Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 17-10-2025 Просмотрено: 3670

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Пойтахти Тоҷикистон ба сохтмони метро дар ояндаи наздик манфиатдор аст. Дар ин бора 15 октябр муовини Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ дар ҷараёни Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2025» изҳор дошт.

Вай афзуд, ки нақшаҳои шаҳрдорӣ инчунин сохтмони роҳҳои ду ва сесатҳа, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои калонро дар бар мегиранд. «Дар ояндаи наздик, шаҳр ба бунёди минтақаҳои калони аҳолинишин, хатҳои метро, роҳҳои ду ва сеошёнаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ, корхонаҳои бузурги саноатӣ, инчунин ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ манфиатдор аст», – гуфт Шарифӣ.

***

Барои намояндагони воситаҳои ахбори омма сафари матбуотӣ ташкил карда шуд, рӯзноманигорон бо рафти татбиқи яке аз лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории кишвар – сохтмони шоҳроҳи «Обигарм — Нуробод» шинос шуданд. Дар ин бора 12 октябр АМИТ «Ховар» хабар дод.Сафари матбуотӣ аз ҷониби Бонки Осиёии рушд ташкил карда шуд. Иштирокчиёни сафар бо сифати роҳи нав шинос шуданд, аз нақбҳо ва пулҳои муосир гузаштанд, қарорҳои техникии дар сохтмон истифодашударо арзёбӣ карданд ва бо мутахассисоне, ки солҳои зиёд дар лоиҳа кор мекарданд, сӯҳбат доир намуданд.

Иттилоъ дода шуд ки аҳия ва татбиқи ин лоиҳа бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба шарофати талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Бонки Осиёии рушд, Фонди рушди байналмилалии ОПЕК, Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд имконпазир гардид.

***

Дар Тоҷикистон замимаи нави мобилии «Андозҳои ман» роҳандозӣ гардид. Ҳоло пардохти андозҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти андоз дар Тоҷикистон хеле осонтар шудааст, навиштааст «АП» 10 октябри соли равон.

Замимаро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия дар доираи созишнома дар бораи кӯмаки таъсис дод.

«Андозҳои ман» ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар формати замимаи мобилӣ мебошад. Он ба корбарон дастрасии қулай ва зуд ба маълумоти муосири андозро фароҳам меорад ва инчунин имкон медиҳад, ки андозсуроранда амалиёти асосиро бидуни ташрифи шахсӣ ба мақомоти андоз анҷом диҳад.

Интерфейс бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастрас аст. Шумо метавонед барномаро дар Google Play ё App Store зеркашӣ кунед.

***

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Худоёр барои сохтмону азнавсозии роҳҳои автолмобилгард медали соҳавии «Барои саҳми арзанда» супорид. Мукофот дар вазъияти ботантана дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли ҷорӣ, ки 15 октябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ва муовини Раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода баргазор гардид, тақдим карда шуд.

Азим Иброҳим зимни суханронии худ дар маҷдлис дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлобро назаррас ва қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам рушду тараққиёти ин шаҳри бостонӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар шаҳр корҳо оид ба таъмири асосӣ ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ тибқи «Барномаи рушди роҳҳои ободи деҳот барои солҳои 2023-2028» бомаром идома доранд ва то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба анҷом мерасанд.

ДАР МИНТАҚА

Ҳукумати Узбекистон барои роҳкиро дар роҳҳои пулакии кишвар нархнома муқаррар мекунад. Тавре ки 10 октябр Sport.uz хабар дод, дар ин бора мушовири асосии ҳуқуқии Кумитаи роҳҳои автомобилгарди назди Вазорати нақлиёти ҶУ Ҳасан Умаров изҳор дошт.

Тибқи лоиҳаи қонун, Девони вазирон усули нархгузории роҳҳои пулакӣ тасдиқ мекунад. Вазорати нақлиёт меъёрҳои ҳадди ниҳоиро муқаррар менамояд. Сармоягузор ҳуқуқ пайдо мекунад, ки андозаи пардохтро дар ин ҳудуд мустақилона муайян кунад.

