Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Презитденти ҶТ хабар медиҳад.
Навсозии 8,5 километр роҳи деҳаи Пушинг мушкилоти мардумро бартараф ва сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ осон гардонид.
Соли 2019 ба истиқболи 30 – солагии Исиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони деҳаи Пушинг зиёда аз 20 километр роҳи мошингард навсозӣ шуд.
Ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ 8,5 километр роҳи боқимондаи байнидеҳавӣ мумфарш гардид ва бо ин қариб 100 фоизи роҳҳои деҳаи Пушинг навсозӣ шуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ҷавонмардони бонангу номуси деҳаи Пушингро барои бунёди иншооти таиноти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ ва табдил додани деҳа ба як шаҳраки зебову пешрафта шоистаи таҳсин хонданд.
Сохтмони роҳи мошингард дар кӯтоҳтарин муҳлат бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва техникаи соҳавӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, дар ду шафати роҳ баробари насби сутунпояҳои равшанидиҳанда, ҳамзамон дар масофаи 3 километр қубурҳои обгузар хобонда шудааст. Ин роҳ барои рафтуомади мардум, роҳи душворгузар ва дар фасли баҳор хатарнок буд.
***
Дар Хуҷанд мумфаршкунии васеи роҳҳои шаҳрӣ идома дорад. 16 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода корҳо оид ба мумфарш кардани роҳ дар кӯчаи Себзор дар шаҳри Хуҷанд оғоз пазируфт. Дар ин бора маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии (МИҲД) вилояти Суғд хабар дод.
Дарозии ин роҳ 1 километр, паҳноии он 16-18 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди роҳ тавассути маблағгузории МИҲД вилоят сурат мегирад.
Тибқи омор, дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 600 километр роҳҳо пурра мумфарш карда шудаанд. Корҳо оид ба мумфаршкунӣ ва навсозии инфрасохтори роҳ идома доранд.
***
Омодасозии соҳаи роҳу нақлиёт ба мавсими зимистон дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 17 октябр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба аъзои ҳайати мушовара дар бораи рафти иҷрои тадбирҳо ҷиҳати нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ ва омодасозии воситаҳои нақлиёт ба зимистон маълумот дода шуд.
То 10 октябри соли 2025 нақшаи захира кардани маводи зиддилағзиш 101%, сӯзишвории дизелӣ 84,6%, ангишт 93,7% ва ҳезум 100,7% ва омодасозии техникаи роҳнигоҳдорӣ 93,2% иҷро карда шудааст.
Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ба муассисаву корхонаҳои роҳу нақлиёт супориш дод, ки тамоми корҳои асосии омодасозии соҳаро ба мавсими зимистон то 1 ноябри соли ҷорӣ ба анҷом расонанд.
***
Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати нақлиёти мамлакат портали ягонаи рақамӣ (ПЯР) таҳия гвардид. Он бо ибтикори КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» - и Вазорати нақлиёти ҶТ роҳандозӣ мешавад.
Портал пас аз ҳамгироӣ бо системаҳои шабеҳи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва дигар мақомоти давлатӣ пурра ба кор андохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 8 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фармони № 911 имзо гузоштанд, ки тибқи он солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуданд.
Дар фармон таъкид шудааст, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ таъмини рушди устувори зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ мебошад.
***
Арзиши ваколатномаи ронандагӣ дар Тоҷикистон боло бардошта шуд. Чунин тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» ворид карда шудааст.
Лоиҳаи ислоҳот аз ҷониби Ҳукумати ҶТ 29 май тасдиқ гардид ва барои баррасӣ ба Парлумон фиристода шуд. 25 июн вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тағйиротро тасдиқ намуданд ва 1 октябр Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунро имзо карданд.
Ин санад як моҳ пас аз нашри тағйирот дар расонаҳои давлатӣ эътибор пайдо мекунад.
Тибқи тағйирот, ин навоварӣ ба ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон – ҳам ба хешовандони наздик ва ҳам ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл дорад. Акнун ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифодаи мошин барои кӯдакон (аз ҷумла фарзандхондшудагон), зану шавҳар ва падару модарон аз 25 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 50 фоиз (1 нишондиҳанда = 75 сомонӣ) боло рафтааст.
