонии байналмилалӣ бояд ба талаботи нав мутобиқ шаванд.
Тибқи қоидаҳои нав, аз 1 июли соли 2026 ҳамаи воситаҳои нақлиёти вазни иҷозатдодашудаашон зиёда аз 2,5 тонна, аз ҷумла мошинҳои сабуки тиҷоратие, ки дар кишварҳои ИА истифода мешаванд, ба истиснои давлати бақайдгирӣ, бояд бо тахографҳои зеҳнии гузинаи 2 (smart Tacho 2) муҷаҳҳаз карда шаванд. Ронандагон инчунин бояд кортҳои тахографи версияи 2-ро истифода баранд. Ин назорати риояи реҷаи кор ва истироҳати ронандагонро осон ва маҳдудиятҳои техникиро ҳангоми санҷиши роҳҳо кам мекунад.
Мувофиқи қоидаҳое, ки алҳол амал мекунанд, тавре дар сайти мо хабар дода шуда буд (ниг. https://mintrans.tj/, 13-12-2024), аз моҳи январи соли 2025 ронандагон ва ширкатҳо бояд воситаҳои нақлиёти худро бо вазни зиёда аз 3,5 тонна, ки дар интиқоли байналмилалӣ истифода мешаванд, бо тахографҳои рақамии насли дуюм (Smart Tacho 2) муҷаҳҳаз кунанд.
Қоидаҳои наве, ки соли оянда ҷорӣ карда мешаванд, ба мошинҳои боркаш, инчунин мошинҳои сабуки тиҷоратӣ (фургонҳо, мошинҳои хурди боркаш ва микроавтобусҳо) дахл хоҳанд дошт. Ин воситаҳои нақлиёт ба талабот оид ба вақти рондани мошин ва истироҳати ронанда тибқи Муқаррароти (ИА) 561/2006 мутобиқ карда мешаванд.
Мақомоти назоратӣ метавонанд бевосита маълумотро дар бораи убури сарҳад, танаффус ва вақти корӣ ба даст оранд.
Яке аз тағйироти калидӣ зиёд кардани даврае хоҳад буд, ки мақомоти назоратӣ метавонанд маълумоти ронандагонро аз 28 то 56 рӯз тафтиш кунанд. Ронандагоне, ки кортҳои тахографи версияи 2.2-ро истифода мебаранд, метавонанд маълумотро дар муддати 56 рӯз ба таври худкор пешниҳод кунанд. Аммо, барои кортҳое, ки то моҳи августи соли 2023 дода шудаанд, метавонанд мушкилот эҷод кунанд, зеро на ҳамаи онҳо иқтидори нигоҳ доштани маълумотро дар чунин муддати тӯлонӣ доро ҳастанд. Дар чунин ҳолатҳо, Комиссияи Аврупо ба ронандагон ва операторон тавсия медиҳад, ки сабтҳои иловагӣ гузаронанд ё чопи маълумотро пешниҳод кунанд.
Тағйироти зикршуда ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, кам кардани хастагии ронандагон ва фароҳам овардани шароити баробар барои ҳамаи иштирокчиёни бозори ҳамлу нақли байналмилалӣ равона карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷорӣ намудани масъулият барои ширкатҳои нақлиётӣ ва ронандагон ҷиҳати дар сурати нодида гирифтан ва насб накардани тахографҳои насли дуюм боиси таҳримҳо ва ҷаримаҳои ҷиддӣ мегардад, ки андозаашон вобаста ба кишвар ва намуди нақлиёт аз 200 то 18000 евроро ташкил медиҳад.
МАЪЛУМОТНОМАИ МО
Тахгораф чист?
Баъзе ҷузъҳои ин дастгоҳ инҳоянд:
Нишондиҳандаи суръат – суръати ҳаракати воситаи нақлиётро сабт ва ба арзёбии масофаи тайшуда кӯмак мекунад.
Блоки коркарди маълумот – маълумотро сабт ва нигоҳдорӣ мекунад Дисплей (намоиш) – дар экрани хурд маълумоти ҷорӣ дар бораи суръати мошин ва ҳолати ронанда нишон дода мешавад.
Ковокӣ барои ворид кардани корт – ин қисмат танҳо дар сурате кор мекунад, ки ронанда аз калид-корти шахсии худ истифода барад.
Принтер - бисёр ҷузъҳои тахограф ба шумо имкон медиҳанд, ки маълумоти дилхоҳатонро фавран чоп кунед.