17 октябр ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар 9 моҳ ва вазифаҳои минбаъда барои семоҳаи чоруми соли 2025 баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Вазири нақлиёти ҶТ, Раиси ҳайати мушовара Азим Иброҳим доир гардид, аъзои ҳайати мушовара, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва муассисаву корхонаҳои тобеи вазорат, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ширкат намуданд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин муовини Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимзода иштирок кард.
Ҳисботро дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нӯҳ моҳ ва вазифаҳо дар семоҳаи чоруми соли 2025 муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Негматзода ироа намуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра, сарфи назар аз мушкилоти логистикии мавҷуда, раванди рушди устувори нишондиҳандаҳои асосӣ дар самти нақлиёт нигоҳ дошта шуд.
Айни замон дар соҳа 2865 корхона ва муассисаи дорои шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла 2482 корхонаи нақлиёти автомобилӣ, 246 муассиса ва корхонаҳои роҳсозӣ ва нигоҳдории роҳҳо, 137 корхонаи нақлиёти роҳи оҳан фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 2,9 фоиз зиёд аст.
Дар ҷумҳурӣ 895 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла 179 хатсайри шаҳрӣ, 531 наздишаҳрӣ, 154 байнишаҳрӣ ва 31 хатсайри байналмилалӣ амал мекунанд.
Ба ҳолати то 1 октябри соли ҷорӣ 701231 адад воситаҳои нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 64938 адад (ё 10,8%) зиёд аст. Дар байни онҳо 53967 мошинҳои боркаш, 16520 мусофирбар, 606296 сабукрав, 6007 воситаҳои нақлиёти махсус ва 18441 адад мотосикл ҳастанд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 115,6 миллион тонна бор (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд) ва 832 миллион мусофир (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 фоиз зиёд) интиқол дода шудааст.
Тавре ки дар ҳисобот омадааст, соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ вобаста ба шароити мушаххаси иқлимӣ ва мавқеи ҷуғрофии кишвари мо нақши муҳим мебозад. Беш аз 94,5% борҳо ва 99,8% мусофирон тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо нақлиёти автомобилӣ беш аз 109,4 миллион тонна бор ва 832,0 миллион мусофир интиқол дода шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ҳаҷми боркашонӣ 115,4% ва мусофиркашонӣ 09,5% - ро ташкил додааст.
Дар 9 моҳи соли 2025 тавакссути нақлиёти автомобилӣ 864,8 ҳазор тонна бор, аз ҷумла 154 ҳазору 740 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир ва 1,4 миллион тонна бор ворид карда шудааст. Беш аз 30,9% (33,9 миллион тонна) бор ва қариб 89,0% (740,2 миллион) мусофир тавассути воситаҳои нақлиёти автомобилии системаи Вазорат интиқол дода шудаанд.
Ҳамлу нақли байналмилалӣ асосан тавассути нақлиёти роҳи оҳан амалӣ карда мешавад – 69,3% боркашоонии байналмилалӣ ба роҳи оҳан рост меояд.
Бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то 80 фоиз тахфиф пешниҳод намуд. Ҳамчунин дар натиыаи ҳамкориҳои судманд бо маъмуриятҳои роҳи оҳани Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русия барои соҳибкорони мо имтиёзҳои назаррас барои интиқоли бор ба ин кишварщо ба даст оварда шудаанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти муҳими соҳаи роҳу нақлиёт ба кор андохта шуданд. Аз ҷумла, 25-28 июн дар ВМКБ, дар шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе – Кулма» қитъаи роҳи «Калаихум - Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон» бо дарозии 93 километр, 1 нақби дарозиаш 3400 метр, 13 пули автомобилӣ, роҳи автомобилгард аз маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ бо шоҳроҳи «Душанбе – Кулма» бо дарозии 16 километр, дар ноҳияи Шуғнон долони зиддитармавӣ бо дарозии 550 метр ва пули автомобилӣ бо дарозии 82,3 метр, дар шаҳри Хоруғ пули автомобилӣ дар болои дарёи Ғунд ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд.
26 август дар водии Рашт Сарвари давлат ба истифодаи роҳи автомобилгарди «Оби Гарм - Нуробод» бо дарозии 75 километр, ки пойтахтро бо марказҳои маъмурии ноҳияҳои ин минтақа мепайвандад, оғоз бахшиданд.