***
Дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи ҳалқавии «Дӯстии халқҳо» муваққатан маҳдуд карда мешавад. Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки аз 25 октябри соли равон вобаста ба корҳои сохтмонӣ ҳаракати ҳамаи намудҳои воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи мазкур муваққатан маҳдуд карда мешавад.
Милитсияи Душанбе аз ронандагон даъват кардаааст, ки маҳдудиятҳоро ба назар гиранд ва барои ҳаракат кардан аз кӯчаҳои ҳамсоя ва ҳамшафат истифода баранд.
Интизор меравад, ки маҳдудиятҳо дар давраи корҳои сохтмонӣ амал кунанд, мӯҳлати дақиқи барқароршавии ҳаракат аз ҳаҷми корҳои анҷомдодашуда вобаста аст.
ДАР МИНТАҚА
Қазоқистониҳо ба таксӣ рӯ меоранд. Даромади нақлиёти шаҳрӣ дар кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад LS. Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз хизматрасониҳои худ ба аҳолӣ 688,6 миллиард танга ба даст оварданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2% камтар аст.
Аз хизматрасониҳои ҳавопаймоҳо 11,9 миллион нафар (+6,9%) истифода бурданд.
Даромади нақлиёти шаҳрӣ аз интиқоли мусофирон 45,2% афзоиш ефта, ба 358,3 миллиард танга расид. Дар давоми нӯҳ моҳ 1,4 миллиард нафар (+11,7%) интиқол дода шуданд.
Аз автобусҳо 1,2 миллиард нафар (+6,6%), таксиҳо 119,3 миллион нафар (+2,4 маротиба), троллейбусҳо ва трамвайҳо 35,2 миллион нафар (-9%), роҳҳои ресмонӣ (канатӣ) ва дигар нақлиёт 22,8 миллион нафар (+12,8%) истифода бурдаанд.
***
Дар Қазоқистон дарозии роҳҳои пулакӣ ду баробар зиёд мешавад. Дарозии умумии қитъаҳои пулакии роҳҳои ҷумҳуриявӣ ба 10 ҳазор километр мерасад, ки ин ду баробар бештар аст. Дар ин бора дар мусоҳиба бо радиои «Jibek Joly» муовини раиси Кумитаи роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёти ҶҚ Мақсат Баяхмет изҳор дошт, ки 15 октябр матни он аз ҷониби агентии Kazinform пахш карда шуд.
Дар айни замон, тавре номбурда зикр кард, аксари қитъаҳо ба нақлиёти транзитӣ нигаронида мешаванд.
«Он танҳо ба транзит нигаронида шудааст, албатта. Инчунин баъзе роҳҳои пулакии минтақавӣ мавҷуданд, аммо онҳо танҳо ба нақлиёти боркаш равона карда мешаванд. Яъне, нақлиёти сабукрав комилан ройгон хоҳад буд», - гуфт Мақсат Баяхмет.
Нигоҳдории роҳҳои пулакӣ ва ройгон аз ҳисоби ба ном автобанҳои пулакӣ анҷом дода мешавад. Ин маблағ сол аз сол меафзояд. Агар дар тамоми давраи гузашта тақрибан 45 миллиард танга (қариб 84 миллион доллари ИМА) пардохт карда шуда бошад, пас имрӯз ин маблағ қариб 1,5 маротиба афзудааст.
***
Дар Туркманистон сохтмони якчанд шоҳроҳҳои нав ба нақша гирифта шудааст. Дар солҳои наздик дар кишвар сохтмони шоҳроҳҳои нави «Туркменабат–Газоджак–Дашогуз», «Марв–Серхатабат» ва «Гумдаг–Этрек–сарҳади Эрон» ба нақша гирифта шудааст, хабар дод муовини Раиси агентии давлатии идораи сохтмони роҳҳои автомобилгард Довран Атаев, хабар медиҳад ORIENT.
Илова бар ин, сохтмони пули автомобилӣ дар болои халиҷи кӯли Гарабогаз идома дорад, ки қисми хатсайри нави «Туркманбаши – Гарабогаз – сарҳади Қазоқистон» хоҳад буд.
Ба гуфтаи Довран Атаев, ҳамаи лоиҳаҳо ба ҳамгироии инфрасохтори нақлиётии Туркманистон ба системаи ҷаҳонӣ равона шудаанд.
