Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

САРМОЯГУЗОРӢ БА БАРАКАТИ ОЯНДА. Соҳаи нақлиёт яке аз соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорӣ номида шуд

Санаи нашр: 21-10-2025 Просмотрено: 5455

«Танҳо соли 2024 ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 5 миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар мавриди татбиқ қарор доранд», – гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025».

Дар қатори афзалиятҳои возеҳ ва рақобатпазири мо, Сарвари давлат «мавқеи стратегии кишварро, ки ба Тоҷикистон имкон медиҳад ба маркази калидии нақлиётӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад», зикр намуданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 3 миллиарду 303,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба миқдори 1 миллиарду 231,1 миллион доллар ё ба андозаи 59,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора қаблан Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии (КДСИАД) Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Бештар аз ҳама сармоя ба бахши энергетика – 1,6 миллиард доллар, инчунин ба соҳаи нақлиёт –1,2 миллиард доллар равона карда шудааст. Тибқи арзёбии КДСИАД, маҳз ҳамин ду самт дар нимсолаи аввали соли 2025 барои сармоягузорӣ афзалият доштанд.

Ҳамчунин 10 созмони байналмилалӣ, ки бештар аз дигарон ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд, номбар шудаанд: Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушди Чин, Бонки сармоягузории инфрасохтори Осиё, Бонки рушди Олмон, Бонки сармоягузории Аврупо ва Хазинаи рушди байналмилалии ОПЕК.

Тибқи маълумоти ширкати консалтингии Research&Markets, ки мутахассисони соҳаи иттилооти ҷаҳониро дар бораи бозорҳо муттаҳид намудааст (соли 2002 таъсис ёфтааст, қароргоҳаш дар Дублини Ирландия ҷойгир аст), соли 2020 арзиши бозори ҷаҳонии роҳҳои ҳушманд 25,5 миллиард долларро ташкил карда буд.Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки то охири соли 2025 он ба 62,6 миллиард доллар мерасад. Чунин суръати рушдро онҳо ба таваҷҷӯҳи афзоянда ба консепсияи шаҳрҳои ҳушманд ва нақлиёти ҳушманд рабт медиҳанд, ки барои аҳолии рӯи Замин, ки шумораашон торафт бештар мешавад, шароити мусоид фароҳам меорад ва ба рушди иқтисодиёт мусодат мекунад.

Вазифаи асосии низоми самараноки нақлиёт таъмини ҳамлу нақл, яъне ҳаракати бор ва мусофирон мебошад. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳаракату баракат». Муваффақият дар ҳаракат аст. Ҳамин тариқ, сармоягузорӣ ба ҳамлу нақли оянда сармоягузорӣ ба муваффақият дар оянда аст.

Низоми нақлиётии босифат бозори ягонаро ба вуҷуд меорад, дастрасии бору мусофиронро ба минтақаҳои дигар осон мекунад, хароҷоти истеҳсоли молу маҳсулотро коҳиш медиҳад ва инчунин шуғл, савдо ва рушди иқтисодиро таъмин месозад.

Дар Тоҷикистон тайи нӯҳ моҳи соли равон 99,8% ҳамаи мусофиркашонӣ ва 94,5% боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ анҷом дода шуд. Имрӯз шаҳрҳо маҷбуранд ба урбанизатсия, яъне раванди тамаркузи аҳолӣ дар шаҳрҳо вокуниш нишон диҳанд, ҳаракати нақлиётро ба тартиб оваранд, сатҳи ифлосшавии ҳаворо коҳиш диҳанд, бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро таъмин намоянд. Технологияҳои нав ба мақомот ва операторони инфрасохтор имкон медиҳанд, ки сохтмони роҳ ва ҳаракат дар роҳҳоро дар сатҳи нав идора кунанд.

Технологияи IoT (Internet of Things) имкон медиҳад, ки кӯчаҳои шаҳрҳо беҳтар, ҳушмандтар ва муассиртар муоина ва идора карда шаванд. Усулҳои зеҳнӣ самтҳои гуногун, аз идоракунии ҷараёни ҳаракат дар роҳҳо то бехатарии пиёдагардон ва воситаҳои нақлиёт, мониторинги муҳити зист ва ғайраро беҳтар месозанд.

Ҳоло таҷдиду навсозии роҳҳои автомобилгарди «Данғара – Гулистон» бо дарозии 50 километр ва «Гулистон – Фархор» бо дарозии 33 километр оғоз ёфт.

Дар айни замон тавассути Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд.140 млн. доллари ИМА амалӣ карда мешавад.