Бо ташабусси Кумитаи Иттифоқи касабаи роҳу нақлиёти ҶТ ва Дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт рўзи 26-уми декабри соли равон барои кудакони кормандони соҳаи нақлиёт дар Театри давлатӣ ва академии опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ намоиши солинавӣ доир гардид. Намоиш аз табрикоти Бобои барфию Барфак, шеърхонии кудакон, саҳнача ва рақсу бозиҳо иборат буд, ки хеле дилчаспу писанди тамошобинон гардида буд. Кудакон пас аз тамошои барнома аз ҷониби иттифоқҳои касаба туҳфаҳои солинавӣ гирифтанд.
Волидон барои дастгириҳои пайваста ва чунин чорабинии бошукўҳ ба ташкилкунандагони чорабинӣ минадории хешро байён доштанд.