Дар пойтахти Тоҷикистон истифодаи «самокатҳо»-и барқӣ, «скутерҳо»-и барқӣ ва дигар воситаҳои ҳаракати инфиродӣ дар дохили шаҳр то соли 2030 манъ карда шуд. Дар ин бора Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор имзо карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии (МИҲД) шаҳри Душанбе.
«То соли 2030 истифодаи мотороллерҳои барқӣ, велосипедҳои барқӣ ва дигар воситаҳои ҳаракати инфиродӣ, ба истиснои воситаҳои мобилии инфиродӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, дар роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои пиёдагард дар дохили шаҳри Душанбе, ба истиснои минтақаҳои махсусгардонидашуда, муваққатан манъ аст», - шарҳ доданд дар МИҲД.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохирии ҶТ, қарори мазкур ба мубориза бо истифодаи беназорати «самокатҳо» ва «скутерҳо»-и барқӣ, коҳиш додани шумораи садамаҳо бо иштироки онҳо, пешгирии халал расонидан ба ҳаракати муқаррарии воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ равона карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар натиҷаи амалиети 10-рӯзаи «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» дар пойтахт БДА-и шаҳри Душанбе беш аз 1,3 ҳазор ронандаро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима кард.
РВКД шаҳри Душанбе хабар дод, ки 60 ронандаи велосипреду мотороллерҳои барқӣ барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима шудаанд. Нисбат ба онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои ҳаракаташон ба марказҳои нигоҳдории муваққатӣ интиқол дода шудаанд. Имсол дар Тоҷикистон дар 140 садама бо иштироки мотосиклу велосипед ва скутерҳо 51 нафар ҳалок ва 122 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Таҳлили садамаҳои нақлиётӣ нишон дод, ки сабабҳои асосии чунин садамаҳо беэҳтиётии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҳадди иҷозатдодошуда зиёд кардани суръати ҳаракат,баромадан ба хати муқобил, инчунин идоракунии мотосиклу велосипед ва «самокат»-у «скутерҳо»-и барқӣ аз ҷониби ноболиғон мебошанд. Ҳолатҳое, ки наврасон чунин воситаҳои фардии ҳаоракатро бе назорати калонсолон ва бе истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ идора мекунанд, ташвишоваранд.
«Маҳдудият пеш аз таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои бехатар истифода бурдани чунин воситаҳои нақлиет амал хоҳад кард», - гуфтанд дар мақототи корҳои дохилӣ.
Дар робита ба маҳдудиятҳои ҷорӣ, ба шаҳрвандон, бахусус волидони ноболиғон тавсия дода мешавад, ки кӯдакону наврасонро беназорат нагузоранд ва аз истифодаи воситаҳои нақлиети манъшуда худдорӣ кунанд.