Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.
ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад. Аз 8 то 12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе чорабиниҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.Дар ин рӯзҳо ташрифи меҳмонони зиёд аз хориҷи мамлакат дар назар дошта шудааст.
Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, дар ин рӯзҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри рафтуомади меҳмонон маҳдуд карда мешавад.
Масъулини раёсат ба диққати ронандагон мерасонанд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд ва ҳамзамон аз таваққуфи воситаи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ худдорӣ намоянд.
***
Дар моҳҳои январ-августи соли 2025 ҳаҷми мусофиркашонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба анзозаи 10,2 фоиз зиёд шудааст. Яъне, тавассути ҳама намуди нақлиёт ба зиёда аз 695,3 миллион нафар мусофирон хизмат расонида шудааст. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Агентии омор, давоми 8 моҳи соли 2025 мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим бозидааст. Ин аст, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳама намуди нақлиётро ташкил медиҳад.
Дар ин давра инчунин бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 679,7 миллион мусофирон кашонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,4 фоиз зиёд аст.
***
Дар роҳҳои байни шаҳрҳои Тоҷикистон бо мақсади кам кардани шумораи садамаҳои нақлиётӣ радарҳо насб карда шуданд. Радарҳо ва камераҳои муосири назоратӣ аллакай дар шоҳроҳҳои аз ҷиҳати садамнокӣ хатарноктарин, масалан, аз Душанбе ба самти Ҳисор, Ваҳдат, Бохтар ва ғайра кор мекунанд. Дар ин бора 4 октябр «АП» бо истинод ба иттилоияи лоиҳаи NERU хабар додааст.
Ин тадбирҳо дар доираи лоиҳаи NERU, ки ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ ва кам кардани шумораи садамаҳои нақлиётӣ равона шудааст, амалӣ карда мешаванд.
Радарҳо ва камераҳои насбшуда суръати баланди ҳаракат, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат ва дигар қоидавайронкуниҳои хатарнокро сабт мекунанд. Маълумоти ҷамъоваришуда имкон медиҳад, ки на танҳо ба ҳодисаҳо зуд вокуниш нишон дода шавад, балки сабабҳои садамаҳоро ба таври системавӣ таҳлил карда, инфрасохтори бехатарро ташкил дода шавад.
Лоиҳаи NERU дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад ва ба рушди тадбирҳои «ҳушманд» барои нақлиёт, эҷоди экосистемаи муосири бехатарии роҳ равона шудааст. Мақсади асосии лоиҳа тарбияи фарҳанги ронандагии масъулиятнок мебошад. Технологияи муосир ба ронандагон кӯмак мекунад, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя ва ҳушёриро бештар кунанд ва ҳаёти худ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зенри хатар нагузоранд.
***
Дар ноҳияи Нуробод бузургтарин пули автомобилии Тоҷикистон сохта мешавад.Дар ин ҷо бунёди пули автомобилӣ бо дарозии 920 метр ва паҳноии 15 метр оғоз ёфт, хабар медиҳад 21 сентябр АМИТ «Ховар».
Сохтмони пули болои дарёи Сурхоб дар давоми ду сол ба нақша гирифта шудааст. Он ду соҳили обанбори Роғунро бо ҳам мепайвандад ва унсури калидии инфрасохтори нақлиётии водии Рашт мегардад.
Лоиҳаи сохтмони пул дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Оби Гарм – Нуробод» амалӣ карда мешавад ва ба стандартҳои байналмилалии сохтмони роҳ мувофиқат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 26 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва нақшаҳои сохтмонии пул шинос шуданд. Ба истифода додани пули калонтарин дар Тоҷикистон барои беҳтар кардани алоқаи нақлиётӣ дар минтақа, баланд бардоштани самаранокии логистикаи саноатӣ ва васеъ кардани хатсайрҳои сайёҳӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ барои аҳолии маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.
***
Дар ноҳияи Шуғнон корхонаи нави асфалтбетонӣ ифтитоҳ карда шуд. Дар деҳаи Бердибекободи ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи нави асфалтбетонӣ бо арзиши беш аз 2,8 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.Дарин бора МИҲД ВМКБ хабар медиҳад.
Корхона истеҳсоли асфалтро, ки барои таъмир ва навсозии роҳҳои минтақа зарур аст, таъмин мекунад. Дар марҳилаи аввал диққати асосӣ ба таъмири кӯчаҳои марказии шаҳри Хоруғ равона карда мешавад, пас аз он таҷдиди роҳҳо дар дигар ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст.