Дар айни замон тавассути Вазорати нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори роҳу нақлиёт ба маблағи 1 миллиарду 140 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешавад.
Соли ҷорӣ ба буёди роҳҳои автомобилгарди «Данғараб - Гулистон» (49 км) ва «Гулистон – Фархор» (29,6 км), инчунин Пули калон дар роҳи «Обигарм - Нуробод», ки дарозии он 920 метр аст, оғоз нищода шуд, ки тӯлонитарин пули автомобилӣ на танҳо дар кишвар, балки дар минтақа низ хоҳад буд.
То имрӯз баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо, ки бори авввал дар Тоҷикистон гузоронида мешавад, қариб пурра ба анҷом расидааст. Айни замон аз 5 567,9 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар тавозуни Вазорат қарор доранд, дар 5 266,3 км (ё 94,5%) маълумот дар бораи дороиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.
Дар ҷамъбасти ҷаласаи васеи ҳайати мушовара, Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим таъкид кард, ки сарфи назар аз корҳои анҷомдодашуда, дар соҳаи роҳу нақлиёт ҳанӯз камбудиҳо мавҷуданд. Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар давраи ҳисоботӣ 65 ҳазору 235 протоколро дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 117,8% - ро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи Вазир, яке аз мушкилоти асосие, ҳалли таъхирнопазирро тақозо мекунад, тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо, бахусус дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои калони кишвар мебошад, ки ба баъзе оқибатҳои манфӣ, аз қабили зиёд тӯл кашидани вақти сафар ва ба кор дер мондан, сарфи зиёди сӯзишворӣ ва ифлосшавии ҳаво, фарсудашавии воситаҳои нақлиёт ва асабонияти ронандагону мусофирон, халалдор шудани кори хадамоти фаврӣ аз қабили «ёрии таъҷилӣ» ва эҳтимолияти бархӯрди воситаҳои нақлиёт сабаб мешавад.
Сабабҳои асосии тамбашавӣ афзоиши теъдоди аҳолӣ ва шумораи воситаҳои нақлиёт арзёбӣ шуданд.
«Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута бо ин масъала машғул шавед ва оид ба тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати коҳиш додани тамбашавӣ пешниҳодҳо манзур намоед», - гуфт Вазири нақлиёти ҶТ ба роҳбарони раёсатҳои нақлиёти заминӣ, сохтмон ва хоҷагии роҳҳои вазорат, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», муассисаву корхонаҳои маҳаллии нигоҳдории роҳҳо.
Ғайр аз ин, воҳидҳои сохторӣ, муассисаҳо ва корхонаҳои дахлдор дар чунин самтҳо муваззаф гардиданд:
- дар роҳҳои истифодаи умумӣ роҳ надодан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки вазн ва андозааашон аз меъёри иҷозатдодашуда зиёд аст;
- пурра ба анҷом расонидани ҷамъоварии дороиҳои роҳ ва дар давоми як моҳ ба роҳбарияти вазорат пешниҳод намудани харитаи электронии роҳҳои мошингард;
- риоя кардани талаботи стандартҳои миллию байналмилалии сохтмони роҳу пулҳо;
- пайвасти ва мунтазам анҷом додани корҳо оид ба нигоҳдорӣ, кабудизоркунӣ, тозагӣ ва тартибот дар роҳҳои автомобилгард;
- суръат бахшидан ба тадбирҳои марбут ба рақамикунонии соҳаи нақлиёт, аз ҷумла бо истифодаи аз зеҳни сунъӣ, то охири семоҳаи аввали соли 2026 дар платформаи ягонаи рақамӣ (ПЯР) ба қайд гирифтани ҳамаи муассисаҳо, корхонаҳо ва хизматрасониҳои соҳа.
- мутобиқи низоми ягонаи иттилоотии давлатӣ SGB.net, то охири соли 2025 пурра анҷом додани гузориш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳангоми пардохти андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, аз ҷумла пардохти маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасаноҳои коммуналӣ, додани иҷозатномаҳо сертификатҳо, рухсатномаҳо, аз ҷумла рухсатномаҳо оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дафтарчаи TIR.
Дар ҷаласа муовини Сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Тоҷиддин Раҳимзода ба сухан сухан баромад. Ӯ фаъолияти соҳаро дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд ва ҷиҳати беҳтар кардани кор як қатор тавсияҳо пешниҳод кард.
Аъзои ҳайати мушовара оид ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карданд.