Ба гуфтаи Умаров, сафар дар роҳҳои пулакӣ аз ҷарима барои радар арзонтар хоҳад буд. Вай боварӣ дорад, ки роҳҳои пулакӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки бидуни андеша дар бораи маҳдудияти суръат ба нуқтаи ниҳоӣ зудтар расанд. Дар натиҷа, сарборӣ дар роҳҳои ҷамъиятӣ кам мешавад, илова намуд ӯ.

ДАР ҶАҲОН

Президенти Русия Владимир Путин 15 октябр зимни маҷлиси машваратӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар изҳор дошт, ки 85% роҳҳои федералӣ бояд то соли 2030 ба ҳолати меъёрӣ оварда шаванд. Ин ҷаласа аз ҷониби Хадамоти матбуоти Кремл ба таври мутиқим тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат пахш карда шуд.

Муовини Сарвазири ФР Марат Ҳуснуллин, ки дар машварат ҳузур дошт, хабар дод, ки Русия аз нақшаи сохтмон ва таъмири роҳҳо 29% пеш аст. «Дар соли 2025 дар кишвар ҳадди аққал 28 ҳазор километр роҳ сохта ва таъмир карда мешавад», - гуфт Ҳуснуллин.

Қаблан, моҳи сентябри соли равон Ҳуснуллин хабар дода буд, ки дар Русия дар тӯли панҷ сол 23 ҳазор километр роҳҳои иловагӣ сохта ва таҷдид карда шуданд, навиштааст «Интерфакс».

***

Вазорати нақлиёти Русия то соли 2028 ронандагони таксиҳои худфаъолиятро аз қонун дар бораи маҳаллисозӣ хориҷ мекунад. Дар ин бора «Парламентская газета» бо истинод ба вазорат хабар медиҳад.

1 октябри соли 2025 Вазорати сеноати Русия рӯйхати аввалияи мошинҳоро нашр кард, ки пас аз эътибор пайдо кардани қонуни маҳаллисозӣ дар моҳи марти соли 2026 ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки дар такси кор кунанд. Дар байни онҳо якчанд моделҳои Lada, УАЗ, Москвич, инчунин Sollers, Evolute ва Voyah низ ҳастанд. Бисёре аз ин мошинҳо барои таксӣ корношоям ва баъзеи дигарашон хеле гарон ҳастанд, гуфтанд ба «Газета.Ru» коршиносон.

«Вазорати нақлиёт омода аст, ки мӯҳлати эътибори талаботро барои худфаъолият ҳадди аққал то соли 2028 ба таъхир гузорад», — хабар медиҳад нашрия.

***

Дар Озарбойҷон қоидаҳои нави таваққуф ва нақлиёти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда мешаванд. Дар ин бора 10 октябр Icma.az бо истинод ба сомонаи Day.az хабар дод.

Дар кишвар талаботи умумӣ ба воситаҳои нақлиёт ва иншооти инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ такмил дода мешавад. Ин масъала дар лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйирот ба қонун «Дар бораи нақлиёти автомобилӣ», ки дар ҷаласаи умумии Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуд, дарҷ гвардидааст.

Таъсиси сохтори ягона барои муайян кардани ҷойҳои ҷойгиршавӣ, насб, идора ва нигоҳдории нуқтаҳои таваққуф барои интиқоли мунтазами мусофирон имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ дар минтақаҳо баланд бардошта, меъёрҳои ягона дар саросари кишвар ҷорӣ карда шаванд.