***
Дар Узбекистон фурудгоҳе сохта мешавад, ки метавонад маркази ҳавопаймоии минтақа гардад. Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ба сохтмони фурудгоҳи байналмилалӣ дар вилояти Тошканд оғоз ниҳод, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Зикр карда мешавад, ки фурудгоҳи амалкунанда, ки барои 11 миллион мусофир дар як сол пешбинӣ шудааст ва дар дохили шаҳр ҷойгир аст, васеъ карда намешавад. Аз ин рӯ, қарор қабул карда шуд, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Уртачирчик ва Куйичирчик дар майдони 1 ҳазору 300 гектар фурудгоҳи нави байналмилалӣ бунёд карда шавад.
Ин бандари нави ҳавоӣ метавонад ҳар сол то 20 миллион мусофир ва 129 ҳазор тонна борро интиқол ва дар муддати як соат то 30 парвоз ва фуруд анҷом диҳад, 14 трапи телескопиро истифода барад ва ҳамзамон 62 ҳавопайморо ҷойгир намояд.
***
Сохтмони роҳи автомобилгарди 125-километрии «Барскоон – Бедел» оғоз ёфт, ки Қирғизистонро бо Чин мепайвандад. Лоиҳа бо арзиши 860 миллион доллар аз ҷониби ширкати чинии China Road and Bridge Corporation (CRBC) амалӣ карда мешавад, хабар медиҳад сомонаи Меѕ.кд бо истинод ба globalhighways.
Шоҳроҳи мазкур аз вилояти Иссиқкӯл мегузарад ва бо Бедел, дар марз бо музовоти Аксуи Чин, пайваст мешавад. Роҳ имкон медиҳад, ки вақти сафар то 12 соат ва масири нақлиёт тақрибан 500 километр кам карда шавад.
Лоиҳа сохтмони ду нақбро дар бар мегирад: дар зери ағбаи Сеек бо дарозии 5,5 км ва дар зери ағбаи Ашуу-Суу бо дарозии 3,8 км.
Дар водии Кара-Сай пули калон ва силсилаи иборат аз 12 роҳи ёрирасон сохта мешавад, ки ба шоҳроҳ имкон медиҳад, ки дар наздикии дарёи Барскоон ба осонӣ баланд шавад.
Интизор меравад, ки роҳ то соли 2030 ба истифода дода шавад.
***
Сохтмони роҳ миёни Афғонистон ва Чин ба Синязян идома дорад. Бунёди роҳи «Вахон — Синзян», ки Афғонистонро бо Чин мепайвандад, соли 2023 оғоз ёфта буд, менависад рӯзномаи Eurasia Dail ва таъкид мекунад, ки ин роҳ барои таҳкими иқтисодиёти ҳарду кишвар муҳим аст ва ба Афғонистон, Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиат меорад.
Бино ба зикри рӯзнома, роҳ хароҷоти нақлиётро кам карда, имкон медиҳад, ки молҳо бе интизории парвози ҳавопаймоҳо интиқол дода шаванд.
Ноҳияи Ваҳон аз қисми шимолу шарқии Афғонистон ва шарқи дурдасти вилояти Бадахшон иборат буда, дар шимол бо Тоҷикистон, дар ҷануб бо Покистон ва дар шарқ бо Чин ҳамсарҳад аст. Дар ноҳия долони Вахон ҷойгир аст, ки қаблан Ҳиндустони Бритониё ва Империяи Русияро аз ҳам ҷудо мекард ва қитъаи заминро бо дарозии тақрибан 295 км ва паҳноии аз 15 то 57 километр дар бар мегирад.
ДАР ҶАҲОН
Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳи (ГИБДД) Русия барои ронандагон манъи пурра ҷорӣ кард: дар сурати қоидавайронкунӣ воситаи нақлиёт тахлия (эвакуатсия) карда мешавад. Қоидаҳои нави роҳ ба ҳамаи шаҳрҳои Русия дахл доранд.
Бино ба навиштаи PRIMPRESS, барои қонуншиканӣ ба ронандагон ҷарима ва ҳатто эвакуатсияи мошин таҳдид мекунад.
Қоидаҳои нав, ки аз ҷониби ГИБДД ҷорӣ карда шудаанд, ба «ҷазираҳои бехатарӣ» – қитъаҳои махсуси канори роҳ, ки барои ҷудо кардани ҷараёни нақлиёт ва таъмини бехатарии пиёдагардон пешбинӣ шудаанд, дахл доранд.