***
Дар Тоҷикистон бақайдгирии молҳо ва воситаҳои нақлиёт тавассути низоми «ASIKUDA» ба роҳ монда шуд. Шуруъ аз 1 октябри соли 2025 бақайдгирии молҳои воридотӣ ва содиротӣ, инчунин воситаҳои нақлиёт тавассути системаи иттилоотии мақомоти гумруки «ASIKUDA» амалӣ карда мешавад, хабар дод Маркази матрбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин навгонӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои рақамикунонии иқтисодиёт роҳандозӣ гардид ва ба мутобиқсозии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ равона карда шудааст.
Системаи «ASIKUDA» технологияҳои муосири рақамӣ, аз ҷумла унсурҳои зеҳни сунъиро муттаҳид мекунад ва имкон медиҳад, ки равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ суръат бахшида, шаффофият ва самаранокии кори мақомоти гумрук баланд бардошта шавад.
ДАР МИНТАҚА
Аз 1 октябри соли 2025 дар Узбекистон қоидаҳои нав барои мопедҳо ва скутерҳо эътибор пайдо мекунанд. Минбаъд барои идора кардани мопедҳо ва скутерҳо шаҳодатномаи ронандагӣ лозим аст, хабар медиҳад Gazeta.uz.
Мопедҳо ва скутерҳо бояд ҳатман ба қайди давлатӣ гирифта, бо нишонаҳои рақамӣ муҷаҳҳаз карда шаванд ва онҳоро танҳо дар сурати мавҷуд будани шаҳодатномаи ронандагии категорияи «A» идора кардан мумкин аст.
Ин талабот ба мопедҳо ва скутерҳо ҳаҷми муҳаррикашон аз 25 то 50 см мукааб ва ё муҳаррики барқӣ бо иқтидори аз 0,25 то 4 кВт ва суръати баланди ҳаракат аз 25 то 50 км/соат дахл дорад.
***
Дар Узбекистон ронандагон барои бе истироҳат рондани воситаи нақлиёт то 2,8 миллион сӯм ($231,8) ҷарима баста мешаванд. Инчунин аз мансабдорони роҳи оҳан ва метро барои вайрон кардани талаботи бехатарӣ ҷарима ситонида мешавад.
Сенати Узбекистон 4 сентябр лоиҳаи қонунро дар бораи пурзӯр кардани масъулият барои қонуншиканиҳо дар соҳаи нақлиёт тасдиқ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти палатаи болоии Олий Маджлис хабар дод.
Ҳуҷҷат барои пурзӯр кардани назорати риояи талабот ба хизматрасониҳои нақлиётӣ ва баланд бардоштани масъулияти интиқолдиҳандагон пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки ин тадбир сифати хизматрасониҳои нақлиётро беҳтар ва бехатарии мусофирон ва борҳоро таъмин кунад.
***
Аз 1 октябри соли 2025 дар Қирғизистон ронандагон барои набастани тасмаи бехатарӣ ба таври автоматӣ (худкор) ҷарима баста мешаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти департаменти амнияти ҳаракати роҳҳои ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон хабар дод.
Маҷмӯаҳои дастгоҳӣ-барномавӣ, ки дар доираи лоиҳаи «Кишвари бехатар» ҷорӣ карда шудаанд, аз 1 октябри соли 2025 ба таври худкор ронандагон ва мусофиронеро, ки тасмаи бехатариро истифода намебаранд, ба қайд мегиранд. Ин иқдом ба баланд бардоштани бехатарии роҳҳо, беҳтар кардани фарҳанги иштирокчиёни ҳаракат ва пешгирии қонуншиканиҳо равона шудааст.
Ба туфайли технологияи муосири назоратӣ акс ва видеои қонуншиканиҳо акнун бе иштироки нозирон сабт карда мешаванд ва гунаҳкорон 1000 сомонӣ ($11,4) ҷарима месупоранд.
***
Дар Қирғизистон сохтмони нақбҳои калонтарин дар роҳи «Барскоон – Бедел» оғоз пазируфт. Ин нақбҳо дар роҳи зикршуда дар ҳудуди вилояти Иссиқкӯл сохта мешаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Девони вазирони ин кишвар хабар дод, иттилоъ додааст 28 сентябр Economist.kg.
Тибқи лоиҳа, дар гузаргоҳи Сөөк нақби дарозиаш 5 340 м ва дар гузаргоҳи Ашуу-Суу нақб бо дарозии 3 840 м бунёд карда мешаванд. Инҳо яке аз тӯлонитарин ва аз ҷиҳати техникӣ мураккабтарин нақбҳо дар таърихи Қирғизистон хоҳанд буд.