***

Вазорати нақлиёти Латвия пешниҳод кард, ки шумораи равуои нақлиёти ҷамъиятӣ аз аввали соли 2026 кам карда шавад. Вазири нақлиёт Атис Швинка дар ҷаласаи Кумитаи хоҷагии халқи Иттиҳоди худидоракунӣ изҳор дошт, ки барои беҳдошти шабакаи нақлиёти ҷамъиятӣ такрори хатсайрҳо бояд коҳиш дода шавад. Дар ин бора press.lv 10 октябр хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, автобусҳои мактабӣ, минтақавӣ ва шаҳрӣ, инчунин қатораҳо бояд дар мувофиқа кор кунанд ва системаи ягонаи ҳаракатро эҷод созанд.

Корҳои муштарак бо худидоракунӣ оид ба маблағгузории устувори ҳамлу нақли минтақавӣ, муайян кардани сатҳи ҳадди ақали дастрасии хатсайрҳо ва таҷдиди стандартҳои сифат ба нақша гирифта шудаанд.

Соли 2026 инчунин ҷорӣ кардани формати нақлиёти ҷамъиятӣ тибқи дархост дар минтақаҳои камаҳолӣ пешбинӣ шудааст.

***

Автобусҳои байналмилалӣ дар Беларус дастрастар шудандинтиқолдиҳандагон нархҳоро паст мекунанд. Дар ин бора рӯзи 10 октябр abw.bu хабар дод.

Дар бозори интиқоли байналмилалии автобусҳои Беларус коҳиши нархҳо мушоҳида мешавад. Пас аз кушодани марз бо Лаҳистон мавҷи талаботи зиёд паст шуд, мавсими байни мавсимҳо фаро расид ва интиқолдиҳандагон ба ислоҳи нарҳо шурӯъ карданд.

Аз Гомел ба Вилнюс бо нархи 220 рубл рафтан мумкин аст ва ин аз пойтахт арзонтар аст. Аз Минск то фурудгоҳи Каунас чипта 280 рубл, то Вилнюс 230 рубл аст. Масири Вороново-Вилнюс 210 ҳамагӣ рубл арзиш дорад.

Сафарҳо ба Лаҳистон дар байни самтҳои аврупоӣ дастрастарин боқӣ мемонанд. Интиқолдиҳандагон барои ҷалби мусофирон нархҳоро фаъолона паст мекунанд. Ба Белосток аз Минск бо нархи 105 рубл расидан мумкин аст. Ба Варшава нархи чиатаҳоаз 115 рубл шуруъ мешавад.

***

Дар роҳҳои Беларус аломатҳои STOP насб карда шуданд. Ин аломати махсус, аз ҷумла, дар буриши роҳи М10 ва роҳи Р124 дар вилояти Гомел пайдо шуд.

Ин аломат як қисми системаи зеҳнӣ мебошад, ки вазъиятро дар роҳи асосӣ назорат мекунад. Система бо ёрии сенсорҳо мошинҳоро дар роҳи асосӣ мебинад. Агар мошине ҳаракат кунад, аломат бо чароғи сафеди дурахшон равшан мегардад ва дар лавҳаи иттилоотӣ навиштаҷоти «Диққат! Истед! Роҳ диҳед!» пайдо мешавад. Ҳамин ки воситаи нақлиёт гузашт, маяк хомӯш мешавад ва шумо метавонед оромона ҳаракат кунед.

***

Дар Русия ислоҳоти ОСАГО гузаронида мешавад барои ронандагон чӣ тағйир меёбад? Думаи давлатии Федератсия Русия ба таҳияи ислоҳоти нав ба қонун дар бораи ОСАГО (суғуртаи ҳатмии масъулияти ронанда дар назди шахсони сеюм) шурӯъ кард. Дар ин бора 10 октябр M24.ru хабар дод.

Аз ҷумла, мақомот мехоҳанд, ки дар сурати зарурат ба ронандагон барои таъмири мошинҳо маблағи иловагӣ пардохт кунанд.

Илова бар ин, рӯйхати муассисаҳои ҳатми бекор карда мешавад. Дар Думаи Давлатӣ чунин мешуморанд, ки ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки шумораи баҳсҳои судӣ байни зарардидагон ва суғуртакунандагон кам карда шавад.