Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Туркия

Санаи нашр: 24-12-2021 Просмотрено: 873

Рӯзҳои 23-24 декабри соли 2021 ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Туркия оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ба таври ҳузурӣ доир гардид.

         Ҳайати Туркияро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим ба ҳузур пазируфта, бо вохӯрии арзи адаб меҳмононро хайрамақдам намуданд.

         Зимни ҷаласа ҳайатҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ва инфрасохтори Ҷумҳурии Туркия  масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, масъалаҳо вобаста ба рухсатномаҳо барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, табодули таҷриба дар татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёт ва дигар масъалаҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

         Бо мубодилаи маълумот оид ба нишондиҳандаҳои омории боркашонӣ дар соли 2021 қайд гардид, ки новобаста аз таъсири манфии пандемеяи COVID-19, соли ҷорӣ байни ду кишвар интиқоли борҳо нисбат ба соли 2021 зиёд шуда, 119%-ро ташкил менамояд. Бо назардошти ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади истифодабарии иқтидорҳои тиҷоратӣ ва зиёд намудани гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркия, ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкориҳо ва роҳандозӣ намудани низоми интиқоли мултимодалӣ, инчунин кушодани долонҳои нақлиётӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ менамоянд. 

         Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи Комиссияи мазкур лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамлу нақли омехтаи борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта шуда, матни ниҳоии он аз тарафи роҳбарони ҳайатҳо парофгузорӣ карда шуд.