Акнун на танҳо таваққуф кардан, балки ҳаракат кардан дар чунин «ҷазираҳо» низ манъ гардид. Пештар танҳо ҳамчун таваққуфгоҳ истифода бурдани ин ҷойҳо манъ карда шуда буд, аммо бо тағйироти нави ГИБДД назорати истифодаи онҳо сахттар шуд.
***
Нақби пайвасткунандаи Русия ва Аляска метавонад дар муддати 8 сол сохта шавад. Дар ин бора Раиси Хазинаи сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев изҳор доштааст, менависад 17 октябр Sputnik.
Ҷониби Русия тахмин мезанад, ки сохтмон бо истифода аз технологияҳои пешрафта тақрибан ҳашт миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Дар бораи дурнамои сохтмони нақб тавассути ағбаи Беринг раиси РФПИ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х навиштааст.
«Ба шарофати технологияи муосири ширкати Boring Company, ин нақб метавонад ба «Нақби Путин-Трамп» табдил ёбад, ки Авруосиё ва Амрикоро бо арзиши камтар аз ҳашт миллиард доллар бо ҳам мепайвандад», – навиштааст ӯ.
***
Қазоқистон ва Арманистонро як хатсайри нави нақлиётӣ ба ҳам хоҳад пайваст. Бо ба истифодадиҳии хатсайри нави нақлиётии мультимодалӣ Арманистон робитаҳои логистикиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин таҳким бахшид, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Роҳи нави нақлиётии мултимодалӣ аз Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ - Туркманистон ва Қазоқистон мегузарад, хабар дод президенти Маҳфили дипломатии «Остона» Қайрболат Саҳметов рӯзи 17 октябр.
Нақшаи бунёди ин роҳ баъди Форуми тиҷоратии Қазоқистон ва Арманистон таҳия шуда буд ва аллакай якчанд ширкатҳо самти навро аз худ карданд, зикр кард дипломат.
***
Талабот ба кормандони таксӣ дар Русия афзоиш ёфтааст. Шумораи ҷойҳои холии корӣ дар категорияи «Такси, нақлиёт ва логистика» дар семоҳаи сеюми соли 2025 нисбат ба соли гузашта 17 фоиз афзудааст, хабар додаанд дар «Авито Работа».
Музди миёнаи пешниҳодшуда дар сегмент ба 93 ҳазор рубл дар як моҳ расид, ки нисбат ба соли гузашта 12% зиёдтар аст. Афзоиш бо рушди хизматрасониҳои нақлиётии онлайнӣ, рақобат барои дарёфти ронандагон ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ алоқаманд аст.
Тибқи маълумоти платформа, ширкатҳо чатботҳоро барои автоматикунонии кироя фаъолона истифода мебаранд. Онҳо дар коркарди посухҳо, интихоби аввалия ва ҳамроҳии номзадҳо пеш аз ба кор рафтан кӯмак мерасонанд. Ин имкон медиҳад, ки муошират бештар ва бори супоришҳои HR кам гарданд.
Муҳаққиқон мегӯянд, ки бозори меҳнат дар нақлиёт тағироти технологиро аз сар мегузаронад. Ширкатҳо сенарияҳои AI ва автоматии коммуникатсияро татбиқ мекунанд.
***
Чин дар бозори мошинҳои барқӣ «инқилоб» омода мекунад. Ин мошинҳо метавонанд бо батареяи 100 килограмма 1000 километрро тай кунанд. Дар ин Бора Телевизиони марказии Чин бо истинод ба олимони маҳаллӣ хабар дод, навиштааст 18 октябр «365 news.biz».
Ин дастовард ба туфайли таҳқиқоти батареяҳои сахт имконпазир мегардад. Дар айни замон, ҳамаи батареяҳои мошинҳои барқӣ ва гибридӣ моеъгӣ ҳастанд. Ин маънои онро дорад, ки ба онҳо электролити махсус рехта мешавад, ки алоқаи анод ва катодро таъмин мекунад. Аммо муддати тӯлонист, ки бисёр ширкатҳо самти батареяҳои сахтро таҳқиқ мекунанд. Тавре аз номаш маълум аст, дар онҳо электролит дар ҳолати сахти агрегатӣ қарор дорад.