Дар роҳи «Барскоон – Бедел» инчунин сохтмони пулҳо, долонҳои зиддитармавӣ ва деворҳои муҳофизатӣ аз сангпартоӣ ва ҷараени сел пешбинӣ шудааст. Дарозии умумии роҳ тақрибан 150 км хоҳад буд.
Роҳи байналмилалии «Барскоон – Бедел» ҳамчун унсури калидии рушди алоқаи нақлиётӣ ва логистикии Қирғизистон бо кишварҳои минтақа арзёбӣ мешавад.
ДАР ҶАҲОН
Тоҷикистон ба ояндаи ҳамкорӣ бо Беларус дар соҳаи нақлиёт ва логистика хушбин аст. Чунин изҳор дошт Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Кохир Расулзода 29 сентябр зимни суханронӣ дар ҷаласаи умумии Намоишгоҳи байналмилалии «ИННОПРОМ-Беларус-2025» дар Минск.
Сарвазир зикр кард, ки Тоҷикистон ба ояндаи ҳамкорӣ бо Беларус, бахусус дар соҳаҳои табодули технология, таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика хушбин аст.
Вай инчунин аз сармоягузорон даъват кард, ки лоиҳаҳо ва барномаҳои навро дар Тоҷикистон татбиқ намуда, аз имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, ки 110 номгӯйро дар бар мегиранд, инчунин шароити мусоиди кор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истифода баранд.
***
Гурҷистон барои рушди долони нақлиётии «Шарқ–Ғарб» қарз мегирад. Бонки Осиёии рушд (БОР) барои сохтмони роҳи нави «Батуми – Сарпӣ» дар марз бо Туркия, ки як қисми шоҳроҳи «Шарқ-Ғарб» аст, 360 миллион доллар қарз пешниҳод намуд. Дар ин бора расонаҳои Гурҷистон хабар медиҳанд.
Шоҳоҳи автомобилгарди «Шарқ-Ғарб» ё роҳи транзитии аврупоии Е-60 дуввумин долони транзитии аврупоӣ мебошад, ки аз Брест (Франсия) оғоз ёфта, дар Иркештам (Қирғизистон) ба анҷом мерасад. Қисми 11-километрӣ, ки роҳи атрофи Батумиро бо нуқтаи сарҳадии Гурҷистону Туркия дар Сарпи мепайвандад, тибқи стандартҳои шоҳроҳи Трансаврупоӣ сохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 байни Тоҷикистону Гурҷистон созишнома дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расида буд. Ҳуҷҷат интиқоли борҳои дуҷониба ва транзитӣ, аз ҷумла алоқаи нақлиётӣ ба кишварҳои сеюм ё аз кишварҳои сеюмро дар асоси рухсатномаҳои тибқи квота мубодилашаванда пешбинӣ мекунад. Шумораи ин рухсатномаҳо ҳар сол аз ҷониби тарафҳо мувофиқа карда мешавад.
***
Эрон ҷиҳати сохтмони роҳи оҳани «Рашт – Астара» дар доираи татбиқи лоиҳаи долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» барои Русия тақрибан 34 километр қитъаи замин ҷудо кард. Дар ин бора Вазири роҳҳо ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Фарзона Содиқ хабар дод, навиштааст 27 сентябр «Вести.RU».
Русия ва Эрон соли 2023 дар бораи сохтмони охирин қитъаи зарурии роҳи оҳани мазкур дар қаламрави Эрон созишнома имзо карданд. Долони нақлиётии «Шимол–Ҷануб» як масири мултимодалист, ки аз Санкт-Петербурги Русия то бандари Мумбайи Ҳиндустон тӯл кашидааст. Дарозии долон 7,2 ҳазор километрро ташкил медиҳад.
***
Қоидаҳои вуруд ба кишварҳои Аврупо тағйир меебанд. Аз 12 октябри соли 2025 дар Иттиҳоди Аврупо тағйироти муҳим ба амал меоянд, ки раванди убури сарҳадро барои шаҳрвандони кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо, Минтақаи иқтисодии аврупо ва Швейтсария ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Дар ин бора Us-ak.com. хабар медиҳад.
Агар қаблан тасдиқи асосии убури сарҳад штампҳои маъмулии шиноснома буданд, акнун онҳо пурра бекор карда мешаванд ва ба ҷои онҳо системаи биометрикии муосири EES (Entry/Exit System) оғоз меёбад, ки сабти вуруд ва баромадро автоматӣ мекунад.