Даъвои он, ки рӯзномаю маҷаллаҳои коғазӣ дар асри интернет ва технологияҳои иттилоотӣ аз байн мераванд, хато ва ботил аст. Мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳо ҳоло низ ҳамчун як тамоили мӯд, одати наҷиб, нишонаи зиёӣ будан ва ҷаҳонбинии васеъ доштан маҳсуб мешавад. Пас, агар шумо то ҳол ба рӯзномаи «Нақлиёт» обуна нашуда бошед, ҳатман ин корро кунед. Чаро? Дар зер бихонед.
АВВАЛАН, «Нақлиёт» нашрияи расмии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки соли 1997 таъсис ёфтааст, ягона рӯзномаест, ки 28 сол боз чоп мешавад ва хабарҳо, мақолаҳо, гузоришҳо, мусоҳибаҳо, ташреҳҳои муҳимро дар бораи рӯйдодҳо, дастовардҳо ва масоили доғ ва мубрами соҳаии роҳу нақлиёт Тоҷикистони соҳибистиқлол нашр ва паҳн менамояд.
Дар сароғози табъу нашри ин рӯзнома шахсиятҳои шинохта, устодони сухан – адиб, таърихшинос, ходими намоёни давлатӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам ва шоир, нависанда, пукблисист, баранди Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Ато Мирхоҷа қарор доштанд, ки ҳарду солҳои гуногун саормуҳаррири «Нақлиёт» буданд.
Тайи 20 соли охир вазифаи сармуҳаррири рӯзномаро инсони наҷиб ва рӯзноманигори боистеъдод Хандонгул Доробова бар уҳда дорад, ки тавонистааст теъдоди зиёдеро аз аҳли зиё, адибон, олимон ва ходимони ҷамъиятӣ ба ҳамкорӣ ҷалб намояд ва рӯзномаи «Нақлиёт»-ро дар дар қатори нашрияҳои соҳавӣ ба яке аз мавқеъҳои пешсаф барорад.
СОНИЯН, рӯзномаи «Нақлиёт» -ро барҳақ метавон як навъ солномаи соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол, яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишварамон номид.
Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди маҷмааи нақлиётӣ, таърих ва таҳқиқоти илмии соҳа, таҷрибаи кор оид ба таъмини бехатарӣ дар нақлиёт, инчунин танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва авиатсиияи Тоҷикистон аз мавзуҳои асосии матолиби рӯзнома мебошанд.
Тавре нависанда ва рӯзноманигори англис Грэм Филлипс навиштааст, «газета аввалин мусаввадаи таърих аст». Аз ин нуқтаи назар, рӯзнома метавонад барои мутахассисони ин соҳа ва донишмандоне, ки масъалаҳои нақлиёт, логистика, сохтмон ва хоҷагии роҳро таҳқиқ мекунанд, ба ҳайси манбаи бой ва боэътимод хизмат кунад.
СОЛИСАН, сиёсатмадорон, донишмандон ва адибони машҳури олам, аз Ленину Маркс, Черчилл ва Рузвелт, Пушкин ва Достоевский, Эйнштейн ва Менделеев, Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ то Габриэл Гарсипа Маркес ва Пауло Коэлйо, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ва Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир, Мавҷуда Ҳакимова ва Гулрухсор Сафӣ, Гулчеҳра Сулаймонова ва Фарзонаи Хуҷандӣ ва бисёр дигарон фаъолияти худро аз рӯзноманигорӣ шуруъ карда, дар давоми умрашон бо рӯзномаю маҷаллаҳо сари кор доштаанд.
Садриддин Айнӣ – поягузори адабиёти навини тоҷик, нахустин насрнависи тоҷик ва нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон инчунин аввалин рӯзноманигори тоҷик низ буд, ки маҷаллаи «Шуълай инқилоб» ва рӯзномаи «Овози тоҷик» - ро таъсис додааст. 25 августи соли 1924 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаи С.Айнӣ таҳти унвони «Қавми тоҷик ва рӯзнома» чоп шуда буд, ки дар он омадааст: «Рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба нақши муотбуоти тоҷик дар рушду нумуи кишвар арҷ мегузоранд, 10 марти соли 2012 зимни суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик чунин иброз доштаанд: «Ман матбуотро ҳамчун унсури муҳими муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мепазирам ва фаъолияти онро аз ҳамин нуқтаи назар арзёбӣ менамоям. Хотирнишон месозам, ки аз бисёр навиштаҳои рӯзноманигорон огоҳ ҳастам ва онҳоро дар ҳолатҳои зарурӣ мавриди истифода қарор медиҳам».
РОБЕЪАН, рӯзномаи коғазӣ ҳеҷ вақт аз мӯд намебарояд. Инро таҷрибаи муосири ИМА, Аврупо ва Ҷопон собит менамоянд. Дар он кишварҳо бисёриҳо чунин мегӯянд: «Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ гоҳ ҷои рӯзнома ва китоби коғазиро гирифта наметавонад!».
Дар як масали халқӣ чунин гуфта шудааст: «Ҳар касе сафар мекунад, аз марди хирадманд дуртарро мебинад». Чанде пеш як гурӯҳ кормандони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз сафари хизматӣ ба Ҷопон баргаштанд. Онҳо дар қатори бисёр чизҳои дигар тақдири расонаҳои чопӣ дар Токиои муосирро ба мушоҳида гирифтаанд.
Бино ба нақли онҳо, аз рӯи тиражи умумии рӯзномаҳои ҳаррӯза (72,7 миллион нусха) Ҷопон дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад, аз рӯи шумораи рӯзномаҳо ба ҳар сари аҳолӣ (592 нусха ба 1 ҳазор нафар) дар мавқеи дуюм қарор дорад. Бузургтарин рӯзномаҳои ҷопонӣ «Асахи» (12,4 миллион нусха), «Ёмиури» (14,4 миллион нусха), «Майнити» (5,6 миллион нусха) ва «Никкэй» (4,7 миллион нусха) аз рӯи адади нашр дар ҷаҳон пешсафанд. Ҳатто баъзе рӯзномаҳо дар як рӯз ду маротиба (субҳ ва шом) нашр мешаванд...
Ва ғайра ва ҳоказо.
Хулласи гап, агар шумо то ҳол ба рӯзномаи «Нақлиёт» обуна нашуда бошед, ҳамин ҳоло аз паи ин кор шавед!
Суроға:
Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Идораи рӯзномаи «Нақлиёт».
Индекс: 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айни,14.
Тел.: 222-22-47, 222-22-48.
Почтаи электронӣ: ngazeta@list.ru
Рӯзномаи «Нақлиёт» моҳе се маротиба дар ҳаҷми 16 саҳифаи А–3 чоп мешавад.
Арзиши обуна барои як сол 196 сомонӣ, бидуни хизматрасонии почта.
Аз хонандагони рӯзнома, муассисаҳо ва корхонаҳои дахлдори Вазорати нақлиёт хоҳиш менамоем, ки маблағи обунаро бевосита ба суратҳисоби нашрия интиқол диҳанд.
Ҳисоби бонкӣ дар филиали ҶСК «Ориёнбонк»
дар ноҳияи Исмоили Сомонии ш. Душанбе:
с/ҳ 20202972310301000916
ҳ/м 20402972413691
МАМ 350101369
РМА 01000 6520