Имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи роҳу нақлиётро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.
Дар зер матни табрикоти Вазир пешниҳод мегардад.
Дӯстони азиз, ҳамкорони гиромӣ,
Ҳамаи шумо ва дар симои шумо тамоми ҳамватанонамонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории мо мебошад, табрику таҳният мегӯям!
5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва забони тоҷикӣ, баъд аз ҳазор сол аз нав ба маснади баланди забони давлатӣ нишонда шуд. Забони мо боз мақоми олӣ гирифт, забони сиёсат, қонунгузорӣ, маориф, фарҳанг, илм, техника, таҳсил, забони коргузорию номгузорӣ гардид ва тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Забони миллии мо симо ва пайкари миллат шуд».
Зиёда аз ҳазор сол пеш, дар давраи Сомониён забони тоҷикӣ чунин мақоми баланд дошт, дар ҳама соҳаҳо амал мекард ва яке аз забонҳои маъруфу муқтадири ҷаҳон гашта буд. Ин забон дар қалмрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва қисмате аз Покистону Ҳиндустону Чин ва Қафқоз ба ҳайси забони расмӣ истифода бурда мешуд. Ҳатто хилофати араб фатво дода буд, ки Қуръон ба забони тоҷикии форсӣ тарҷума карда шавад ва ин нахустин тарҷумаи Китоби муқаддаси мусалмонҳо маҳсуб меёфт ва аз рӯи он иҷозати намоз гузоштан содир шуда буд.
Воқеан, ба Рӯзи мавлуди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омадани Рӯзи забони давлатӣ то ҷое рамзист, зеро забони тоҷикии форсӣ забони бузургу фарогир будани худро дар ду давраи таърихӣ собит намудааст – аввал дар аҳди Сомониён ва сипас дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҳз бо ибтикори бевосита ва кӯшишу талошҳои пайгирона, ҷасурона ва ватандӯстонаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ қонуну қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд, ки дар рушду тараққӣ ва такомули забони тоҷикӣ нақши калидӣ гузоштанд.
Аввалан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба мақоми роҳбарӣ расидан тақдири давлату миллат ва забони давлатиро ба ҳам тавъам арзёбӣ намуда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом доштанд. Бори аввал дар таърихи миллат соли 1993 дар баландтарин минбари ҷаҳон – Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Пешвои миллат забони тоҷикӣ садо дод ва, хушбахтона, то ба имрӯз аз ин минбар қариб ҳамасола ин забон садо медиҳад ва Сарвари давлати тоҷикон аз ин минбари баланд ба мардуми сайёра паём мефиристанд, доир ба мушкилоти умдаи инсоният ва роҳҳои ҳалли онҳо назари хешро баён месозанд.
Ғояти камоли забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи асару мақолаҳои Пешвои миллат, аз ҷумла китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» завқи забондонию забономӯзиро дар дили хурду калон, пиру барно бедор кард. Дар қалби кӯчаки кӯдакону наврасон шуълаи тобноки муҳаббати самимона ба забони модарӣ фурӯзон шуд ва дигар муҳол аст, ки боду борони рӯзгорон ин шуълаи муҳаббату самимиятро хомӯш гардонад.
Ба хусус, ҷилдҳои аввалу дувуми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», ки саргузашти забони модарии моро бо ҳама шебу фароз ва комгорию нокомиҳои он аз замони ташаккул то ибтидои асри XX дар бар мегирад, дастури хуби омӯзиши таърихи забон барои дӯстдорону алоқамандони забони модарист.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ танини ҷонбахши забони модарии мо, забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Бедилу Аттор, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Камоли Хуҷандӣ, АйнивуТурсунзода дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги бостонии тоҷикон дарак дод.
Муносибат ба забони тоҷикӣ комилан тағйир пазируфт ва сатҳи забондонии аҳли ҷомеа тадриҷан боло рафт. Забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма беҳтар гардид ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳоти мамлакат тамоман дигаргун шуд.
Бори нахуст дар таърихи нави давлатдории Тоҷикистон бо салоҳдиди Пешвои миллат Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълифу дифои рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ барои ба пояи забони илми муосир расидани забони мо роҳ боз намуд.
Эҳёи номҳои аслии таърихӣ ва номгузорӣ ба мавзеу маҳалҳое, ки бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макон кардани қавму қабилаҳои кӯчӣ табдили ном кардаанд, аз иқдомҳои дигари муҳимми Пешвои миллат дар роҳи рушду таҳкими забон ва эҳёи худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2007, соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон гардид ва якҷо бо 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашн гирифта шуд.
«Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва амсоли инҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳастанд, ки бо ибтикороту пешниҳодоти Сарвари давлат қабул гардидаанд.
Қобили ёдоварист, ки академик, забоншинос ва адабиётшиноси маъруф, устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣба заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, кору амали Пешвои миллатро бо талошҳои устод Айнӣ қиёс намуда, гуфта буд: «Талошҳои Айнӣ ва пайравони ӯ ранги хусусӣ дошт, талоши шахсӣ буд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон он талошҳои хусусии Айнӣ ва пайравонашро ба сатҳи давлатӣ бардоштанд».
Дӯстони гиромӣ, ҳамкорони арҷманд,
Мо бояд шукргузор бошем, ки истиқлолияти комил дорем ва забони модариямон мақоми давлатиро соҳиб аст. Вазифаи ҳар яки мост, ки забони давлатиамонро, ки забони модариамон аст, чун гавҳараки чашм ҳифз ва қадру эҳтиром намоем, барои тарғибу ташвиқ ва рушди бештари он саҳм гузорем, онро тоза нигоҳ дорем.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад».
Фаромӯш набояд кард, ки муошират бо забони адабии тоҷикӣ, риояи қоидаҳои он дар гуфтору навиштор қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо буда, омили нахустини ҳифзи он ба ҳисоб меравад.
Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон табрик менамоям ва дар роҳи ҳимоя ва рушди забони давлатиамон – забони тоҷикӣ бароятон муваффақият мехоҳам!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!