Хабарҳо

Blog

Ҳамоиши маҷозии вазирони нақлиёти кишварҳои ИДМ

Санаи нашр: 24-12-2021 Просмотрено: 940

      Ҷаласаи 41 - уми Машварати ҳамоҳангсозии нақлиёти кишварҳои узви ИДМ рўзи 22 декабри соли равон тариқи маҷозӣ бо иштироки  роҳбарияти вазорату идораҳои нақлиётии кишварҳои ИДМ доир гардид, ки  Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим низ дар он иштирок ва суханронӣ намуд.

           Дар ҷаласа масоили ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту роҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиёни ҷаласа таклифу пешниҳодҳои худро оид ба густариши ҳамкориҳои минбаъда ироа доштанд.

     Вазири нақлиёти Тоҷиикистон Азим Иброҳим ҳамтоёни худро бо 30 – солагии таъсисёбии ИДМ ва ташкили ҷаласаи ҳамҳоангсозии нақлиётӣ табрик гуфта, оид ба вусъат додани ҳамкориҳои минбаъда таклифҳо пешниҳод ва масоили  истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои интеллектуалии нақлиёт барои иртибототи байналмилалиро  муҳим арзёбӣ кард. Ў ҳамчунин иброз дошт, ки барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо фаъолгардонии долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва кушодани долнҳои мултимодалӣ айни мудао мебошанд.  

   Иштирокчиёни дигар низ оид ба густариши ҳамкориҳо ва беҳтар кардани шароити ҳамлу нақли байналмилалӣ таклифҳои судманд баён карданд.